Дар Тоҷикистон 88 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 4,7 млрд доллар амалӣ мешаванд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон 88 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 49,6 млрд сомонӣ (4,7 млрд доллар) мавриди амалишавӣ қарор доранд.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, онҳо аз ҷумла, аз 53 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 30 лоиҳа бо маблағгузории омехта (грантҳо + қарзҳо) иборатанд.

Ҳаҷми умумии маблағгузории бебозгашт дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда ба 33,6 млрд сомонӣ (3,1 млрд доллар), қарзҳо – 14, 5 млрд сомонӣ (1,4 млрд доллар), ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 1,4 млрд сомонӣ (135 млн доллар), сарчашмаҳои маҳаллӣ (корхонаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимият, ҷамоатҳо) – 83,1 млн сомонӣ (7,8 млн доллар) баробар аст.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар доираи ин лоиҳаҳо 2,9 млрд сомонӣ (273 млн доллар) маблағҳо азхуд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод, ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар нимсолаи аввал ҳудуди 9,6 млрд сомониро ташкил додааст, ки 15,7% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ (воситаҳои асосӣ), аз ҷумла маблағгузорӣ ба сохтмони бинову иншооти нав, таъмиру навсозии корхонаҳои амалкунанда, харидории мошину таҷҳизот, асбобу лавозимот, анҷоми корҳои лоиҳакашиву таҳқиқотӣ ва дигар хароҷот мебошад.

Дар сохтори маблағгузориҳои асосӣ 45,3%-ро маблағҳои давлат, 34,8%-ро хусусӣ, 19,3%-ро сармоягузориҳои хориҷӣ ва 0,6%-ро маблағгузориҳои муштарак ташкил медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...