БАОР тавсия медиҳад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҳиндустон ҳамкориҳои худро густариш диҳанд

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) бар ин назаранд, ки Осиёи Марказӣ бинобар мавқеи стратегиаш ҳамчун пул миёни Осиё ва Аврупо, барои Ҳиндустон аз лиҳози ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим дорад. "Ҳиндустон муносибатҳои шариконаро бо ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тақвият бахшида, метавонад дар бисёр соҳаҳо навгониҳо пешниҳод намояд", – гуфта мешавад дар гузориши “Арзёбии муносибатҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) бар ин назаранд, ки Осиёи Марказӣ бинобар мавқеи стратегиаш ҳамчун пул миёни Осиё ва Аврупо, барои Ҳиндустон аз лиҳози ҷуғрофӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим дорад.

"Ҳиндустон муносибатҳои шариконаро бо ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тақвият бахшида, метавонад дар бисёр соҳаҳо навгониҳо пешниҳод намояд", – гуфта мешавад дар гузориши “Арзёбии муносибатҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ: дарёфти манфиатҳои иқтисодӣ”.

Тавре ки арзёбии коршиносони БАОР нишон медиҳад, айни замон робитаҳои тиҷоратӣ байни Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ чандон дар ҳоли рушд нест.

Ҳиссаи Осиёи Марказӣ дар гардиши умумии молу маҳсулот бо Ҳиндустон  ҳамагӣ 0,1% ва ҳиссаи Ҳиндустон дар савдои дуҷониба бо Осиёи Марказӣ – 1%-ро ташкил медиҳад.

Маҳсулоти содиротии Ҳиндустон ба Осиёи Марказӣ аз маводи доруворӣ, таҷҳизоти барқӣ ва дастгоҳҳои механикӣ иборат буда, аз Осиёи Марказӣ ба Ҳиндустон маҳсулоти нафтӣ, нуриҳои минеарлӣ ва фулузот (металлҳо) содир карда мешаванд.

Таҳлилгарон номгӯйи маҳсулотеро таҳия кардаанд, ки метавонад мавриди таваҷҷуҳи содиркунандагони Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ бошад. Ҳиндустон барои содирот ба Осиёи Марказӣ метавонад дастгоҳҳо, воситаҳои нақлиёти заминӣ, мошин ва таҷҳизоти барқӣ, маҳсулоти дорусозӣ, таҷҳизоти оптикӣ ва ҷарроҳӣ, инчунин либос ва маводи кимиёвиро пешниҳод намояд.

Дар навбати худ, кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд содироти сӯзишвории минералӣ, нуриҳо, маҳсулоти кимиёи ғайриорганикӣ, фулузоти нодири зеризаминӣ ва дигар молҳоро ба Ҳиндустон афзоиш диҳанд.

Дар гузориш ҳамчунин самтҳои афзалиятнок барои ҳамкории минбаъда, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак ва роҳандозии шарикии технологӣ дар соҳаҳое чун нафту кимиё, энергетикаи барқароршаванда, саноати нассоҷӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ таъкид шудааст.

Барои тақвияти ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ БАОР чунин амалҳоро тавсия медиҳад:

– рушди савдо бо такя ба молу маҳсулоте, ки бартарияти бештар барои содиротро доранд;

– таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҳамкории фаъолонаи технологӣ барои интиқоли технология ва дониш;

– тавсеъаи дастрасии тиҷорати хурду миёна ба воситаҳои маблағгузорӣ ба савдо ва дигар хидматрасониҳои молиявӣ;

– содда гардонидан ва рақамисозии расмиёти тиҷорат ва гумрук;

– баланд бардоштани самаранокии кори нақлиёт ва логистика.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.