Ҳалокати 30 кас дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон дар як сол

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

 

Соли гузашта дар натиҷаи 48 ҳодисаи нохӯш (соли 2023-юм 44 ҳодиса) дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон 30 нафар ба ҳалокат расида, 26 каси дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин бора Раҳим Санъат Асо, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. 

Ӯ гуфт, сабаби асосии ҳодисаҳои нохуш “бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беаҳмиятии коргарон ҳангоми кор, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор, риоя накардани технологияи коркарди кон" мебошад.

Масъулини ин ниҳод гуфтанд, ки дар пайи ин ҳодисаҳо, 27 шахси мансабдор 5 шахси воқеӣ ва 7 шахси ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ маъмурӣ кашида шудаанд. Маблағи умумии ҷарима нисбати масъулин  1,8 млн сомонӣ мебошад. 

Сардори ин ниҳод гуфт, ба 56 зарардидаи ҳодисҳои нохуш, аз ҷумла ба оилаи 30 фавтида дар маҷмуъ, ба маблағи 8,8 млн сомонӣ кумак расонида шудааст.

Ба гуфтаи Санъат Асо, соли гузашта Хадамот 270 назорати техникӣ гузаронида, дар рафти ин санҷишҳо 3500 ҳолати вайронкунии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ошкор кардааст.

Дар пайи ин ҳолатҳо, 340 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ҳамаи онҳо дар умум бо маблағи 1,6 млн сомонӣ ҷарима шудаанд.

 

Ҷузъиёти фавти коргарон дар НБО “Роғун”

Дар идомаи нишаст, Санъат Асо аз анҷоми санҷиши ҳодисаи ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун” хабар дод. Ӯ сабабҳои ин ҳодисаро риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз тарафи коргарон унвон кард. 

Сардори Хадамот гуфт, ки дар пайи ҳодисаи НБО "Роғун" нисбати ду нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба таъкиди роҳбари ин ниҳод, ҳарчанди гуноҳи худи кормандон буд, вале шахси муттасаддӣ – муҳандис бояд назорат ва риояи қоидаҳоро талаб мекард.

Ба гуфтаи Санъат Асо, ниҳоди онҳо хулосаи техникии худро дар ин маврид дар ҳаҷми 500 саҳифа омода карда, ба Додситонии шаҳри Роғун супурдааст. Гуфта мешавад, ҳоло додситонӣ ин қазияро пеш мебарад.

“Ҳодиса дар агрегати панҷум рух додааст. Худи кормандон ҳангоми кор дар пойгоҳ танобҳои онро ба ҷойи 6 нуқта, танҳо дар 3 нуқта пайваст кардаанд. Ҳамчунин онҳо аз тасмаи бехатарӣ (монтажный пояс) истифода накардаанд ва вақте бо сабаби ноустуворӣ бори вазнин яктарафа мешавад, танобҳо тоб наоварда якеаш канда мешавад: аввал коргарон меафтанд, баъд занҷирҳои дигар низ канда шуда, пойгоҳ низ чаппа мешавад”, – нақл кард Санъат Раҳим рафти ҳодисаро

 

Ҳодисаи нохуш дар “Фон-Яғноб”

Санъат Асо ҳамчунин, дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” оид натиҷаи тафтиши ҳодисаи кони ангишти “Фон-Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ, ки дар он се корманди кон ба ҳалокат расиданд, гуфт, "ҳоло тафтишот ба анҷом нарасидааст". 

“Тибқи қонун мо бояд давоми 10 рӯзи корӣ тафтишоти мушаххас гузаронида, сабаби ин ҳодисаро муайян кунем. Ҳоло тафтишот давом дорад, он ба охир расад, натиҷаҳои онро расонаӣ мекунем” – гуфт сардори Хадамот. 

Аз ин пештар намояндагони Хадамот ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки “тафтишот субҳи рӯзи 20-уми январ оғоз гардидааст ва 15 рӯз идома мекунад”.

Ба гуфтаи Раҳим Санъат, пас аз анҷоми тафтишот хонаводаи қурбониён “ҳатман тибқи муқаррароти қонун кӯмак ва ҷубронпулӣ мегиранд.

“Ҳоло ширкат барои рӯйпӯши хароҷоти  маросими дафн ба оилаҳои зарардида кӯмак расониданд. Дигар кӯмакҳо баъд аз анҷоми тафтишот расонида мешаванд ва мо ҳатман ин равандро назорат мекунем” – таъкид кард сардори Хадамот.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...