Дар 8 моҳ аз Русия ҳудуди 35 ҳазор муҳоҷир ихроҷ карда шудаанд

Asia-Plus

То 1-уми сентябри соли ҷорӣ, дар рӯйхати "сиёҳ" ё шахсони таҳти назорати Вазорати корҳои дохилии Русия 770 ҳазор муҳоҷир қарор доранд, ки сеяки онҳоро занону кӯдакон мебошанд. Дар ин бора сомонаи Думаи давлатии Русия бо истинод ба Вячеслав Володин, раиси палатаи поёнии парлумони ин кишвар хабар медиҳад.

“Нисбат ба онҳо акнун реҷаи нави муҳоҷират – реҷаи ихроҷ амал мекунад”, – гуфтааст Володин.

Ӯ илова кардааст, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ, аз ҷониби Хадамоти федералии иҷрочиёни Русия ҳудуди 35 ҳазор  хориҷӣ, ки қонунгузории муҳоҷирати ин кишварро риоя накардаанд, аз қаламрави кишвар хориҷ карда шудаанд.

Вячеслав Володин хотиррасон кардааст, ки 10-уми сентябр муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, ки маълумот дар бораи онҳо дар рӯйхати "сиёҳ" ё шахсони таҳти назорат – пойгоҳи маълумот дар бораи муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доранд, дохил шудааст, ба охир расид.

Аз 5-уми феврали соли 2025 дар Русия ба рӯйхати махсус шомил кардани хориҷиёне, ки ба нақзи қоидаҳои муҳоҷират даст задаанд, оғоз шуд.

Ба гуфтаи Володин ба ин рӯйхат шахсоне шомил мешаванд, ки барои анҷоми расмиёти дарёфти шаҳрвандӣ ё мақоми муҳоҷират ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод накардаанд, дар ҷойи зисташон ё будубош ба қайд гузошта нашудаанд, муҳлатҳои анҷоми расмиёти ҳатмӣ аз қабили ҳар сол гузаштан аз муоинаи тиббӣ, пешниҳоди изи ангуштон ва суратро риоя накардаанд.

Ҳамчунин муҳоҷироне, ки муҳлати амали патент, иҷзоатнома барои кор ё шартномаи меҳнатиашон гузаштааст, низ ба ин рӯйхат дохил карда мешаванд.

Дар реҷаи ҷоригардида тақвияти назорат ва маҳдуд шудани як қатор ҳуқуқҳо пешбинӣ шудааст. Шахсоне, ки ба ин рӯйхат шомил шудаанд, наметавонанд шаҳодатномаи ронандагӣ гиранд, мошинро идора кунанд, ба хариду фурӯши амволи ғайриманқул ё воситаи нақлиёт машғул шаванд, издивоҷ кунанд, суратҳисоби бонкӣ кушоянд ва маблағҳои худро ихтиёрдорӣ намоянд.

“Ҳамаи он касоне, ки мақоми будубоши худро дар Русия қонунӣ накардаанд, бо хабар додани сана, макон ва хатсайри сафар бояд қаламрави кишвари моро тарк кунанд. Дар акси ҳол, муҳоҷир метавонад маҷбурӣ ва пардохти ҷарима ихроҷ шавад. Пас аз ин дар муддати ҳадди ақалл 5 сол вуруд ба Русия барои ӯ манъ мешавад”, – шарҳ додааст раиси Думаи давлатии Русия.

Ӯ ҳамчунин изҳор доштааст, ки низоми таъсисёфта ҷиҳати ба тартиб даровардани ҷараёни муҳоҷират ва таъмини риояи қонунгузорӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...