Адаш Истад, адибу рӯзноманигори номвари тоҷик, ки барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва бедорзосии худшиносӣ дар Тоҷикистон хидматҳои чашмрас анҷом додааст, имрӯз 79 сола шуд. Ӯ ҳоло дар Ӯзбекистон умр ба сар мебарад ва барои рушди забони тоҷикӣ ва рушди ҳувияти тоҷикӣ кӯшиш мекунад.
Ин равшанфикри тоҷик чанд сол пеш дар як сӯҳбати вижа бо сомонаи "Ҳалво" аз рӯзгори гузаштааш дар Тоҷикистон, баҳсу талошҳояш ба баргардонидани хатти форсӣ дар кишвар, андешаҳояш дар бораи намоди нишони давлатӣ ва эталони миллии тоҷик ёд кардааст. Бо ишора ба нақши ин зиёии асил дар рушди худшиносии миллӣ ва ба муносибати зодрӯзи адиб “Азия-Плюс” ин мусоҳибаро дугарбора бознашр мекунад.
Фантаст: сиёсӣ ва хатарзо
– Нависандаи фантаст, шоир, драмматург ва рӯзноманигор. Адаш Истад кист?
– Камина дар солҳои донишҷӯйӣ ба навиштани ҳикоёти илмӣ – хаёлӣ шурӯъ кардам. Ба ғайр аз жанри фантаст, барои хурдтаракон низ ҳамон вақт афсонанависиро оғоз карда будам, ки он ҳама имрӯз дар китоби "Чароғи сеҳрнок" ҷамъ омадаанд. Дар замони Шӯравӣ дар матбуот ё адабиёти реалистӣ-сотсиолистӣ оид ба нуқсонҳои ҷомеа чизе навиштан мамнӯъ ва барои нависандаву гӯяндааш хатарзо буд. Аммо агар гӯед, ки ин ҳодиса дар Шӯравӣ неву дар фалон сайёра рух додааст, проблема баён мешуд, ба гӯши масъулин мерасид, то ҷое ҳал мегардид ва "Главлит" ҳам эроде гирифта наметавонист. Агар бар зидди шумо мешӯрид, дастак доштед, ки бигӯед, ман чунин нагуфтаам, ин дарки хатои шумост ва ин воқеа дар сайёрае рух дода, ки тасаввурӣ аст.
– Чаро ҳоло аз фантастика дур шудаед?
– Баъди ошкорбаёнӣ зарурати бо киноя баён кардан намонд. Аммо агар диққат кунед, унсурҳое аз ин жанр дар эҷодиёти камина ҳоло ҳам мушоҳида мешаванд…
Даргоҳи эҷодӣ
– Шумо фориғуттаҳсили факултаи суханшиносии тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳастед. Пайвандиатон ба рӯзноманигорӣ ва сафар ба Душанбе аз куҷост?
– Вақте Донишгоҳи Самарқандро хатм кардам, он ҷо барои муаллими адабиёти тоҷик ҷой набуд. Ҳамон вақт Абдуқодир Маниёзов барои кор дар Сарредаксияи энсиклопедияи тоҷик ба Тоҷикистон даъват карда, аммо "то прописка накунед, намегирем", гуфтанд. Ба Институти забон ва адабиёт корҷуӣ рафтам. Дар долон бо Валӣ Самад рӯ ба рӯ шудем. Эшон гуфтанд, "Шумо барин фантаст ба миллат хеле зарур аст" ва ба идораи "Комсомоли Тоҷикистон" занг зада гуфтанд:
– Агар ҳоло Адаш Истадро ба кор нагиред, хиёнат ба миллат мекунед! Зеро ба Самарқанд баргашта равад, намесабзад, он ҷо ин хел муҳити адабӣ нест.
Ҳамин тавр, пайванди ман ба Душанбе хӯрд ва камина рӯзноманигор шудам.
– Фаъолияти назаррабои Шумо дар "Адабиёт ва санъат" аст. Чӣ гуна ба ин идора пайвастед?
