Боз як қоидаи нав барои сафар ба Русия. Сабтиноми ҳатмӣ дар замимаи “Госуслуги RuID”

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шуруъ аз 30-юми июни соли ҷорӣ шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия сафар кардан мехоҳанд, бояд на дертар аз 72 соат пеш аз вуруд ба ин кишвар дар бораи мақсади вуруд ва будубош маълумот пешниҳод кунанд. Ин қисми дуввуми лоиҳаи таҷрибавӣ доир ба муосирсозии қоидаҳои вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ аст, ки дар ин бора қарори ҳукумати Русия аз 7-уми ноябри соли 2024 баромада буд.

Маълумот бояд тавассути замимаи мобилии “Госуслуги RuID”  ва 72 соат пеш аз вуруд пешниҳод карда шавад. Дар айни замон он дар марҳилаи таҳия қарор дорад.

Шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз вуруд бояд дар замима сабти ном шуда, ҳуҷраи шахсӣ боз намояд. Барои сабти ном сурат ва маълумоти шахсиро ба барнома ворид карда, санаи тахминии вуруд ва будубошро нишон додан зарур аст. Дар ҳолатҳои таъҷилӣ, масалан беморӣ ё марги наздикон, дархост метавонад на камтар аз 4 соат пеш аз расидан пешниҳод гардад.

Пас аз пешниҳоди маълумот, ба муҳоҷир рамз ирсол мегардад ва дар марзи Русия танҳо бо он иҷозаи вуруд дода мешавад. Мӯҳлати эътибори дархост 90 рӯз муайян шудааст.

Барои кӯдакони то синни 6-сола, онҳое, ки дорои ИМЗ (Иҷозатномаи муваққати зист), ҲИЗ (Ҳуҷҷати иҷозаи зист) ва шаҳрвандии Беларус мебошад, ирсоли дархост зарур нест. Барои кӯдакони аз 6 то 18-сола дархостро волидайн ё сарпарастон бо доштани иҷозати эътибори худ пешниҳод мекунанд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи таҷрибавӣ то 30-юми июни соли 2026 идома хоҳад кард. Қисми аввали ин лоиҳа аз 1-уми декабри соли 2024 амал мекунад. Тибқи он ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки тавассути фурудгоҳҳои Шереметево, Домодедово, Внуково, Жуковский ва гузаргоҳи мошингузари Маштаково (вилояти Оренбург) ворид ё хориҷ мешаванд, аз назорати биометрӣ мегузаранд.

Акнун аз 30-уми июн талаботи нав дар ҳамаи гузаргоҳҳои марзии Русия роҳандозӣ карда мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар хусуси қоидаи нав изҳорот нашр накардаанд. 

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо нашри як изҳорот ба шаҳрвандони кишвараш қоидаи навро шарҳ додааст.

“Аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ пешниҳоди ариза барои ворид шудан, пеш аз ҳама, барои ташаккули профили рақамии ӯ, ки маҷмӯи маълумот дар бораи шаҳрванди хориҷиро ифода мекунад, зарур аст. Доштани профили рақамии шаҳрванди хориҷӣ дар оянда имкони ҳамкории ӯро бо мақомоти давлатӣ ва ташкилоти Русия дар шакли электронӣ ҳангоми гирифтани хидматҳои давлатӣ таъмин хоҳад кард”, – таъкид кардааст мақомоти ин кишвар.

Мақомоти Русия гуфтаанд, “қарори вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Русия мустақиман дар гузаргоҳи сарҳади давлатии ин кишвар қабул карда мешавад”.

Аммо дар воқеият вазъи дигар аст. Садҳо шаҳрванди хориҷӣ дар марзи ин кишвар соатҳову шабонарӯзҳо дар навбат истода, дар ниҳоят бидуни шарҳ ё далели мушаххас аз иҷозаи вуруд маҳрум мемонанд.

Ёдрас мешавем, ки Вазорати рушди рақамии Русия қаблан изҳор дошт, ки агар ин таҷриба муваффақ шавад, қоидаҳои нав ба амалияи доимӣ табдил ёфта, раванди вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба кишварро ба таври назаррас соддатар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.