Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар соли 2025 ба андозаи 281,9 млн сомонӣ (25,8 млн доллар) зиёд шуда, 473 млн сомонӣ (43,3 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи 24 декабр раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар иҷлосияи 22-юми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ хабар дод.

Зимни ҷаласа таъкид шуд, ки тайи 3 соли ахир ба иқтисоди минтақа зиёда аз 5 млрд сомонӣ (457 млн доллар) маблағ ҷалб шуд, ки 3 млрд сомонӣ (274 млн доллар)-и он тариқи форуми “Помиринвест” ворид шудааст.

Дар ин давра дар ВМКБ сохтмони 892 иншоот ба маблағи 1,2 млрд сомонӣ (109,8 млн доллар) ба итмом расонида шудааст. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ба 300 млн сомонӣ (27,4 млн доллар) расидааст, ки 89 млн сомонӣ (8,1 млн доллар) зиёдтар нисбат ба як соли пешин мебошад.

Дар иҷлосияи ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муҳими зерсохтории мавриди амал дар минтақа, аз ҷумла сохтмони қитъаи роҳи мошингарди  Душанбе – Хоруғ – Кулма, пул дар Хоруғ, роҳи автомобилгард дар ноҳияи Шуғнон ва неругоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа баррасӣ шуд. Маблағи умумии ин лоиҳаҳо ба 3,7 млрд сомонӣ (338,4 млн доллар) баробар аст.

Раиси минтақа муҳим будани тақвияти кори идеологӣ ва ҷалби ҷомеа, бахусус ҷавонон, масоли бунёди иншооти нав ва ободони минтақаро таъкид кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.