– Замоне рӯзномаи маъруфи "Маориф ва маданият"-ро ду тақсим карданд: "Омӯзгор" ва "Маданияти Тоҷикистон". Кормандони он ба ду редаксия ҷудо шуданд. Бандаро рафиқон даъват намуданд ва он ҷо ба симати мудири шӯъба корро оғоз кардам. Сипас ин рӯзнома "Адабиёт ва санъат" ном гирифт ва то охирин рӯзҳои дар Тоҷикистон буданам, дар баробари идораи радиои "Тоҷикистон" дар ин даргоҳ кор кардам.
– Баррасии масоили миллӣ, пайдоиши ғояи забони давлатӣ, ҳимояи фарҳанги тоҷик ва хештаншиносӣ бо "Главлит" ё Кумитаи Марказӣ ва ё ниҳоде дигар "дарди сар" эҷодатон карда буд?
"Интернатсионализм аз чӣ сар мешавад?" ("Адабиёт ва санъат", 28-уми май, 1987) чоп шуд. Барои ин мақола бо иштироки муовини раиси Иттифоқи нависандагон Борис Пшеничний маҷлис даъват карда, маро ҷазо доданӣ шуданд, зеро шахси дуввум дар роҳбарияти Кумитаи Марказӣ Лучинский буд, дар ҳар маҷлис мегуфтааст: "Адаш Истад ещё там работает?".
Аскар Ҳаким сардабир буданд, зуд хатои худро ба гардан гирифтанд. Як коммунист зидди ман сухани сахт гуфта, маро ба лаби ҷар наздик бурд. Муаззама, Баҳманёр ва Муҳаммадзамон тарафи камина шуданд. Ҳамин вақт раиси Иттифоқи нависандагон Мӯъмин Қаноат, ки дар Маскав буданд, ногоҳ даромаданд ва гуфтанд: ман мақоларо хондам, он ҷо масъалаҳои муҳим ба муҳокима гузошта шудааст ва муаллифро мебояд, ки доир ба ҳалли он мақолаи алоҳида нависад.
Бо ҳамин маҷлис ҷамъбаст шуд ва минбаъд дар "Адабиёт ва санъат" мақолаҳои камина оид ба додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ, эҳёи хату алифбои пешина ва дигар масоили гуногуни миллӣ хеле зиёд чоп шуданд. Яъне, баъди ин суханони Мӯъмин Қаноат гӯё ғайрати камина ба ҷӯш омад ва мақолаву ҳикояҳои зиёд нависта, чоп кардам.
Гуфтумони хатти форсӣ
– Воқеан, талоши Шумо барои бозгардонидани алифбои форсӣ хеле беш аст. Чаро?
– Камина дар замони мубориза барои мақоми давлатии забони тоҷикӣ бо Муҳаммадраҳими Сайдар мақолае навишта будем, таҳти унвони "Расмулхатти бобоӣ – нури басари моӣ!". Ин мақоларо барои чоп ба сардабири онвақтаи "Адабиёт ва санъат" Аскар Ҳаким супоридем. Мақола баҳсбарангез буд ва мо ҳам мехостем масъалаи бозгашт ба хатти форсӣ дар баҳс бо иштироки васеи донишмандон ва адибон муҳокима шавад.
Аскар Ҳаким мақоларо ба узви шӯрои ҳафтанома, директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт Абдуқодир Маниёзов барои маслиҳат супорид. Он кас мақоларо дар дасти худ 5-6 моҳ нигоҳ доштанд. Дар ин муддат баҳсҳо оид ба мақоми давлатии забони тоҷикӣ ҳал гардида, барои муҳокимаи бозгашт ба хатти форсӣ вақт намонд.
