Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 августи соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИММИ 27 АВГУСТ

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.

Дар намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангӣ, мисли асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ,  рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 27 АВГУСТ

Соли 2009 – Дар шаҳри Душанбе сохтмони маҷмааи истиқоматии “Диёри Душанбе” оғоз гардид.

Соли 2010 – Низомхон Ҷӯраев, яке аз соҳибкорон ва сарватмандони шинохта, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, собиқ директори генералии корхонаи кимиёи Исфара бо дархости Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Русия боздошт гардид.

Соли 2013 – Дар шаҳри Душанбе дуюмин пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ ба кор оғоз кард.

Соли 2019 – Дар пойтахт Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии “Сиёма” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2023 – Дар назди Раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ассотсиатсияи моҳипарварон таъсис дода шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1906 – Мавлуди Иброҳимҷон Норматов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Иброҳимҷон Норматов яке аз сарояндагони хуби жанрҳои суннатӣ буда, ба далели завқу ҳавасаш ба мусиқӣ, аз кӯдаки навохтани сози танбӯрро азхуд карда, ҳамчун танбӯрнавоз ном бароварда будааст.

Қариб тамоми фаъолияти ҳунарии ӯ, аз соли 1936 то 1970 дар Театри халқии шаҳри Исфара гузаштааст. Зиёда аз 40 суруди ӯ аз силсилаи “Шашмақом”, сурудҳои классикӣ ва халқӣ дар хазинаи тиллоии радиои тоҷик маҳфузанд.

Соли 1935 – Зодрӯзи Марат Орифов, ҳунарпеша ва коргардони синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Марат Орипов

Марат Орифов яке аз ҳунармандони саршиноси тоҷик аст, ки дар синамо чеҳрааш тавассути нақшҳои офаридааш сабт гардидаанд. Ӯ дар беҳтарин филмҳои синамои тоҷик нақш офаридааст.

Марат Орипов фарзанди Тӯҳфа Фозилова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шуравӣ аст. Ӯ хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти Институти педагогии Сталинобод буда, соли 1960 Институти театрию рассомии шаҳри Тошкент ба номи А. Островский ва соли 1964 факултаи режиссёрии филмҳои бадеӣ-устохонаи С. А. Герасимови шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Яке аз аввалин нақшҳои асосиаш дар синамо дар филми “Абӯалӣ ибни Сино” буд, ки нақши Синоро офарид. Баъдан дар филми “Қисмати шоир” нақши Рӯдакиро бозид.

Баъдтар нақшҳои Сайф дар филми “Вақти зангирии писар расид”, Насриддин дар “Дузди Бағдод”, Ширинкор дар “Коваи оҳангар”, Аҳмад дар “То пагоҳ” ва Комил дар филми “Замони осоишта”-ро офарид.

Ҳамчун коргардон бошад, филмҳои бадеии “Нисо”, “Дили ман дар кӯҳистон”, “Асрори қабила”, “Муҳосира”, “Бо табассум нигар”-ро ба саҳна овард.

Аммо ӯ дар ин миён муддате бознишаста буд ва аз синамо фосила гирифт. Соли 2014 филми "Муаллим" ин ҳунарпешаи маъруфи тоҷикро боз рӯйи саҳна овард ва ӯ дар ин филм нақши падарро бозид.

Марат Орипов 29-уми октябри соли 2018 дар синни 83 даргузашт.

Соли 1937 – Мавлуди Зафар Усмонов, доктори илмҳои физика ва математика, профессор.

Соли 1953 – Зодрӯзи Қосимшо Искандаров, муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор.

Қосимшо Искандаров дар баробари таърихшиноси хуб будан, ҳамчунин яке аз донандагони хуби масоили Афғонистон ва таҳлилгарони шинохтаи масоили дин низ ҳаст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қосимшо Искандаров

Ӯ соли 1953 деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, муддате ба ҳайси муаллими Филиали Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дар шаҳри Қурғонтеппа кор кардааст. Солҳои 1981-1985 чун тарҷумон дар Афғонистон кор карда, ба ватан бармегардад ва дар аспирантураи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба таҳсил ва тадқиқоти илмӣ идома медиҳад.

Пас аз дифои рисолаи илмӣ дар соли 1989 дар кор дар академияи илмҳо боқӣ мемонад ва то соли 2008 ва вазифаи мудири шуъбаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии ин маркази илмӣ фаъолият мекунад.

Давоми шаш сол (2008-2014) директори Маркази тадқиқоти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва соли 2014 чун котиби илмӣ ба Академияи илмҳо бармегардад ба фаъолият идома медиҳад.

Бо роҳбарии Искандаров 20 унвонҷӯ аз Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Норвегия рисолаҳои диссертатсионӣ дифоъ намуда, сазовори дараҷа илмӣ гардидаанд.

Барои саҳми шоиста дар рушди илму маорифи Тоҷикистон бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” мукофонида шудааст.

Соли 1980 – Мавлуди Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини раиси Маҷлиси миллӣ.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Алишер Мирзонабот

Алишер Мирзонабот зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ ва хатмкардаи Донишкадаи ҳарбии КНБ-и Қазоқистон, Академияи сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Русия ва Мактаби Олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст. Фаъолияти ӯ соли 2003 дар яке аз ситодҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ оғоз гардида, то соли 2017 дар вазифаҳои гуногуни Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолият кардааст.

