Сел роҳҳоро баст ва шамол шифти хонаро барканд. Зарари офатҳои табиии 24 соати охир дар ВМКБ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) хабар додааст, ки дар 24 соати гузашта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) чанд ҳодисаи табиӣ, аз ҷумла, омадани сел, сангреза ва шамоли сахт сабт шудааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, субҳи 21-уми апрел дар ҳудуди деҳаҳои Оташак то Зелолаки ноҳияи Ванҷ санреза рух додааст. Дар пайи ин ҳодиса роҳи мошингарди […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) хабар додааст, ки дар 24 соати гузашта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) чанд ҳодисаи табиӣ, аз ҷумла, омадани сел, сангреза ва шамоли сахт сабт шудааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, субҳи 21-уми апрел дар ҳудуди деҳаҳои Оташак то Зелолаки ноҳияи Ванҷ санреза рух додааст. Дар пайи ин ҳодиса роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ чанд соат баста шуда, баъди тоза кардан оқибатҳои сангреза дигарбора боз шудааст.

КҲФ гуфтааст, ки рӯзи гузашта дар наздикии деҳаи Хиҷези ҷамоати Бартанги ноҳияи Рӯшон сел омада, роҳи мошингарди Рӯшон-Водии Бартангро бастааст. Мақомот гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир бартараф кардани оқибатҳои ин ҳодиса идома дорад. Вале маълум нест, ки роҳи мазкур кай боз мегардад.

КҲФ дар идома хабар додааст, ки шоми рӯзи гузашта дар пайи шамоли сахт  шифти хонаи як сокини деҳаи Делохи ноҳияи Ишкошим канда шудааст. Аз ҷониби мақомоти ин ноҳия зарари шамол муайян мешавад, гуфтааст КҲФ.

Ба қавли мақомот дар пайи ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

Охири ҳафтаи гузашта дар кишвар ҳаво сарда шуда, дар аксари минтақаҳо борони шадид борид. Дар пайи ин КҲФ ҳушдор дод, ки хатари омадани сел то имрӯз, 22-юми апрел боқӣ мемонад ва аз аҳолӣ хост, ки ин рӯзҳо аз рафтан ба моҳидорӣ, шикор, чорвочаронӣ ва чидани гиёҳҳои доруӣ худдорӣ кунанд.

Ин ниҳод аз волидайн талаб кард, ки фарзандонашонро беназорат нагузоранд ва иҷозат надиҳанд, ки дар рӯзҳои сербориш дар назди селроҳаҳо бошанд.

Ҳамчунин, Кумита аз ронандагон хостааст, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор кунанд ва суръатро боло набурда, фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд. боэҳтиёт бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.