Ҳамин тавр, мақолаи мо дар "Адабиёт ва санъат" 2-юми ноябри соли 1989 чоп шуд. Баъди ин ҳодисаи баёнгари равшани хунукназарии Маниёзов дар нисбати тақдири забон дилам аз эшон тамоман хунук шуд. Агар ҳамон вақт, яъне 30 сол пеш бо мақолаи ману Сайдар баҳсро оғоз мекарданд, паҳлӯҳои гуногуни ин масъала хеле таҳлилу тадқиқ гардида ва имрӯз ба хулосаи қатъӣ расидан имконпазир мегардид.
– Далоили Шумо чӣ буд?
– Масъалаи бозгашт ба хатти форсӣ хеле мураккаб ва бузургтар аз он аст, ки баъзеҳо гумон мекунанд ва бо як даҳон сухани профессор Иброҳим Усмонов ҳал намешавад. Ӯ гуфт: "Хатти форсии арабӣ ҳама овозҳои забони тоҷикиро ифода карда наметавонад". Аммо нагуфт, ки хатти кирилӣ низ бо имлои кунунӣ ҳама овозҳои тоҷикиро ифода карда наметавонад. Хусусан, овозҳои дарозу кӯтоҳро. Шеъри арӯзии мо тақозо дорад, ки овозҳои дарозу кӯтоҳ дар хат ифода шаванд.
Ҳамчунин, чаҳор ҷанбаро аз Пошо Хуросонӣ меорам:
"- забони форсӣ дар тӯли мавҷудияти худ бисту панҷ миллион калима сохтааст, ки гувоҳ ба хиради олии форсизабонон аст. Ҳеҷ як забони дигар ин қадар калима сохта натавонистаааст;
– дар ягон забони дигар луғатномае ба мисли "Луғатномаи Деҳхудо" дар 17 ҷилд ва ё "Фарҳанги Муин"-ро дар 6 ҷилд пайдо карда наметавонед;
– забони форсӣ дар 28 кишвари ҷаҳон мавриди истифодаи мардум аст ва бо ҳамин хатти арабиасоси худ. Танҳо дар Варорӯд, яъне Мовароуннаҳр 29-ум кишвар Тоҷикистон аст, ки пофишорӣ дорад;
– забони форсӣ байни забонҳои пуркорбурди интернетӣ дар мақоми 13-ум қарор дорад";
Гуфтаниям, ки мо тоҷикон боз бо карахтии фикрӣ номи забонамонро ба асли худ форсӣ наномида, хату алифбои 1300-соларо пушти по задан гирем, аз ҳамаи ин шӯҳрате, ки забони форсӣ дар ҷаҳон дорад, берун хоҳем монд.
Зиёда аз ин, ин дар пеши назари мардуми ҷаҳон нишони заифхирадии мо хоҳад буд. Мо барои барқарор кардани хату алифбои форсӣ дар се даҳсолаи истиқлол қариб коре накардем. Ин гуноҳи азими моро оё наслҳои оянда мебахшида бошанд? Намедонам…
– Ҷумъабой Азизқулов, адабиётшинос ва энсиклопедисти шинохта, дар як сӯҳбат гуфта буданд: "…агар мо ба хатти ниёгонамон баргардем, сад соли дигар аз дунё ақиб мемонем!". Шумо ба ин чӣ мегӯед?
– Пешвои ҷадидон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ барои мардуми мо донистани чор забонро зарур дониста аст. Донистани хатти ниёгон дигар асту гузаштани забони тоҷикӣ ба хатти пешин дигар. Фарҳанги тоҷикӣ форсии мусулмонӣ ном дорад, на форсии кирилӣ!
Талафоти азими фарҳангӣ дар гузариш ба хатти кириллиро медонед чист? Мардуми тоҷик аз мероси адабиёти ҳазорсолаи худ, ки бо ин хат эҷод шуда буданд, ҷудо шуд. Дар 70-соли Шӯравӣ танҳо қисме аз он мероси бузург ба кириллии тоҷикӣ баргардон ва чоп гардид. Ҳамчунин, аз дастовардҳои фарҳангие, ки минбаъд дар кишварҳои дигари форсизабон — Эрону Афғонистон ба вуҷуд меомаданд, ҷудо шудем. Бавижа, Эрон ҳар навоварии илмиву техникие, ки дар Ғарб пайдо мешуд, зуд тарҷимаву нашр мекард ва хонандаи тоҷик аз ҳамаи ин маҳрум гардид. Тоҷикон ба умеди он монданд, ки кай русҳо аз забонҳои аврупоӣ баргардон мекунанд ва русҳо бошанд, аксар дер ба чунин кор иқдом менамуданд, чун монеъаҳои идеологӣ доранд.
