Коршиносони як бонки байналмилалӣ гуфтанд, ки кай Тоҷикистон аз муҳоҷират “халос” мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) пешгӯӣ кардаанд, ки аломатҳои нахустини коҳиши  муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон баъди 10 сол оғоз шуда, эҳтимол пас аз 30 сол Тоҷикистон пурра аз муҳоҷирати корӣ "халос" шавад.

"Агар дар бораи вақте сухан гӯем, ки ин тағйиротҳо бояд барои таҳлили иқтисоди кишвар ба ҳисоб гирифта шаванд, метавон муҳлати миёнаи ин ду давра – тақрибан 20 солро ном бурд", – зикр мешавад дар Гузориши моҳи сентябри макроиқтисодии БАОР.

Муаллифони гузориш бар ин назаранд, ки наздикшавии маош ва нишондиҳандаҳои демографии Тоҷикистон бо Русия ба ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ хоҳад дошт.

"Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои содиркунандаи қувваи корӣ дар минтақа фарқияти маош бо Русияро кам мекунад. Тайи 4-5 соли охир маоши миёна дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Арманистон бо музди меҳнати миёна дар Русия наздик мешаванд", – навиштаанд онҳо.

Тибқи арзёбии БАОР, маош дар Тоҷикистон нисбат ба Русия пасттар аст, вале ин фарқият дар даҳсолаи ҷорӣ коҳиш меёбад.

"Бо мурури замон ин раванд ба он оварда мерасонад, ки фарқияти маош дар миинтақа ба таври назаррас коҳиш меёбад (ҳарчанд пурра аз байн намеравад). Камшавии фарқият дар маош ба коҳиши ҷараёни муҳоҷирати корӣ байни давлатҳо – аъзои БАОР боис мегардад", – пешгӯӣ мешавад дар гузориш.

Дар он таъкид мегардад, ки ба ҷуз фарқият дар маош, фаъолмандии ҷараёни муҳоҷират бо демография низ муайян карда мешавад.

“Дар кишвраҳои манбаи муҳоҷират бояд гурӯҳҳои сершумори аҳолии синнусоли нисбатан ҷавон вуҷуд дошта бошанд, ки ба ҷустуҷӯи кор дар хориҷи кишвар омодаанд. Мавҷуд будани чунин гурӯҳҳо дар як қатор давлатҳои узви БАОР бо сатҳи таваллуд баланди хос дар онҳо маънидод мешавад: тайи даҳсолаҳои ахир ин нишондиҳанда дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон на танҳо аз нишондиҳандаҳо дар Русия, балки аз нишондиҳандаи миёна дар ҷаҳон зиёданд.

Бо вуҷуди ин, вазъият аз лиҳози демографӣ тағйир меёбад. Тоҷикистон ба кишварҳои дорои иқтисоди рушдёфтаи минтақа аз рӯи нишондиҳандаҳои демографӣ наздик мешавад”, – чунин мешуморанд мутахассисони БАОР.

Онҳо зикр мекунанд, ки теъдоди таваллуд ба ҳисоби 1000 нафари аҳолӣ дар Тоҷикистон тадриҷан 1-2 нафар дар як сол кам мешавад.

Дар гузориш гуфта мешавад, интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон яке аз муҳаррикҳои калидӣ барои иқтисоди кишвар боқӣ мемонад.

“Интиқоли маблағҳо, ки дар тавозуни пардохт ҳамчун “маоши кормандон” ва “интиқоли шахсони воқеӣ” зикр мешаванд, қариб нисф (47,6%)-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистонро дар соли 2024 ташкил медиҳанд”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Зикр мегардад, ки Тоҷикистон давоми 20 сол аст, ки яке аз пешсафон дар ҷаҳон аз лиҳози таносуби интиқоли маблағ нисбат ба ММД мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...