“Ҷодугари Кремлин” ва “Садои Ҳинд Раҷаб”. Ду филме, ки дар бораи Путин ва духтари фаластинӣ нақл мекунад

Date:

“Ҷодугари Кремлин” (The Wizard of the Kremlin) ва “Садои Ҳинд Раҷаб” (The Voice Of Hind Rajab) ду филме, ки дар 82-юмин Ҷашнвораи байналмилалии кинои Венетсия бори нахуст намоиш дода шуд, аз пурсадусадотарин филмҳои даҳ рӯзи охир буд. Аввалӣ дар бораи Владимир Путин ва мушовири ӯ нақл мекунад, дуввумӣ дар бораи тақдири талху фоҷеабори кӯдаки фаластиниест, ки аз сӯйи сарбозони Исроил бераҳмона кушта шуд. Ин ҷашнвора дирӯз поён ёфт, аммо гуфтугузорҳо дар атрофи ин ду филм ҳамоно идома дорад.

 

“Ҷодугари Кремлин” (The Wizard of the Kremlin)

Ин филми коргардони фаронсавӣ Оливйе Ассаяс аст, ки бар пояи китоби ҳамноми Ҷулиано да Эмполӣ бардошта шудааст. Он дар бораи ҳаводиси солҳои аввали 1990-и Русия, ташаккули қудрати сиёсӣ дар ин кишвар ва чӣ тавр ба панҷаи Владимир Путин, корманди КГБ дар Санкт-Петербург афтодани он нақл мекунад. Нақши Путинро дар ин филм Ҷуд Лоу, ҳунарпешаи бритониёӣ бозидааст.

Қиссаи ба қудрат расидани Путин аз номи “қаҳрамони бофта” бо номи Вадим Баранов нақл мегардад, ки нақши онро Пол Дано, ҳунарпешаи амрикоӣ бозӣ кардааст. Аксари мунаққидони кино таъкид мекунанд, ки Вадим Баранов прототипи Владислав Сурков, яке аз мушовирони пешини Путин ва муовини раиси ҳукумати Русия (боз ҳам дар аҳди сарвазирии Путин) аст, ки замоне аз таъсиргузортарин нафарон дар сиёсатгузориҳои раисҷумҳур буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Намогирифт аз филми "Ҷодугари Кремлин"

Дар филм нақл карда мешавад, ки чӣ гуна Вадим Баранов политтехнолог ва мубаллиғи Путин мешавад, симои ӯро барои ҷомеа меофарад ва худ низ ба қудрати бузург даст ёфта, дар тасмимгириҳои роҳбараш таъсир мегузорад.

Ин филм 31-уми август дар Ҷашнвораи байналмилалии кинои Венетсия бори нахуст намоиш дода шуд ва аз ҷониби мунаққидони кино ва тамошобинон хуш пазируфта шуд. Пас аз анҷоми намоиши филм, тамошобинон 12 дақиқа кафкӯбӣ карданд.

Ҳоло ин филм дар дастрасии умум нест, аммо худи Владимир Путин нахост андешаашро дар бораи он иброз намояд. Ӯ, ки дар Чин ҳузур дошт ва бо хабарнигорон суҳбат мекард, бо баҳонаи то ҳол тамошо накардани филми “Ҷодугари Кремлин” нахост назарашро дар бораи он иброз намояд.

 

“Садои Ҳинд Раҷаб” (The Voice Of Hind Rajab)

Ин филм дар бораи тақдири талху фоҷеабори духтараки панҷсолаи фаластинӣ бо номи Ҳинд Раҷаб аст, ки 29-уми январи соли 2024 аз сӯйи сарбозони Исроил бераҳмона ва ҳадафмандона кушта шуд.

Ҳинд Раҷаб якҷо бо шаш узви оилааш дар роҳи фирор аз Ғаззаи зери бомбборони Исроил буд, ки мавриди тирборони сарбозони исроилӣ қарор гирифт. Дар пайи ин тирпаронӣ амаку янгаву се кӯдаки онҳо кушта шуданд. Лоян Ҳамада, духтарамаки 15-солаи Ҳинд Раҷаб бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Фаластин тамос мегирад ва кӯмак мехоҳад. Дар ҷараёни тамос, ӯ низ аз тири сарбози исроилӣ кушта мешавад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Намогирифт аз филми "Садои Ҳинд Раҷаб"

Дар идома Ҳинд Раҷаби захмӣ давоми се соат бо навбатдори ин ҷамъият суҳбат мекунад ва дар ин муддат табибони Ҳилоли Аҳмар талош мекунанд, ӯро наҷот диҳанд. Аммо якҷо бо Ҳинд Раҷаб ду табиби ба кӯмак шитофта низ кушта мешаванд. Ҷасади онҳо пас аз 12 рӯз, 10-уми феврал ва баъди тарки минтақа кардани артиши Исроил пайдо гардид.

Ва ин тақдири талху дардноки Ҳинд Раҷабро коргардони суриягӣ Коутер бин Ҳания дар филми “Садои Ҳинд Раҷаб” ба тасвир кашид, ки 3-юми сентябр дар Ҷашнвораи байналмилалии кинои Венетсия намоиш дода шуд. тамошобинон баъди тамошои он 23 дақиқа ва сари пой кафкӯбӣ карданд.

Он дар номинаи “Шери тиллоӣ” пешниҳод шуда буд ва ҳамакнун ба Ҷашнвораи “Оскар” низ пешбарӣ гардид.

Ҳарчанд ҳарду филми зикргардида натавонистанд ҷоизаи асосиро соҳиб шаванд, аммо таҷаҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб карданд. “Садои Ҳинд Раҷаб” мақоми дуюм ва "Гран-при" гирифт. Ҷоизаи асосӣ – "Шери тиллоӣ"-ро бошад, филми "Падар, модар, хоҳар, бародар"-и коргардон Ҷим Ҷармуш гирифт, ки дар бораи муносибати душвори волидон ва фарзандони бавоярасидаи онҳо нақл мекунад.

Ҷашнвораи байналмилалии кинои Венетсия аз 27-уми август то 6-уми сентябр ва бори 82-юм баргузор шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...