Адаш Истад — 7 сентябри соли 1946 дар деҳаи Ӯташиқи ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд ба олам омадааст. Ӯ баъди хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд солҳо дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маданияти Тоҷикистон» (сипас он «Адабиёт ва санъат» ном гирифт), радиои Тоҷикистон, нашрияҳои «Овози Самарқанд», «Овози тоҷик», радиои «Озодӣ» ва радиои «Садои Хуросон» фаъолият кардааст. Мақолаҳои машҳури А.Истад асосан ба эҳёи фарҳанги ғании миллӣ бахшида шудаанд ва «Анъанаи нек куҷост?» («Адабиёт ва санъат», 11 августи с.1988), «Номҳо — нишони маърифат» («Адабиёт ва санъат», 8 декабри соли 1988), «Забони миллат — пояи миллат» («Комсомоли Тоҷикистон», 7 декабри соли 1988), «Хоҷа Аҳрор кӣ буд?» («Тоҷикистони советӣ», 27 ноябри соли 1988), «Расмулхатти бобоӣ — нури басари моӣ!» (Адабиёт ва санъат», 2 ноябри соли 1989), «Миллати тоҷикро тақсим накунед!» («Адабиёт ва санъат», 5 августи соли 1991), «Рамзҳои миллӣ кадомҳоянд?» ва ғайра дар байни зиёиён гарм пазироӣ шудаанд. Адаш Истад узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1975) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Соли 1990 барои як силсила мақолаҳои дар руҳияи ошкорбаёнӣ навиштааш, ӯ ба мукофоти ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф гардидааст.
Бубинед, дар Ҷопону Чину Куриё мушкилтарин хат – иероглифҳост. Теъдоди онҳо 85 ҳазору 868-то будааст. Ҳама инро дар ёд нигоҳ доштан заҳмати азимест. Азбаски онҳо ба ривоҷи фикрӣ хизмат мекунанд, каллиграфияи миллӣ ҳисоб меёбанд, ин кишварҳо ҳеҷ гоҳ ба хатти лотинӣ гузаштанӣ нестанд! Мо бошем, дар омӯхтани 32 ҳарфи форсӣ мелангем. Ин танҳо нишонаи танбалист. Инглисиро бо шавқ меомӯзем, зеро забони бузурги илму адаб аст, мақоми ҷаҳонӣ дораду барои ҷои кори серпул ёфтан лозим меояд. Вале омӯхтани форсӣ нисбат ба инглисӣ осонтар аст, онро бо ин ки намеомӯзем, пешпо ҳам мезанем. Бояд бигӯям, ки дар замони пешрафти технология баргардони хатро аз як забон ба дигар забон бо компютер ва смартфон кардан мумкин ва форсӣ дар ин радда ҳатман ҳаст. Аммо тоҷикии кириллӣ вуҷуд дорад?
Вақти хондани матни форсӣ мағзи инсон гӯё доим дар тамрин аст ва ин фикррониро ривоҷ медиҳад. Муҳимтар аз ҳама ба хатти форсӣ ягон кундфаҳм саводнок шуда наметавонад. Он бесаводоне, ки дар курсии мансаб нишастаанд, аз ҳамин метарсанд ва бар сари тарафдорони хатти форсӣ ҳар гуна тӯҳмату бӯҳтон бор мекунанд, аз қабили он ки гӯё инҳо эронпарасту исломпараст бошанд. Ҳол он ки ягон кас аз тарафдорони хатти форсӣ дар Тоҷикистон тарафдори режими ҳозираи Эрон нест ва ё исломӣ шудани Тоҷикистонро имрӯз кӣ даъво кардааст?
