Музокироти бидуни таъхир ва ёддошти тафоҳум миёни Украина ва Русия. Суҳбати телефонии Трамп ва Путин бо чӣ анҷомид?

Asia-Plus

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пас аз беш аз 2 соат суҳбати телефонӣ, тавофуқ кардаанд, ки музоқирот миёни Русия ва Украина барои хатми ҷанг бидуни таъхир оғоз гардад ва ҳарду кишвар ёддошти тафоҳум имзо кунанд.

Суҳбати телефонии онҳо шоми дирӯз, 19-уми май, сурат гирифт ва ба иттилои ҷониби Русия беш аз 2 соат идома кард.

Чанд дақиқа баъди анҷоми суҳбати телефонӣ Путин ба ҳузури рӯзноманигорон баромад ва изҳор дошт, ки “сӯҳбат муфид, пурмӯҳтаво ва боз буд”.

“Ман ба Доналд Трамп барои дастгирӣ дар барқарор кардани музокироти мустақим изҳори сипос кардам. Вай мавқеи худро дар робита ба истиқрори оташбас иброз дошт. Ман зикр кардам, ки Русия ҷонибдори ҳаллу фасли сулҳомез мебошад. Мо бояд роҳҳои муассири расидан ба сулҳро муайян кунем”, – зикр кард Путин.

Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки бо раисҷумҳури Амрико тавофуқ кардаанд, то Русия барои таҳияи ёддошти тафоҳум ва эҳтимол созиши оташбас бо Украина, пас аз расидан ба мувофиқаи зарурӣ, омода аст.

 

Чанд соат баъди ин суҳбат Доналд Трамп ҳам тамоси телефонии худ бо Владимир Путинро шарҳ дод ва онро “бисёр хуб” арзёбӣ кард.

Ӯ дар саҳифаи худ дар “Truth Social” навишт, Русия ва Украина фавран музокирот барои расидан ба оташбасро оғоз хоҳанд кард ва муҳимтар аз он, барои поён додан ба ҷанг талош хоҳанд намуд”.

“Шартҳо байни ду тараф мувофиқа мешаванд ва танҳо онҳо ҷузъиёти онро медонанд… Русия мехоҳад пас аз поёни ин “ҳолати фоҷеабори хунин” бо Амрико тиҷорати васеъ дошта бошад ва ман бо ин розӣ ҳастам. Украина низ метавонад аз тиҷорат дар раванди барқарорсозии кишвар манфиати калон бигирад. Музокирот байни Русия ва Украина фавран оғоз меёбанд. Ман президенти Украина Владимир Зеленский ва роҳбарони кишварҳои НАТО-ро дар ин бора огоҳ кардам. Ватикан омода аст макони баргузории музокирот шавад. Бигзор раванди сулҳ оғоз ёбад!”, – зикр кард Трамп.

Ёдовар мешавем, ки ин суҳбати сеюми телефонии Доналд Трамп ва Владимир Путин аст. Пештар низ онҳо ояндаи сулҳ дар Украинаро баррасӣ карда буданд. Ҳамчунин, дар ин гуфтугӯҳои телефонӣ, барқарорсозии равобити тирагаштаи Русияву Амрико баррасӣ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...