Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 октябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 23 ОКТЯБР

– Тамринҳои муштараки сулҳҷӯёнаи “Бародарии шикастнопазир-2025” ва машқҳои махсуси “Монеа-2025, инчунин, размоишҳои зиддитеррористии “Иттиҳоди зиддитеррористӣ – 2025” бо ширкати бархе кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар машқгоҳи “Фахробод”-и Хатлони Тоҷикистон идома дорад. Размоишҳо то 24-уми октябр идома меёбад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 23 ОКТЯБР

Соли 2015 – Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои дуҷониба доир гардид.

Соли 2019 – Ба Қонун “Дар бораи боҷҳои давлатӣ” тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он пардохти боҷи давлатӣ барои бақайдгирӣ ё барҳамдиҳии ташкилотҳо ва корхонаҳо, новобаста аз шакл ва самти фаъолияти онҳо бекор карда шуд.

Соли 2019 – Ба Кодекси андози Тоҷикистон тағйирот ворид гардид, ки қонунгузориро барои истифодабарандагони конҳо сабуктар кард. Онҳо ҳангоми пардохти ягона андози якдафъаина дар шакли “мукофотҳои шартнома” соҳиби имтиёз гардиданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1956 – Мавлуди Руқия Қурбонова, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Руқия Қурбонова

Ӯ хатмкардлаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айн (соли 1978) ва актаби олии партиявии Тошкент (соли 1988) буда, фаъолияташро ҳамчун омӯзгор дар яке аз макотиби Норак оғоз намуда, дар идома дар вазифаҳои гуногуни сохторҳои ин шаҳр кор кардааст.

Баъдан дар вазифаҳои котиби якуми Кумитаи иттифоқи комсомолии ленинии ҷавонони Норак, котиб-сардори шуъба, раиси Кумитаи партияи коммунистии Тоҷикистон дар шаҳри Норак кор кардааст. Аз соли 1992 то 1995 дар идораи сохтмонии нерӯгоҳи барқи обии Норак, дар шуъбаи сохмонии “махсуси обӣ”-и шаҳри Норак фаъолият намудааст. Солҳои 1995-1997 муовини якуми раиси шаҳри Норак буд.

Сипас муовини якуми раиси ноҳияи Марказӣ ва аз соли 2003 муовини раиси ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе буда, муддате мудири шуъбаи тандурустӣ барои кор бо зан ва оилаи назди Дастгоҳи иҷроияи президент буд.

Соли 2004 раиси Кумитаи кор бо зан ва оилаи Тоҷикистон, соли 2005 муовини раиси вилояти Хатлон, солҳои 2006-2007 раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари имрӯза) буд.

Руқия Қурбонова, ки аз соли 2008 то соли 2013 муовини сарвазири Тоҷикистон буд. Баъдан, моҳи январи соли 2014 муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардид ва соли 2015 ба нафақа гусел карда шуд.

Соли 2016 раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, як сохтори ҷамъиятӣ таъин шуд.

Соли 1974 – Зодрӯзи Содиқ Қурбонов, забоншинос, доктори илмҳои филологӣ..

Соли 1989 – Мавлуди Дилноза Аҳмадзода, вакили феълии парлумони кишвар.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дилноза Аҳмадзода

Дилноза Аҳмадзода яке аз занони сиёсатмадорест, ки дар муддати кутоҳи фаъолият дар сохторҳои кишвар тавонист ба мансабҳои баланди давлатӣ таъин шавад ва ахиран вакили парлумони кишвар интихоб гардид.

Ӯ пеш аз вакил интихоб гардиданаш дар соли 2025, муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ва муовини директори Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон буд.

Фаъолияти ӯ ҳамчун хабарнигор дар рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” шурӯъ шуда, сипас муддате дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва бизнеси Тоҷикистон дарс гуфт ва баъдан сардори Раёсати рушди сайёҳии дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе таъин шуд ва роҳаш ба мансабҳои давлатӣ ҳамвор гардид.

Солҳои 2015-2017 сардори Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе буда, баъдан муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таъин гардид.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 23-юми октябр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии бабри барфиро ҷашн мегирад. Бабри барфӣ ҳайвони нодир ва зебои кӯҳӣ буда, рамзи покиву озодии табиат ба шумор меравад. Ин ҳайвони бузурги ваҳшӣ, ки дар қаторкӯҳҳои баланд, аз ҷумла Помиру Ҳиндукуш ва Тиёншон зиндагӣ мекунад, ба оилаи гурбашаклон мансуб аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бо сабаби шумораи хеле ками он ва хатари нобудшавӣ, бабри барфӣ ба Китоби Сурхи байналмилалӣ дохил шудааст. Тибқи маълумоти созмонҳои ҳифзи муҳити зист, шумораи умумии он дар ҷаҳон тақрибан 7 ҳазор сар мебошад.

