Аз роҳбари БДА то сардори милитсияи Конибодому Шоҳ Искандар. Сардорони чанд раёсати калидӣ ва шуъбаҳои ВКД дар минтақаҳо нав шуданд

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 22-юми апрел кадрҳое, ки дар сохторҳои роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) нав ба вазифа таъин шудаанд, ба ҳузур пазируфтааст.

Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад, ки бо қарори ҳукумати кишвар, Илҳомиддин Вализода, муовини вазири корҳои дохилӣ таъин шудааст. Маълум нест, ки ӯ ба курсии кадом муовини Рамазон Раҳимзода нишаст. Ва ё ба ҳайси муовини нав таъин гардид. Ҳоло вазири корҳои дохилӣ 4 ҷонишин, як муовини аввал ва се муовини соҳавӣ дорад.

Ҳамчунин, генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, аз вазифаи сардори БДА барканор шуда, ба ҷои ӯ полковники милитсия Абдураҳмонзода Миралӣ таъин шудааст. Маълум нест, ки Мирзомуродзода вазифа гирифтааст ё не.

Дар пайи ин тағйирот, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ ҳам нав шудааст. Ба ҷои полковники милитсия Баротзода Тоҳир, генерал-майори милитсия Назарзода Бахтиёр сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД таъин шудааст. Баротзода Тоҳир ба курсии сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД ба ҷои Бухоризода Мансур такя задааст. Бухоризода ба чӣ мансаб таъин шудааст, маълум нест.

Инчунин, генерал майори хизмати дохилӣ Умарзода Бахтиёр аз вазифаи сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД озод ва ба  курсии ӯ полковники милитсия Мирзозода Рустам Бекмурод такя задааст.  Маълум нест, ки Умарзода ба чӣ вазифа таъин шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин, полковники милитсия Абдуқодирзода Ҷафар ба ҷои Шарифзода Темур сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии  ВКД таъин шудааст. Ҳоло маълум нест, ки Шарифзода Темур ба кадом мансаб рафт.

Ҳамчунин, генерал-майори милитсия Рамазонзода Суҳроб ба ҷои Азиззода Абдуғафор сардори нави Раёсати ташхиси (экспертӣ) криминалистии ВКД ва полковники милитсия Содиқзода Камолҷон ба ҷои Назризода Шаҳриёр сардори нави Бюрои миллии марказии “Интерпол”-и ВКД таъин шудаанд. Абдуғафор Азиззода сардори нави Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ҳисор таъин шудааст. Шаҳриёр Назризода ба чӣ мақоме таъин шуданд, ҳоло маълум нест.

Ҳамчунин, имрӯз, 22-юми апрел дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД, раёсату шуъбаҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои гуногун кадрҳои “соҳибтаҷриба ва ҷавону варзида таъин карда шуданд”.

Нафарони зерин ба ҳамчун сардори нави шӯъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон таъин шудаанд:

– полковники милитсия Иброҳимзода Иброҳим Абдусалом, сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Данғара;

– полковники милитсия Шодмонзода Шерхон Шодмон, сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон;

– полковники милитсия Давлатёрзода Орзуҷон Сайҷафар, сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Балҷувон;

– подполковники милитсия Сабурзода Меҳроҷиддин Мирзодавлат, сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус;

– подполковники милитсия Ташрифзода Шоҳвали Турахон, сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Панҷакент;

– генерал-майори милитсия Давлатзода Раҳмон Қобил, сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода;

– майори милитсия Ғоибзода Исроил Ҷурахон, сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ванҷ;

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– полковники милитсия Қосимзода Илҳом Обид, сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Мастчоҳ;

– полковники милитсия Содиқзода Ҳотамшоҳ Ҷаббор, сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Спитамен;

– полковники милитсия Шомадзода Фирдавс Маҳмад, сардори Шуъбаи 1-и ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ;

– подполковники милитсия Шарифзода Фирдавс Ҳасан, сардори Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур;

– полковники милитсия Одиназода Фирӯз Саттор, сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат;

– полковники милитсия Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин, сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Айнӣ;

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– полковники милитсия Абдуллозода Асомуддин, сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом; 

– подполковники милитсия Тоҳирзода Рустам Тоҳир, сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Муминобод;

– майори милитсия Раҳимзода Мирзоватан Мирзораҳим, сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Гулистон;

– генерал-майори милитсия Искандарзода Муҳамадшоҳ Амиршоҳ, сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон;

– подполковники милитсия Назарзода Хуршед Толибҷон, сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Левакант.

Ҳамчунин, генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмасаид Борон муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, генерал-майори милитсия Нозимзода Файзулло Ватан муовини сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД ва генерал-майори милитсия Қунғуротзода Фотеҳ муовини якуми сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ таъин гардидаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ кадрҳои ба вазифа таъиншударо ба ҳузур пазируфта, онҳоро “ба хизмати софдилонаю содиқона ба давлат ва мардуми Тоҷикистон” даъват намудааст.

Президент аз ҷумла ба онҳо гуфтааст, ки “ба одоби муошират бо мардум, омӯзиши забонҳои байналмилалӣ ва истифодаи техникаю технологияҳои муосири иттилооотӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, назорати татбиқи ҳамаҷонибаи талаботи нави қонунгузорӣ дар истифодаи дурусти неруи барқ, аз раванди таълиму тарбия дур намондани насли наврас ва ба хусус ба тарбия ва забономӯзии кадрҳои ҷавон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...