“Азия-Плюс” ба ҳуши маснӯӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад ва барои рушди рақамӣ мутахассисонро ҷалб менамояд

Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар соли 2025 ба истифодаи васеи технологияҳои муосир ва ҳуши маснӯӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. “Азия-Плюс” ҳуши маснӯиро барои беҳтар кардани кор дар бахшҳои гуногун – аз ҷумла идораи таҳрир, шуъбаи SMM, маркетинг ва фурӯш – истифода хоҳад кард.

Барои пиёда кардани ин нақша, “Азия-Плюс” Рустам Гуловро, ки яке аз мутахассисони пешбари соҳаи расона ва технологияҳои нав дар Тоҷикистон аст, ба кор ҷалб кардааст.

Умед Бобохонов, директори генералии “Азия-Плюс” мегӯяд, ки ҳуши маснӯӣ барои рушди Гурӯҳи расонаҳо имкониятҳои нав медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ин технология на танҳо барои пайравӣ аз мӯд, балки барои баланд бардоштани самаранокии кор низ истифода мешавад.

“Муҳаррирон ва рӯзноманигорон бо кӯмаки ҳуши маснӯӣ метавонанд мундариҷаи беҳтар таҳия кунанд. Шуъбаи реклама низ метавонад бозорро дақиқтар таҳлил карда, ба шарикон пешниҳодҳои беҳтари маркетингӣ диҳад”, – мегӯяд Бобохонов.

Дар “Азия-Плюс” аллакай корҳо оид ба истифодаи ҳуши маснӯӣ барои коркарди хабарҳо, таҳрир ва тарҷумаи матнҳо, эҷоди мундариҷаи мултимедиявӣ ва таҳлил идома доранд.

Рустам Гулов мегӯяд, ки ҳуши маснӯӣ ҷойгузини кормандон намешавад, вале метавонад воситаи муфиди корӣ бошад.

“Азия-Плюс” аллакай чанд лоиҳаи озмоиширо оғоз кардааст – масалан, ровии виртуалӣ дар маросими “Tarona Music Awards – 2024” сохта шудааст ва рубрикаи нави “Хабарҳои аудиоӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ санҷида мешавад”, – мисол меорад Рустам Гулов.

Дар оянда “Азия-Плюс” боз ҳам бештар аз имкониятҳои ҳуши маснӯӣ истифода мебарад, то самаранокии кори муҳаррирон, рӯзноманигорон, маркетингҳо ва ҳамкорӣ бо хонандагону шарикони тиҷоратӣ беҳтар шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.