Оғози кори Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-2025 дар Душанбе

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Имрӯз, 14-уми октябр дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest-2025" ба кори худ оғоз кард. Дар кори он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

Он зиёда аз ҳазор иштирокчиро аз кишварҳои гуногун гирдиҳам овард. Гуфта мешавад, ки дар форум  масоили сармоягузориҳои сабз, рушди устувор ва табдилёбии рақамии иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Форум то 16-уми октябр идома ёфта, дар кори он намояндагони тиҷорат, созмонҳои байнулмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ширкат меварзанд. Чорабиниҳои асосии форум дар маҷмааи миллии “Кохи Ваҳдат” баргузор мешаванд.

Мавзӯи асосими форум “Сармоягузориҳои сабз: имконоти имрӯз барои ояндаи устувор” сиёсати стратегии Тоҷикистонро дар самти рушди иқтисоди инноватсионӣ, аз лиҳози экологӣ масъул ва рақамӣ таҷассум месозад.

Имрӯз, инчунин, иҷлосияҳои соҳавӣ дар мавзӯҳои сармоягузории сабз ва энергетикаи тоза, маблағгузории устувор ва усулҳои ESG, инчунин технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва ҳукумати электронӣ доир мегарданд.

Рӯзи 15-уми октябр баррасии масоили марбут ба технологияҳои молиявӣ, бахши кишоварзӣ ва сайёҳӣ, инчунин таҷрибаи шарикии давлату бахши хусусӣ дар Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, дар ин рӯз барои сармоягузорон баргузории форуми таҳлилӣ, нишасти матбуотӣ оид ба наттиҷаҳои форум ва намоишгоҳи байнулмилалии "Dushanbe Invest-2025" дар назар аст, ки дар он дастовардҳои соҳаи саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ, тиҷорат дар бахши кишоварзӣ ва сайёҳии устувор ба намоиш гузошта мешаванд.

Яке аз рӯйдодҳои марказии форум намоишгоҳи байнулмилалии "Dushanbe Invest-2025" хоҳад шуд, ки дар он имконоти Тоҷикистон дар соҳаи саноату инноватсияҳо муаррифӣ мегардад. Он самтҳоеро аз қабили саноату иншооти зерсохтор, энергетика ва технологияҳои сабз, тиҷорат дар бахши кишоварзӣ ва соҳаи кишовразӣ, сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ, рақамисозӣ ва технологияҳои иттилоотӣ (IT), молия ва хидматрасониҳои бонкӣ, маориф ва рушди сармояи инсониро фаро мегирад.

Ҳамзамон бо ҷаласаҳои асосӣ баргузории муколамаҳо дар мавзӯъҳои ҷудогона, дарсҳои маҳорат ва мизҳои мудаввар, ки аз ҷониби шарикони байнулмилалӣ ва миллӣ созмон дода мешаванд, пешбинӣ шудааст.

Форум аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бор шаҳрдории Душанбе ва дастгирии ҳукумати кишвар созмон дода мешавад.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, форум ба ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, пешбурди технологияҳои сабз ва роҳу воситаҳои ҳаллу фасли рақамӣ, табодули таҷриба оид ба ҷорисозии ESG-моделҳо ва рушди робитаҳо байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ равона шудааст.

Аз натиҷаҳои кори форум имзои ёддошт ва созмшномаҳо дар бораи ҳамкорӣ, рӯнамоии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва роҳандозии робитаҳои нави байнулмилалӣ дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...