ЧОРАБИНИҲОИ 22 ИЮЛ
– Имрӯз дар ниҳодҳои зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (соати 08:00), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (соати 10:00), Кумитаи рушди маҳал (соати 14:00), Саридораи геология (соати 14:00), Кумитаи бехатарии озуқаворӣ (соати 15:00), Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ (соати 15:00) баргузор карда мешавад.
– Имрӯз соати 18:00 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ миёни муштзанҳои касбӣ “Шоми бокс” доир мешавад. Дар набарди асосии он Баҳодур Усмонов, муштзани шинохтаи тоҷик бо Кристофер Муафо аз Камерун рақобат мекунад.
Дар мусобиқаи “Шоми бокс” дар Душанбе, ҳамчунин, Давлат Болтаев, муштзани маъруфи тоҷик бо Соломон Адебайо аз Нигерия қувваозмоӣ мекунад. Ин набард дар 8 раунд ва барои ба даст овардани унвони “IBA.PRO Intercontinental” сурат мегирад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 22 ИЮЛ
Соли 1989 – Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” қабул гардид. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22-юми июл ҳамчун Рӯзи забон ҷашн гирифта мешуд. 5-уми октябри соли 2009 қонуни нави забони давлатӣ қабул гардид ва аз он сол 5-уми октябр Рӯзи забон таҷлил мешавад.
Соли 1990 – Бори аввал ба муносибати Рӯзи забон чорабиниҳои тантанавӣ баргузор шуданд.
Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки сохтори нави давлатӣ – Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дода шавад. Баъдан бо қарори Ҳукумати кишвар аз 31-уми октябри соли 2009 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфт.
Соли 2010 – Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Панҷи Поён посгоҳи нави гумрукӣ боз гардид. Гуфта мешуд, ки посгоҳ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз ва арзиши он 12 миллион долларро ташкил медиҳад.
Соли 2011 – Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таҳияи тарҳи Қонуни афв гурӯҳи корӣ таъсис ёфт.
Соли 2019 – Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар ҷамоати Ворухи Исфара муноқишаи нав ба амал омад ва як нафар кушта ва даҳҳо кас захмӣ шуданд.
Соли 2018 – Ҳувайдо Тиллозода, духтари панҷсолаи тоҷик дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан ёфтанд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.
Ҳодисаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Моҳи марти соли 2023 Александр Сёмин аввал ба 24 соли зиндон ва моҳи сентябри ҳамон сол баъди суди кассатсионӣ ба ҳукми адаб маҳкум шуд. Тафсилоти ҳодисаро дар ин пайванд мутолиа кунед: Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо, духтараки панҷсолаи тоҷик ба зиндони абад маҳкум шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1935 – Мавлуди Рашид Абдурашидов, рассоми тоҷик.
Соли 1938 – Зодрӯзи Фаттоҳ Одина, оҳангсози маъруфи тоҷик.
Фаттоҳ Одина, бастакори барҷастаи тоҷик беш аз 50 сол дар майдони санъат заҳмат кашидааст. Ӯ тавонистааст, мусиқии ҷаҳониро бо оҳангҳои классикӣ ва мардумии тоҷик даромезад ва дарду армони миллат ва ҷомеаро дар оҳангҳояш инъикос кунад.
Ӯ таҳсилро аз омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе шурӯъ намуда, ба консерваторияи Маскав роҳ ёфт. Бо навиштани даҳҳо оҳанг, мусиқӣ барои хор ва фортепиано, асарҳои камеравиву симфонӣ, вокалӣ, оркестри созҳои мардумиву эстрадӣ ва мусиқиҳои дилнишин барои филмҳо ҳамчун эҷодкори барҷаста исми худро дар таърихи санъату мусиқии волои тоҷик сабт намуд.
Ӯ оҳангсози операи “Парасту”, операи бачагонаи “Бузаки ҷингилаппо”, достони “Аҳурамаздо”, таронаҳои “Ватанро месароям”, “Иқболи баланд”, “Бақои дустӣ”, “Ману дарё”, “Тоҷикистон”, “Арӯси 18-сола”, “Аспи саманд”, “Маъвои Роғун”, “Садбарги сафед” ва “Аскарбача” аст.
