Баъди шадид шудани муҷозот, сокинони кишвар ба хидмати фолбину ҷодугарони ҳамсоякишварҳо рӯ овардаанд

Фарзона Муродӣ, Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Баъди дар Тоҷикистон шадид шудани муҷозот барои истифода аз хидмати фолбину ҷодугар ва сеҳрдон, баъзе сокинони кишвар ба суроғи “хадамот”-и фолбинони кишварҳои ҳамсоя рафтаанд.

Чанде қабл, дар кишвар барои истифода аз хидмати фолбину ҷодугар расман муҷозот таъин шуд. Минбаъд нисбати онҳое, ки ба назди фолбину ҷодугар рафта, аз хидмати онҳо истифода мекунанд, ҷазо дар намуди ҷарима аз 3750 то 4500 сомонӣ татбиқ мешавад.

Баъди ин, Вазорати корҳои дохилӣ аз муҷозоти чанд нафаре ҳам бо нашри аксҳояшон хабар дод, ки аз хидмати фолбину ҷодугару сеҳрдон истифода кардаанд.

Муборизаи мақомоти тоҷик бо фолбинону ҷодугарону чеҳрдонҳо ва “муштариҳо”-и онҳо зоҳиран сокинони кишварро ба суроғи “мутахассисон”-и кишварҳои ҳамсоя бурдааст.

Аз ҷумла, дар наворе, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки як зан ба назди  марди “дуохону ҷинбарор” рафта, аз “хидмат”-и ӯ истифода мекунад. Ин марди “дуохону ҷинбарор” худро Иқбол Солиев муаррифӣ мекунад ва бо забони ӯзбекӣ ҳарф мезанад. Аммо дақиқ нест, ки ӯ аз кадом минтақаи Ӯзбекистон аст. Муштарии ӯ бошад, худро сокини шаҳри Душанбеи Тоҷикистон мегӯяд.

Дар навор мушоҳида мешавад, ки Иқбол Солиев аз зан нахуст дардашро мепурсад ва баъд бо роҳи ламс кардан  аз ӯ мепурсад, ки “худро сабук ҳис мекунад ё не”. Он зан посух медиҳад, ки “сабук ва нағз шудааст”.

Баъди ин, Иқбол Солиев эълон медорад, ки “ба наздикӣ ба Душанбе меояд”, аммо санаи дақиқиро намегӯяд.

Дар наворҳои дигаре низ мушоҳида мешавад, ки сокинони кишвар ба назди ин “табиб” мераванд ва ӯ тариқи ламс онҳо “даво” мебахшад.

Талошҳои мо барои пайдо кардану тамос бо ин зан ва Иқбол Солиев бенатиҷа анҷомид. Аксари онҳое, ки аз хадамоти фолбину ҷодугару сеҳрдон истифода мекунанд, аз тарси муҷозот дар Тоҷикистон, аз суҳбат бо расонаҳо дурӣ меҷӯянд.

Наворҳо, ки сокинони кишвар барои фолбиниву ҷодугарӣ ба кишвари ҳамсоя рафтаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд мечарханд.

 

“Мардум зудбовар ҳастанд”

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, сардори шӯрои уламои дини вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” муроҷиати шаҳрвандонро ба фолбину ҷодугар маҳкум карда, гуфт, “шаҳрвандон зудбовар ҳастанд”.

“Дар Ӯзбекистон як нафар пайдо шудааст, ки иддао дорад, гӯё дасташ қуввае дорад, ки одамонро бо ламс кардан табобат мекунад. Ин фиреби маҳз аст ва мардум набояд ба он бовар кунанд. Барои табобат мо шифохаҳо дорем ва шахси солимфикр ба гуфтаҳои ин гуна фиребгарон бовар намекунанд”,-таъкид кард Мӯсозода.

Мӯсозода мегӯяд, ки “дини ислом машғул шудан ба сеҳру соҳирӣ, фолбинию ҷодугариро маҳкум мекунад”.

Қаблан Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии кишвар низ дар маърӯзааш дар намози ҷумъа гуфта буд, ки ҳар мусулмоне, ки назди фолбину ҷодугар меравад, кофир мешавад ва никоҳаш ботил мегардад.

Бояд гуфт, як сол охир мақомоти Тоҷикистон мубориза бо фолбину ҷодугарро пурзур кардаанд. Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ  мақомот беш аз 495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро ошкор кардаанд.

Соли гузашта ҷазо барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ сахттар шуд. Парлумони кишвар ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид кард ва андозаи ҷарима аз 80 то 100 нишондиҳанда ва ҳабси маъмурӣ аз 10 то 15 шабонарӯз таъин гардид. Пештар ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳандаро ташкил мекард.

Ҳамчунин, бар асоси тағйироте, ки ба моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ворид гардид, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ (агар чунин кирдор давоми сол баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад) аз 1,500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз як то ду соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Қаблан барои ин кирдор танҳо ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.