Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, раисони ҷумҳури Тоҷикистону Русия бар хилофи интизориҳо дар бораи муҳоҷират ҳарфе садо надод ва сухане гуфта шуда бошад ҳам он расонаӣ нашуд.

Тавре хадамоти матбуотии президентони ду кишвар хабар доданд, дар вохӯрии дирӯза Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар бораи афзоииши додугирифт байни ду кишвар, зиёд кардани квота барои донишҷӯёни тоҷик, афзоиши омӯзгорони рус дар Тоҷикистон ва амният дар минтақа суҳбат карданд.

Нахуст Владимир Путин аз додугирифт миёни ду кишвар тавсиф карда гуфтааст, тиҷорат миёни ду кишвар зиёд мешавад.

Ӯ гуфт, минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия мустақиман бо ҳамдигар ҳамкорӣ доранд, ки ин хуб аст.

Раисҷумҳури Русия ҳамчунин ба фаъолияти филиали донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ишора карда, аз ифтитоҳи мактабҳо дар Тоҷикистон бо омӯзиши забони русӣ ва зиёд шудани омӯзгорони рус дар ин кишвар истиқбол кардааст.

“Дар соли 2025 Русия теъдоди омӯзгорони худро дар Тоҷикистон аз 72 ба 82 нафар афзоиш хоҳад дод. Медонам, ки шумо ҳамеша моро танқид мекунед, муаллимони русӣ хеле каманд ва китобҳои дарсӣ намерасанд. Ман бо шумо комилан розӣ ҳастам”, – гуфтааст Владимир Путин.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки ба ҷуз мактабҳое, ки аз сӯи Русия сохта шудаанд, инчунин дар кишвар 4,5 ҳазор мактаб забони русиро таълим медиҳанд.

Президенти Русия ҳамчунин гуфт, Маскав барои донишҷӯёни тоҷикистонӣ солона то ҳазор квота барои таҳсил ҷудо мекунад ва ин шумораро бештар хоҳад кард.

“…шаҳрвандони Тоҷикистон бештарин квота барои таҳсил дар Федератсияи Русия – 1000 нафар ҷудо карда шудааст. Мо онро (теъдоди квотаро, – аз идора) мунтазам зиёд мекунем ва омодаем, ки дар оянди наздик боз онро бештар кунем”, – илова кардааст Путин.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки ду кишвар дар заминаи амният дар арсаи байналмилалӣ ҳамкориҳои созанда доранд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки амният дар минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро низ нигарон кардааст.

Ӯ илова крадааст, ки то поёни соли 2024 Русия ба шарики аслии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ монда, миёни ду кишвар гардиши мол қариб 20% афзоиш ёфтааст.

"Гардиши мол миёни ду кишвар 19,8% афзун гардида, ҳаҷми он ба 1,79 миллиард доллари амрикоӣ баробар шудааст”,-навиштааст хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Ӯ аз ҳамтоаш барои ҷудо кардани маблағ барои сохтмони мактаби русӣ дар Душанбе ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский изҳори сипос карда, гуфт, “ин барои мо хеле муҳим аст”.

Вале ҳам дар наворҳо ва ҳам дар хабарномае, ки сомонаи президенти Тоҷикистон нашр кардааст, ҳарфе дар мавзӯи муҳоҷирон нест. Ё агар суҳбат ҳам шуда бошад он ҳадди аққал расонаӣ нагардид.

Ҳарчанд, Юрий Ушаков, ёвари Владимир Путин гуфта буд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон шоми 24-уми декабр бо раисҷумҳури Русия дар Ленинград вохӯрда, мавзӯи муҳоҷират ва вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки баъди ҳадисаи “Крокус”, ки дар он 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари асосӣ боздошту ба ҳабс гирифта шуданд, фишору азият болои муҳоҷирони кории тоҷик давоми сол якбора авҷ гирифт. Онҳоро дар фурудгоҳҳои Русия соату ҳатто рузҳо нигоҳ медоштанд ва баъди тафтиши мушикофона чанд нафари онҳоро ба дохили Русия роҳ дода, аксари онҳоро дубора ба Тоҷикистон ихроҷ мекарданд.

Вазъ дар дохилӣ Русия ҳам нигаронкунанда аст. Ҳамрӯза мақомоти қудратӣ ба ҷои кору хоби муҳоҷирони кории тоҷик ворид шуда, онҳоро бидуни шарҳ боздошту ихроҷ мекарданд.

Қонунгузории муҳоҷират ҳам рӯз аз рӯз сахттар ва ин ҳоли муҳоҷирон, махсусан тоҷикон дар ин кишвар вазнинтар мекунад.

Ҳарчанд қаблан, мақомоти Тоҷикистон, махсусна Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба чунин амалҳо ба мақомоти алоҳидаи Русия вокуниш карданд, вале вазъ тағйир наёфт.

Ҳоло ҳама интизорӣ он буданд, ки ба ин масъала Эмомиалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ мекунад ва дар мулоқот бо Владимир Путин онро дар миён мегузорад.

Бояд гуфт, ки имрӯз, 25-уми декабр, мулоқоти анъанавии ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад. Ҳамасола дар моҳи октябр ва декабр ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои ИДМ дар Русия баргузор мешавад. 

Зимнан, соли оянда раёсати ИДМ ба Тоҷикистон гузашт ва дар доираи он чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.