Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 сентябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 8 СЕНТЯБР

– Дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои олимпии то 23-сола идома дорад. Он аз 3 то 9-уми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон давом мекунад. Барои роҳхат ба қисми ниҳоӣ тимҳои Тоҷикистон, Сурия, Филиппин ва Непал мубориза мебаранд. Ғолибони гурӯҳ ва чор дастаи беҳтарин аз ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоӣ, ки моҳи январ дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

– Дар осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии истиқлоли давдатӣ намоишгоҳ ташкил гардидааст. Дар он 26 асари тасвирии рассомони ҷавони тоҷик дар аҳди истиқлолият ба намоиш гузошта шудааст. Намоишгоҳ то 15-уми сентябр идома мекунад.

– Дар “Serena Art Gallery” намоишгоҳи шахсии Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро боздид кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 8 СЕНТЯБР

Соли 2006 – Дар Душанбе чорумин Форуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баргузор шуд.

Соли 2006 – Дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ Неругоҳи барқии обии "Пшихарв" ба истифода дода шуд.

Соли 2008 – Дар Тоҷикистон соли 2009 ҳамчун "Соли Имоми Аъзам – асосгузори мазҳаби ҳанафӣ" эълон гардид.

Соли 2009 – Дар маҳаллаи Лучоб барои аввалин Маркази барқу гармидиҳии Тоҷикистон санги асос гузошта шуд.

Соли 2017 – Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар Тоҷикистон аввалин ва дар минтақа сеюмин шаҳодатномаи узвият дар Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA)-ро ба даст овард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1959 – Мавлуди Далер Назаров, оҳангсоз ва сароянда номвари тоҷик.

МЕДИА (YOUTUBE)

Далер Назаров оҳангсоз, сарояндаи маъруфи тоҷик буда, дар оилаи нависанда ва санъатшинос Меҳрубон Назаров таваллуд шуд ва хатмкардаи факултаи филологияи руси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ӯ яке аз чеҳраҳои барҷастаи фарҳангу санъати тоҷик ба ҳисоб меравад.

Ӯ фаъолияти ҳунарии худро аз охири солҳои 1970 ва ибтидои солҳои 1980 оғоз кард ва то имрӯз — беш аз 45 сол — дар саҳна фаъолият дорад. Назаров бештар умри худро дар Душанбе гузаронидааст, вале дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ маҷбур шуд кишварро тарк намояд ва чанд сол дар шаҳри Алмотии Қазоқистон зиндагӣ кард. Баъд аз поёни ҷанг ӯ ба Душанбе баргашт.

Далер Назаров бо сабки махсуси худ маъруф аст, ки мусиқии фолклории тоҷикро бо оҳангҳои муосир ва унсурҳои "поп-фолк" омезиш медиҳад. Сурудҳои ӯ ҳамеша рӯҳияи миллиро бо ҳиссиёти инсонӣ пайванд медиҳанд.

Аксари таронаҳои ӯ хитҳоеанд, ки то ба ҳол тозагиву ҷазабаи худро гум накардаанд ва шӯҳрати ӯро ба хориҷ аз марзҳои Тоҷикистон бурдаанд, аз қабили "Турки шерозӣ", "Эй парӣ" ва "Чак-чаки борон", ки дар солҳои 80 – уми асри гузашта офарида шудаанд. Яке аз хитҳои охирини ӯ таронаи “Мастам” аст, ки солҳо ба ин сӯ зеби маҳофил шудааст.

Далер Назаров ҳудуди 10 албоми тарона нашр кардааст. Таронаҳои ӯро овозхонҳои Русия, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо бозхонӣ кардаанд.

Ӯ ҳамчунин ҳамчун оҳангсоз барои рӯйи саҳна омадани як қатор филмҳо, аз ҷумла, "Маҳбуб", "Падари моҳтобӣ", "Асрори мавлудӣ", Инглистон", "Муҷассамаи ишқ" саҳм дорад.

 

5 сентябри соли 2024 бо Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуд.

Соли 2001 – Абдураҳим Раҳимов, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон дар бо чанд тир аз ҷониби ашхоси ношинос дар Душанбе кушта шуд.