Хатти кириллӣ ба он дараҷа забони модарии моро дурушт намуд, ки ровии телевизион ба даҳони ягон роҳгузари ҳатто маълумоти олидор микрафон бидорад, он шахс ба посухи саволи ӯ чанд ҷумлаи пурмаъно ва равон гуфта наметавонад. Аммо як бачаи афғонро дар ҳамон вазъ мебинед, ки ҷое дар намонда, равон ҳарф мезанад, ҳол он ки дар Афғонистон ҷанг асту ҳамагӣ ду-се сол дар дабистон таҳсил кардааст.
Ситоди махфӣ ва ситодҳои ошкоро
– Барои ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додан низ саҳми Шуморо кам намедонанд…
– Барои ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додан мубориза хавфнок буд. Банда бо кормандони "Адабиёт ва санъат" ва "Садои Шарқ" замоне дар Душанбе як ситоди махфӣ ташкил додем ва вақте ки дар шаҳру ноҳияҳо ба муроҷиати мо — журналистон ҳазорҳо имзо ҷамъ карда, ба Шӯрои Олӣ фиристоданд, дар идораи "Ҷумҳурият" ва "Комсомоли Тоҷикистон" ситодҳои ошкор ташкил шуд.
Боре Муҳаммадзамони Солеҳ гуфт:
– Ба кори мо шарикон зиёд шуд, ба номи худ мекунанд ин корномаро.
Гуфтамаш, бигзор чунин бошад, охир мо барои шӯҳрат ин корро накардаем.
Ҳамин тавр, Борис Пшеничний, ки барои назорати фаъолияти ИН муовини Мӯъмин Қаноат таъйин шуда буд, дар як пленум гуфт: "ҳеҷ мумкин нест, ки дар ташкили ин қадар имзо иштироки ягон ташкилоти махфӣ набошад…"
Ба ростӣ, мо касеро ҷалб накарда будем. Ягон устодонро низ. Аммо Лоиқ огоҳ шуданд ва худ гуфтанд, "натарсед, ман тарафдори шумо".
Ҳиҷрати Самарқанд
– Чаро аз Тоҷикистон рафтед?
– Соли 1993 вақте вазифаи муовини сармуҳаррири "Адабиёт ва санъат"-ро вогузошта, ба Самарқанд омадам, аз пасам овоза шуда, ки "аз ҷанги шаҳрвандӣ фирор кард". Вале ин маҳаки асосӣ набуд! Ман аз муносибати сард ранҷида, ба Самарқанд накӯчидам.
Воқеан, замоне Ҳайрат Шанбезода ва Арбоб Вадуд "ба Самарқанд дафъ шавед" гуён ҳуҷумам карданд. Вале камина аз ин ҳодиса наранҷидам, зеро Давлат Худоназаров, Гулрухсор ва Лоиқ барин намояндагони бузурги фарҳангро намояндаи халқи тоҷик меҳисобам, на ду дарвешро.
Лекин баъди он ки маро "дафъ шавед" гуфтанд, баъзе занҳо низ "шумо самарқандиҳо кай ба Самарқандатон дафъ мешаветон?" гӯён дар мағоза ба ҳамсарам ҳуҷуми даҳонӣ кардаанду вай ранҷур шуда, ба Самарқанд баргашт ва ба парастории падару модари бемораш моҳҳои дароз андармон шуд.
Ман бо писарбачаи маъюбам дар Душанбе дар азоб мондам. Ҳамчунин, вақте духтарам дар Институти тиббӣ таҳсили илм мекард, он ҷо донишҷӯёни "боевик" зиёд шуданд. Маҷбур шудам, то ӯро ба Институти Самарқанд гузаронам.
