Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Бузургтарини маркетплейс (платформа ё худ майдони тиҷорати электронӣ) эълон кард, ки ба фурӯш ва расонидани бор дар Тоҷикистон оғоз мебахшад, ки шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро фаро мегиранд.

Имрӯз, 19 апрел дар Душанбе ду нуқтаи супурдани фармоишҳои Wildberries бо суроғаҳои кӯчаи Лоҳутӣ, 15 ва Пӯлодӣ, 43 боз шуданд.

“Бо хурсандӣ аз роҳ ёфтан ба бозори Тоҷикистон хабар медиҳем. Ин кишвар яке аз пешсафон аз лиҳози афзоиши теъдоди аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ буда, инчунин барои рушди савдои онлайнӣ имконияти зиёд дорад, – изҳор дошт молики Wildberries Татяна Ким. – Сокинони Тоҷикистон, ки бо Русия робитаҳои қавӣ доранд, бо Wildberries хеле хуб шиносанд. Вазифаи асосии мо таъмини сатҳи баланди хидматрасонӣ, инчунин дастрасӣ ба номгӯи васеи молу маҳсулот аст”.

Пагоҳ, 20 апрел нуқтаи супурдани фармоиш дар шаҳри Хуҷанд бо суроғаи кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, 183 низ кушода мешавад.  

Сокинони Тоҷикистон аз 19 апрел молу маҳсулоти писандидаи худро метавонанд тариқи замимаи расмӣ дар сомонаи Wildberries.tj фармоиш диҳанд. Муҳлати миёнаи бурда расонидан 7-10 рӯзро ташкил медиҳад.

Ҳамаи номгӯи молу маҳсулоти дар Wildberries пешниҳодгардида, ки 8 млн номгӯй дар категорияҳои гуногунро ташкил медиҳад, аз ҷумла сарулибосу маҳсулот барои зебоӣ ва солимӣ, лавозимоти рӯзгору оила ва молу маҳсулот барои кӯдакон дастрас аст.

Тоҷикистон 9-умин кишварест, ки маркетплейс пешниҳод гардид. Айни замон Wildberries дар бозорҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон фаъолият дошта, ҳамчунин бо тоҷирон аз Чин ҳамкорӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.