Соли 2013 – Аъзам Солиев, оҳангсози маъруф дар 71-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии саводнокӣ таҷлил мегардад. Ин яке аз рӯзҳои байналмилалӣ дар низоми СММ буда, соли 1966 аз ҷониби ЮНЕСКО таъсис дода шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳадафи асосии он хотиррасон кардани аҳамияти саводнокӣ дар зиндагии инсон ва ҷомеа, инчунин зарурати тақвияти талошҳо барои густариши он мебошад.

Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас, тибқи маълумоти ЮНЕСКО, дар ҷаҳон 750 миллион калонсол (аз ҷумла 102 миллион ҷавони 15–24-сола) аз малакаҳои ибтидоии саводнокӣ маҳруманд. Ҳар шашумин кудак аз даҳ тифл ва наврас (617 миллион нафар) хонда ва ҳисоб карда наметавонанд ва тақрибан 267 миллион кӯдак ба мактаб намераванд.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии рӯзноманигорон аст. Ин рӯз соли 1958 дар шаҳри Бухарест, дар Конгресси IV-и Созмони байналмилалии рӯзноманигорон таъсис ёфт. Тибқи қарори вакилон, рӯзноманигорони ҳамаи кишварҳо бояд дар ин рӯз ваҳдат ва ҳамбастагии худро барои ҳимояи ҳуқуқҳои касбӣ нишон диҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сабаби интихоби ин сана воқеаҳои фоҷиабор аст. 8 сентябри соли 1943 дар Олмон рӯзноманигор ва нависандаи зиддифашисти чех Юлиус Фучик ба қатл расид. Китоби ӯ "Гузориш бо дор дар гардан", ки дар зиндон навиштааст, баъди маргаш ба 70 забон тарҷума шуд. Аз соли 1958 ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии рӯзноманигорон қайд мегардад.

8-уми сентябри соли 1941 муҳосираи 872-рӯзаи Ленинград оғоз ёфт. Нақшаи Гитлер аз байн бурдани шаҳр ва нобуд сохтани дифоъчиён буд. Аз 13-уми сентябр тирборон ва бомбаборон оғоз гардид, ки то охири ҷанг идома ёфт.

Дар дохили шаҳр зиёда аз 2,5 миллион нафар, аз ҷумла 400 ҳазор кӯдак монданд. Норасоии ғизо ва сӯзишворӣ, сармо, бомбаборон ва қатъи нақлиёт боиси марги садҳо ҳазор одамон шуд. 18-уми январи соли 1943 муҳосира рахна ва 27-уми январи соли 1944 пурра бартараф шуд

ИЗОБРАЖЕНИЕ

8-уми сентябри соли 1636 Донишгоҳи Ҳарвард – яке аз муассисаҳои бонуфузи илмии Амрико таъсис ёфт. Бо қарори маҷлиси қонунбарори колонияи иёлати Массачусетс дар шаҳри Кембриҷ, дар наздикии Бостон коллеҷ бунёд гардид. Соли 1639 ба он номи аввалин хайрхоҳ ва рӯҳонӣ Ҷон Ҳарвард дода шуд, ки нисфи амвол ва китобхонаи худро ба коллеҷ васият карда буд. Дар чаҳоряки аввали асри XIX коллеҷ мақоми донишгоҳро гирифт.

Имрӯз Ҳарвард чандин осорхонаҳои мустақил дорад, аз ҷумла, осорхонаи ботаникӣ (бо коллексияи нодири "гиёҳҳои шишагӣ"), осорхонаи зоологияи муқоисавӣ, минералогия ва геология, инчунин осорхонаи бостоншиносӣ ва этнология. Ҳарвард на танҳо боғҳои ботаникӣ, балки ҳатто ҷангалхонаи худашро низ дорад, ки муҳаққиқон сол ба сол зиндагии онро меомӯзанд.

Ҳамчунин, донишгоҳ соҳиби яке аз бузургтарин китобхонаҳои илмии ҷаҳон мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Донишгоҳ аз 12 мактаб ва Институти таҳқиқоти пешрафтаи Рэдклифф ва 7 факултет иборат аст. Озмун ба тамоми ихтисосҳо хеле шадид аст, вале бештар аз ҳама самтҳои тиб, ҳуқуқшиносӣ, тиҷорат ва сиёсатшиносӣ маъмул мебошанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 8 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 33+35º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º, дар баъзе минтақаҳо то 8+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 31+33º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 30+32º гарм. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...