Ӯ ин ҷо ба шавҳар баромад. Ҳамсарам ҳамин ҷо монд. Рӯзномаҳои тоҷикии Самарқанд ба кор таклифам карданд ва воқеан ба кадр ниёз доштанд. Барои тарбияи кадрҳо ин ҷо мондани камина лозим омад. Инҳо ва боз сабабҳои дигар маро дар Самарқанд пойбанд кард.
– Аз ҷониби ягон ниҳоде аз Тоҷикистон боре даъвати баргаштатонро карданд? Ё шуда, ки худ азми омадан карда бошед?
– Хонаи дар Душанбе бударо беш аз 10 сол пеш фурӯхтам. То ин вақт умеди баргаштан буд. Аммо дар як сафар фаҳмидам, ки он муҳите, ки замоне эҷод шуда буд, дигар нест. Инро дар сӯҳбатҳо Баҳманёр ва дигар рафиқон таъкид мекарданд, ҳатто дар як сӯҳбати телефонӣ худобиёмурз Сафарбеки Солеҳ ҳам гуфт: "дар Душанбе дигар самимият намондааст".
Ифтихори миллӣ аздастовардҳои пешиниён?
– Пас аз ба нармӣ гароидани муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистон аҳли зиё ва оммаи тоҷикони ду сӯи сарҳад шодком гардиданд ва натоиҷе ҳам ба бор овард, ки якеаш моҳе қабл Шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд боз шуд. Вале ба пиндори Шумо ин ҳама то куҷо ва чӣ андоза пайвандгари ду кишвар ва ду халқ буда метавонад?
– Самарқанду Бухоро ва дигар марзи тоҷикнишини Ӯзбекистон имрӯз моли давлати Ӯзбекистон аст ва ҳама гуна даъвоҳои марзӣ дӯстии байни ин ҳамсояҳоро аз байн мебарад. Мо бояд ба таърих муносибати худро дигар кунем.
Ифтихори миллӣ набояд бар асоси дастовардҳои пешиниён бошад. Рӯдакӣ, Ибни Сино ё Берунӣ – ҳама дигар моли таъриханд. Миллат набояд оқибнигар, балки имрӯзбин ва ояндасоз бошад.
Ягон итолиёвӣ магар фахр мекунад, ки порлумон ё ҳуқуқи Римӣ эҷоди онҳо буд? Оё бо он қадар файласуфонаш, назири Суқроту Афлотун фахр мекунад?
– Тоҷикони Ӯзбекистон ба "фирори мағзҳо" то чӣ ҳад мувоҷеҳ ҳастанд?
– Бисёр масоил, аз ҷумла вазъи маорифи миллӣ ва фарҳанг ба иқтисод вобастагӣ дорад. Иқтисод, ки паст бошад, мардум барои ҳалли мушкил ба кишварҳои дур мераванд. 30 соли охир вазъи иқтисодии аксарияти аҳолӣ беҳ шуд гуфта наметавонам, зеро ки худатон медонед, тоҷикон чӣ қадар дар кишварҳои дигар кору зиндагӣ мекунанд. Албатта, ин вазъ муваққатӣ аст. Аз ҳоло маълум, онҳо дар Ватани худ хона мехаранд, агар фарзандро хонадор кардан хоҳанд, арӯсро аз байни духтарони зодгоҳи худ меҷӯянд. Тахмин, баъди чанд сол бозгашташон ба Ватан оғоз мешавад. Суст шудани қишри донои тоҷикони Ӯзбекистон ба сабаби кӯчидан ба кишварҳои ғарбӣ аст, ки ба ҳастии фарҳанги тоҷик дар ин марз таъсири манфӣ дошту дорад.
Вале дар Ӯзбекистон ва берун аз он сиёсатмадороне ҳастанд, ки тоҷикони Ӯзбекистонро миллати таҳҷоӣ не, диаспора, яъне омада меҳисобанд. Ин мафкураи вайронаро дар як конфронси байналмилалӣ дар Донишгоҳи забонҳои хориҷӣ дар Самарқанд шунида будам, ки муовини вазири хориҷаи Англия изҳор ва талаб намуд, "тоҷикони Ӯзбекистон ба забони ӯзбекӣ гузаранд".