Моҳи сентябри соли 2017 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин гардида, то моҳи сентябри соли 2018 дар ин мақом буд. Баъдан аввал муовини аввали раиси ВКМБ ва моҳи ноябри соли 2020 раиси шаҳри Хоруғ таъйин шуд.

Моҳи ноябри соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуда, то ҳол дар ин мақом фаъолият дорад. Ӯ ҳамчунин узви Маҷлиси миллӣ ва муовини раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст.

Соли 1986 – Далер Тухтасунов, бозигари футбол, узви дастаи миллии футболи Тоҷикистон.

Соли 1990 – Зариф Раҷабов, муаррих, доктори илми таърих, академик дар синни 84 аз олам чашм баст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҷабов Зариф

Зариф Шарифович Раҷабов 17-уми (дар баъзе манобеъ 30) июли соли 1906 дар Хуҷанд таваллуд шудааст.

Соли 1932 Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносовро бо ихтисоси таърихшинос хатм карда, солҳои дароз ба ҳайси мудири қисми илмии Академияи омӯзгории Душанбе, кафедраи таърихи ИҶШС дар Институти омӯзгории тоҷик (Тошканд), котиби илмии Институти забон, адабиёт ва таърихи пойгоҳи Академияи илмҳои ИҶШС дар Ӯзбекистон, директори Институти таърих ва бостоншиносии АИ ҶШС Ӯзбекистон, ректори аввалини Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ), директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, академик-котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон кор кардааст.

Асарҳои ӯ ба масъалаҳои гуногуни баҳсталаб бахшида шудаанд, вале дар таҳлил ва тадқиқи ҳаракати маорифпарварӣ, ҷадидия, масъалаи афкори ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷик яке аз аввалин муҳаққиқон ба шумор меравад. Таҳти роҳбариаш зиёда аз 50 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ намудаанд.

Раҷабов Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Ӯ бародари академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Солеҳ Раҷабов аст.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе яке аз кӯчаҳо ба номи ин ду бародарон гузошта шудааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

27-уми августи соли 1955 нахустин маротиба “Китоби рекордҳои Гиннес” нашр гардид. Имрӯз ин китоб яке аз машҳуртарин ва серхонандатарин китобҳои ҷаҳон аст, вале оғози таърихи он хеле ғайриоддӣ мебошад.

Ҳанӯз соли 1951, дар яке аз маҳфилҳои шикорӣ дар Ирландия, баҳси ҳазломез миёни иштирокчиён сар зад, ки кадом парандаи аврупоӣ тезтар парвоз мекунад. Ҷавоби дақиқ пайдо нашуд. Он вақт Ҳю Бивер, мудири ширкати машҳури пивопазии “Гиннес” фикр кард, ки бояд як китобе мавҷуд бошад, ки чунин рекордҳои ҷолибро ҷамъоварӣ ва посухи дақиқ диҳад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Барои иҷрои ин кор бародарон Норрис ва Росс Макуиртер, ки соҳиби як агентии иттилоотӣ буданд, ба кор ҷалб шуданд. Онҳо садҳо далелро аз саросари ҷаҳон ҷамъоварӣ карда, барои исботи аслияти онҳо аз мутахассисони нуфузманд шаҳодат гирифтанд.

Дар натиҷа, 27-уми августи соли 1955 нахустин нашри китоби 198-саҳифаӣ ба дасти хонандагон расид. Китоб зуд машҳур шуд ва ба яке аз серфурӯштарин китобҳои ҷаҳон табдил ёфт.

Аз он вақт инҷониб ҳар сол дар “Гиннес” рекордҳои нав, аз ҷумла, дастовардҳои барҷастаи инсонҳо, падидаҳои нодир ва ҳодисаҳои аҷиб нашр мешавад.

Ҳар сол 27-уми август дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии бокс ҷашн гирифта мешавад. То соли 2021 ин сана ба 22-уми июл рост меомад, вале баъдан бо қарори президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (AIBA) Умар Кремлёв (Назаров) ба 27-уми август кӯчонида шуд. Сабаб он буд, ки маҳз дар ҳамин рӯз нахустин мусобиқаи ҷаҳонии бокс баргузор гардида буд.

Бокс аз қадимтарин намудҳои варзиш ба ҳисоб меравад. Таърихи он ба давраи Юнони қадим бармегардад, ки соли 688 то милод мусобиқаҳои муштзанӣ ба барномаи расмии Бозиҳои олимпӣ ворид шуда буданд. Он замон ин навъи варзиш хеле сахт ва ҳатто хатарнок буд, зеро дастпӯшакҳо вуҷуд надоштанд ва қоидаҳо хеле сода буданд.

Шакли муосири бокс бошад, асри XVIII дар Англии ташаккул ёфт. Қоидаҳои аввалини расмӣ, аз ҷумла дар чанд давра баргузор шудани бокс ва истифодаи дастпӯшакҳо маҳз он ҷо қабул гардиданд. Баъдтар, соли 1920 бо эҳёи Бозиҳои олимпӣ, бокс дубора ба рӯйхати расмии намудҳои олимпӣ ворид шуд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 27 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 29+34º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 31+36º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+7º гарм, рӯзона 17+22º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанди бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...