Чӣ гуна шоҳроҳи нави Обигарм – Нуробод ҳаёти одамон ва манзараи Тоҷикистонро тағйир медиҳад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Шоҳроҳи Обигарм – Нуробод Душанберо бо ноҳияҳои шимолу шарқи Тоҷикистон пайваста, то марз бо Қирғизистон тӯл мекашад. Рӯзи 26 августи соли 2025 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қитъаҳои аввали роҳро боз намуд. Лоиҳа бо дастгирии Бонки осиёии рушд (БОР) ва Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) амалӣ мешавад.

Ба туфайли шоҳроҳи нав сокинони зиёда аз 20 маҳаллаи аҳолинишин акнун тезтар ва бехатар ба кору мактаб ва бемористон мераванд.

Роҳе, ки миёни шахҳо сохта шуд

Дар аввали роҳ лавҳаи иттиллотӣ бо рақамҳо насб шудааст, ки солҳо заҳмат паси худ доранд. Роҳи нави масофааш 30 километр ва 100 метр дар релйефи душвори кӯҳӣ сохта шудааст. Дар ин ҷо 6 пул, 2 нақб, 76 қубурҳои обгузар, инчунин деворҳои такягоҳӣ бо ҳаҷми зиёда аз 112 ҳазор метри мукааб ва 184 ҳазор метри мукааб иншоот барои мустаҳкам кардани нишебиҳо бунёд шудааст.

Сохтмони шоҳроҳи мазкур 18 июни соли 2021 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2025 ба охир расид.

Менеҷери лоиҳа Шоҳназир Ҷобиров аз Маркази татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт изҳор дошт, ки дар давраи авҷи корҳо ҳудуди 200 техникаи муосир ба бунёди роҳ ҷалб шудаанд.

“87%-и кормандони мо сокинони маҳаллӣ буданд. Барои аксарият ин роҳ на танҳо лоиҳаи нақлиётӣ, балки як манбаи даромад барои оила шуд”, – зикр кард Ҷобиров.

Ба масъалаи бехатарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Дар нақбҳо дар Тоҷикистон бори аввал низомҳои муосир – сӯхторхомӯшкунӣ, хавософкунӣ, рӯшноидиҳанда, огоҳкунӣ ва роҳҳои баромад ҳангоми садама ҷорӣ шуданд.

Дар назди даромадгоҳ ба нақбҳо биноҳои маъмурӣ, нуқтаҳои назорати гузаштан, анбор ва генераторҳои эҳтиётӣ сохта шудааст, ки ҳатто ҳангоми қати нерӯи барқ кори доимии нақбро таъмин мекунанд.

Аз нақша то серпантин

Қитъаи душвортарини кӯҳии Обигарм–Тагикамар (30,1 км) ҳоло ба шоҳроҳи ҳамвору қулай барои ҳаракат табдил ёфтааст. Ин лоиҳа қисми долонҳои CAREC 2, 3 ва 5 буда, бо маблағгузории Бонки осиёии рушд ва Фонди ОПЕК бунёд шудааст. Дар ин ҷо технологияи муосири рӯйпӯши роҳ истифода гардид: се қабати асфалт бо ғафсии умумии 15 сантиметр, паҳнои роҳ 8 то 12 метр ва хатҳои иловагӣ дар нишебиҳо барои ба пеш гузаштан.

“Ҳар як метри ин роҳ ба осонӣ ба даст наомад, — ба ёд меорад менеҷери лоиҳа Шоҳназир Ҷобиров. — Мо нишебиҳоро бо деворҳои бетонҳои арматура ва оҳан мустаҳкам кардем, то ки роҳ ба озмоиши вақту табиат тоб орад. Муҳимтаринаш он аст, ки мо аз ӯҳдааш баромадем”.

Хати сабз миёни сангҳо

Дар баландии кӯҳҳо роҳи нав на танҳо кӯҳҳоро шикофта гузашт, балки як камарбандии сабз низ ба вуҷуд овард. Дар канори роҳ 16 ҳазор дарахти санавбар ва буттаҳои зирк шинонда шуданд, ки хокро нигоҳ дошта, аз эрозия муҳофизат мекунанд. Дар минтақаҳои деҳот роҳҳои пайвасткунанда ба 22 деҳа (боз 30 км) таъмир ва беҳтар гардонида шуданд, то ки дастрасӣ ба шоҳроҳ ва ҳамзамон ҳаракат дар он қулай ва бароҳат бошад.