Эталони миллии тоҷик
– Барои "шиносонидани тоҷик бар тоҷик" (таъбири устод Лоиқ) чӣ бояд кард?
– Медонед, дар байни рӯшанфикрон ақидаи дурусте мавҷуд аст, ки миллат танҳо қисми бофарҳанги ҳар як қавм ё мардум аст. Бофарҳанг будан, яъне соҳиби маданияти баланди инсонӣ будан аст, ки ахлоқи ҳамида асоси онро ташкил мекунад. Фоҳиша, дузд ва дигар унсури ҷинояткору бадахлоқ бо шумо ҳамқавм буда метавонад, аммо ҳаммиллат нест. Аносири ҷиноӣ, бадахлоқи қавми тоҷик ҳақ надорад, то худро бо устод Айниву Турсунзода, Бобоҷон Ғафурову Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳаммиллат ҳисоб кунад. Эталони миллии тоҷикро чунин бузургмардон таъин намудаанд.
– Дар зимн, шер ва маъниву мафҳуми ин вожа чаро таваҷҷуҳи Шуморо зиёд ҷалб намуда: бар он дараҷае, ки пешниҳод доред, то дар Нишони давлатии Тоҷикистон ин рамз илова шавад?
– Шер дар герби аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз герби ягон давлати дигар гирифта нашудааст. Дар озмуни лоиҳаи герби Тоҷикистони соҳибистиқлол чандин гербҳо бо сурати шерҳо пешниҳод шуда буданд. Ин суратҳои шерҳо решаҳои фарҳанги тоҷикро бо замони оини меҳрпарастӣ таъкид мекарданд, чун шер рамзи хуршед низ ба ҳисоб меравад.
Тахмин мекунам, ҳамон зани ғайритоҷике, ки аз камфарҳангии депутатҳои собиқ истифода намуда аз герб берун кардани шерро ба овоз монд ва ба мақсади нопоки худ расид, одами аз ин гапҳо бехабар набуд. Дар иҷлосияи қабули герб оиди маъноҳои ҳар як унсури он Мӯъмин Қаноат муфассал суханронӣ карда буд ва баъд зиёда аз як соат ба суолҳои вакилони мардумӣ посух дод.
Дар вақти муҳокимаи лоиҳаи герб маълум шуда буд, ки ҳама дар қолаби герби замони шӯравии ҷумҳурӣ фикр мекунанд. Талаб мекарданд, ки дар герб ҳам пунба, ҳам гандум, ҳам ангур, ҳам кӯҳ ва ғайраҳо бошад. Дар натиҷа герб асосан нишони вазорати кишоварзӣ гардид. Ҳамин тавр, ҳам рӯшанфикрони тоҷик, ҳам ҳукуматдорону мардумро як нафар тавонист фиреб диҳад.
Ҳол он ки герби давлатӣ нишони сарзамин, мардум ё вазоратхонаҳо не, бояд пеш аз ҳама нишони давлат бошад, аз вазифаи асосии ин давлат, фарҳанги хеле бостонии давлатдорӣ огоҳӣ бидиҳад. Агар аз рӯи он ки ҷумҳурӣ чӣ бештар истеҳсол мекунад, фикр кунӣ, мебояд, ки баъди чанд сол сурати нерӯгоҳҳои барқиро бо симчӯбҳою трансформаторҳо вориди герб намоӣ.
– Солҳои охир ба чӣ коре эҷодӣ машғулед?
– Қаламкашии худро идома медиҳам ва он ҳамаро дар блоги шахсиам ҷойгир мекунам. Ба ман мустақилона навиштани афкори шахсиямро Анастасия Иванова омӯзонида буданд. Аз осори адибони рус низ бисёр омӯхтаам. Миллатгаро нестам, аммо дилам ба миллатам месӯзад, ки бо ин қадар таърихи бой ва классикону бузургони илму адаб мо – тоҷикон пешрафти назаррас накардаем.