23-юми октябр дар бисёр кишварҳо Рӯзи байналмилалии огоҳонӣ дар бораи синдроми Кабуки таҷлил мегардад. Ин бемории нодир ва камомӯхташуда бо нишонаҳои хоси зоҳирӣ ва равонӣ тавсиф мешавад. Номи он аз театри анъанавии ҷопонӣ гирифта шудааст, зеро чеҳраи шахсони гирифтори ин беморӣ ба чеҳраи ҳунармандони гримдодаи театри Кабуки монанд мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2010 олимон сабаби ин синдромро мутатсияи генӣ дар марҳилаи бордоршавӣ муауйян карданд. Нишонаҳои асосии синдром аз бозмондани рушди зеҳниву ҷисмонӣ, каҷшавии устухонҳо, камшавии қобилияти шунавоӣ иборатанд. Гарчанде ки синдроми Кабуки пурра табобат надорад, ташхис ва дастгирии саривақтӣ метавонад ба беҳтар шудани сифати зиндагии беморон кӯмак расонад.

23-юми октябри соли 1814 нахустин амалиёти ҷарроҳии пластикӣ дар Аврупо анҷом шуд. Дар ин рӯз ҷарроҳи англис Ҷозеф Карпю дар шаҳри Лондон бо истифода аз усули ҳиндии барқарорсозии бинӣ, ки ҳанӯз 600 сол пеш аз милод дар Ҳиндустон амал мекард, амалиёт гузаронд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

То асри XV дар Аврупо аз чунин усулҳо огоҳ набуданд. Танҳо баъдтар,  Гаспар Талякотсии итолиёӣ дар соли 1597 китоберо нашр кард, ки дар он усулҳои барқарорсозии узвҳои рӯй тавассути пӯсти даст тавсиф ёфта буд. Аммо ҷомеаи онвақта ин амалро ғайриқонунӣ дониста, онро “ҷиноят бар зидди табиат” мехонд.

Амалиёти Карпю, ки 23-юми октябри соли 1814 сурат гирифт, оғози давраи нави рушди ҷарроҳии пластикӣ дар Аврупо гардид. Аз охири асри XIX ин соҳа босуръат рушд ёфта, имрӯз ба як бахши мустақили тиб табдил ёфтааст.

23-юми октябри соли 2000 дар Чин осорхонаи асбобҳои мусиқии қадима кашф гардид. Гурӯҳи бостоншиносони чинӣ осорхонаи нодири асбобҳои мусиқиро пайдо карданд, ки ба замони сулолаи Хан (беш аз 2000 сол пеш) тааллуқ дошт. Дар ин кашфиёт 150 асбоби мусиқӣ ёфт шуд, ки бо вуҷуди қадимӣ буданашон, қариб ҳамаи онҳо дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шуда буданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин бозёфт яке аз муҳимтарин далелҳо дар таърихи фарҳанг ва мусиқии Чин маҳсуб мешавад. Асбобҳо аз чӯб, биринҷӣ ва мис сохта шуда, барои иҷрои мусиқии анъанавӣ истифода мешуданд.

23-юми октябри соли 2001 аввалин плеери мусиқии сайёри "iPod" муаррифӣ шуд. Ин дастгоҳ, ки дар оғози асри XXI ба бозор омад, тарзи шунидани мусиқиро куллан дигар кард. "iPod" на танҳо сабти садо, балки захираи ҳазорҳо сурудро дар як ҷайб имконпазир сохт ва аз ин рӯ инқилобе дар саноати мусиқӣ ба вуҷуд овард.

Таҳиягарони он баъдтар тавонистанд "iPhone" ва "iPad"-ро низ офаранд. Дар бораи таърихи ин дастгоҳ филми мустанади “Инқилоби iPod” (iPod Revolution) таҳия шудааст, ки таърихи пайдоиш ва таъсири он ба ҷаҳонро баён мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 23 ОКТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 13+18º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 18+23º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш.  Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13º сард, рӯзона 5+10º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 23+25º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 27+29º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...