Қисми иҷтимоии лоиҳа низ амалӣ шуд: 12 зан аз деҳаҳои атроф аз таълиму омӯзиш гузашта, барои роҳандозии тиҷорати хурд — аз дӯзандагӣ то нонпазӣ ва парвариши кабудӣ то 2000 доллар грантҳо дарёфт карданд. Ин роҳ на танҳо харита, балки иқтисоди хонаводаро низ дигар мекунад.

Аз пайраҳаҳои чӯпонӣ то нақбҳои муосир

Он ҷо, ки қаблан танҳо роҳҳои чаронидани чорво мегузаштанд, ҳоло даромадгоҳи муосири нақби «Ориёно» (номи пешина — Қандак) қомат афрохтааст. Дар ин ҷо унсурҳои асосии амният мутамарказ шудаанд: экранҳои электронии иттилоотӣ, низомҳои равшанидиҳӣ ва ҳавософкунӣ, биноҳои пеш аз нақб, анборҳо ва генераторҳои пуриқтидори 500-киловатта бо захираҳои зеризаминии сӯзишворӣ, то ки кор ҳатто дар ҳолати қатъи барқ низ мунтазам идома ёбад.

Корҳои сохтмон дар шароити сахти кӯҳистон анҷом дода шуданд: сангҳо чунон сахт буданд, ки баъзан дар як рӯз ҳамагӣ ним метр пешравӣ имконпазир мешуд. Бо вуҷуди ин, суръати кор коҳиш наёфта, корҳои сохтмон дар ду навбат сурат мегирифтанд ва то 1800 нафар, ки аксарияташон сокинони деҳаҳои наздик буданд, дар ин иншоот фаъолият доштанд.

Дарозии нақби «Ориёно» 1600 метрро ташкил медиҳад. Ин нақб ба унсури муҳими роҳи стратегие табдил ёфт, ки минтақаҳои кишварро ба ҳам мепайвандад.

Нақби дуюм «Ваҳдат» (номи пешина — Қарагоч) бо дарозии 1700 метр ҳамон манзараи нақби якумро такрор мекунад. Дар ин ҷо низ ҳамон технологияҳои муосири сохтмон татбиқ гардида, низомҳои пешрафтаи ҳавософкунӣ, равшанидиҳӣ, муҳофизати зиддисӯхтор ва назорати видеоӣ ҷойгир шудаанд.

Дохили «Ориёно»: 12 низом ва як набз

Даромадан замон гӯё ба дунёи дигар ворид мешавӣ: рӯшноии ҳамвор, ҳавософкун, дастгоҳу камераҳо. Дар тӯли 1600 метр дохили нақби «Ориёно» 12 низоми муҳандисӣ фаъол аст — аз хомӯшкунии сӯхтор ва алоқа бо маркази идоракунӣ (диспетчерӣ) то баромадгоҳҳои изтирорӣ. Аз ҳар ду тараф генераторҳои эҳтиётии 500-киловатта бо системаи худкор насб шудаанд.

“Ҳар як унсур — аз роҳҳои гузариши кабел то дастгоҳҳои ҳавософкунӣ аз чандин марҳилаи озмоиш гузаштааст. Мо иншоотро бо назардошти солҳои дарози истифода ва сатҳи баланди бехатарӣ сохтем”, — мегӯянд мутахассисони лоиҳа.

Системаи равшанидиҳӣ ҷараёни нурро тавре танзим мекунад, ки инъикосҳо ҳадди ақал бошанд, то ки ба ронанда нигоҳ доштани самти ҳаракат осон гардад. Аломатҳои электронии роҳ ҳаракатро танзим мекунанд, дар ҳоле ки дастгоҳҳои зиддисӯхтор ва ҷевонҳои алоқа бо маркази назорат пайвастанд: агар ҳодисае рух диҳад, низоми худкор (автоматика) фавран вокуниш нишон медиҳад.

Роҳи нави Обигарм – Нуробод на танҳо чандин километр асфалт аст. Он пайванди боэътимоди минтақаҳо, ҷойҳои нави корӣ, нишебиҳои сабз ва итминон ба он аст, ки ҳатто дар кишвари кӯҳистонии сахт ҳам метавон зуд ва бехатар ҳаракат кард. Ва ин танҳо оғози роҳ аст: вақте тамоми масир пурра ба истифода дода шавад, масофаҳои сафар дар шимолу шарқи Тоҷикистон кӯтоҳтар ва зиндагӣ осонтар мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.