Фаттоҳ Одина 2-юми январи сои 2010 дар 71-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1939 – Мавлуди Темур Пӯлодов, нависанда ва филмноманависи маъруфи тоҷиктабори Русия.
Соли 2021 – Идигул Қосимзода, ректори пешини Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва собиқ раиси Кумитаи кор бо занон ва оила дар 53-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
22-юми июл дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мағзи сар ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи бемориҳои мағзи сар ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва ниҳодҳои тандурустӣ ба масъалаҳои марбут ба он мебошад.
Мағзи сар маркази асосии идоракунии фаъолияти тамоми узвҳои инсон аст. Ҳар гуна халал ё осеб дар кори он метавонад фаъолияти умумии баданро халалдор созад. Тавсияҳои табибон барои беҳдошти саломатии мағзи сар чунинанд: тарзи ҳаёти солим, ғизои дуруст, хоби кофӣ, варзиш, сайругашт дар ҳавои тоза, ҳамчунин фаъолиятҳои зеҳнӣ чун мутолиа, ҳаллу фасли муаммо ва муошират бо афроди зеҳнӣ.
Аз соли 2018 инҷониб ҳамасола 22-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии бокс таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн ба таърихи бокс бахшида шуда, тибқи фарзияҳо бори аввал соли 688 пеш аз милод ба Бозиҳои Олимпии Юнони Қадим ворид гардида буд.
Шакли муосири ин намуди варзиш дар ибтидои асри XVIII дар Англия пайдо шуд ва соли 1920 бокс ба барномаи расмии Бозиҳои олимпӣ ворид гардид.
22-юми июл инчунин Рӯзи бозёфти чизҳои гумшуда таҷлил мегардад. Дар Амрико одате аҷибе ҳаст, ки пеш аз 22-юми июл ашёи ягон дӯсти наздик ё хешовандашонро пинҳон мекунанд ва вақте ки шахс комилан умеди ёфтани онро аз даст медиҳад, он “ногаҳон” пайдо мешавад.
Дар ин рӯз аҳамият надорад, ки чӣ ёфт мешавад. Муҳим эҳсоси кашфиёт аст.
22-юми июл ҳамчунин Рӯзи одамони фарбеҳ таҷлил мешавад. Ин ҷашн ба тарғиби дидгоҳи нав бахшида шудааст – дидгоҳе, ки ҳар кас бояд бадани худро бо он шакле, ки ҳаст, қабул кунад.
Пайравони ин ҳаракат ба қолабҳои ҷаҳонии зоҳирпарастӣ мухолифанд ва бар ин назаранд, ки ҳама гуна бадан, новобаста аз шакл ва андоза қабул карда шавад.
22-юми июл ҳамчун Рӯзи заҳматкашон низ қайд мегардад. Ин рӯз ба онҳое бахшида шудааст, ки ба меҳнати пайваста машғуланд ва ҳатто рӯзҳои истироҳатро барои анҷоми кор сарф мекунанд. Ҳадафи таҷлили ин рӯз ёдрас кардани он аст, ки инсон бояд барои зиндагӣ кор кунад, на барои кор зинда бошад.
Дар ин рӯз ҳатто шахсони пурмасъулият бояд ба худ рухсат диҳанд, то лаҳзае аз кори доимӣ дур шаванд ва ба истироҳат машғул шаванд.
Оморҳо нишон медиҳанд, ки ҳар сол теъдоди нафароне, ки рухсатии худро истифода мебаранд, 0,5% афзоиш меёбад. Дар Амрико яке аз ҳар се корманд ба гурӯҳи “заҳматкашон” дохил мешавад ва аксарияти онҳо ба андозае ба кор машғуланд, ки дар бораи оиладорӣ ҳатто фикр намекунанд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 22 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 37+42º гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 29+31 гарм, рӯзона 40+45º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 20+25º гарм, рӯзона 33+38º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 21+26º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 38+40º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, рӯзона 29+34º гарм дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 23+25º гарм, рӯзона 39+41º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 24+26º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 41+43º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 30+32º гарм.


