Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард

Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки аз соати 18:00 -и 19-ум то соати 00:00-и 21-уми апрел (ба вақти Маскав) тамоми намуди амалиёти ҷангӣ дар Украинаро қатъ мекунад.

Ӯ дар ин бора имрӯз, 19-уми март баъди шунидани гузориши сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов дар бораи вазъи хатти тамоси ҷангӣ изҳор дошт, хабар медиҳад сомонаи Кремл.

Ин отшабас ба муносибати иди "Пасха" эълон шуд ва раоснаҳои русӣ онро “оташбасӣ идӣ” ҳам унвон кардаанд.

"Бо ба назар гирифтани шароитҳои инсондӯстона, имрӯз аз соати 18:00 то соати 00:00 шаби якшанбе ба душанбе, ҷониби Русия “оташбаси Пасха”-ро эълон мекунад. Ман фармон медиҳам, ки дар ин давра ҳамаи амалиётҳои ҷангӣ қатъ шаванд. Вале нерӯҳои мусаллаҳи Русия бояд омода бошанд, ки аз эҳтимоли вайронкунии режими оташбас ва тахрибкориҳо аз ҷониби душман дифоъ кунанд",- гуфтааст Владимир Путин.

Ҷониби Украина дар ин бора  то ҳол шарҳе надодааст.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки аз талошҳои Амрико барои дарёфти роҳи ҳалли мусолиматомез истиқбол мекунад.

Ёдовар мешавем, ки баъди ҳамлаи бедалели Русия ба Укрина дар 24-уми феврали соли 2022 ҳазорҳо нафар аз ҳарду ҷониб кушта шуда, зарари расида беҳисоб аст. Кишварҳои зиёде кӯшиш доранд, ки роҳбарияти ду кишварро сари мизи музокирот шинонда, ба хатми ҷанг маҷбур кунанд, вале то ҳол бетнатиҷа аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.