“Истиқлол” муқобили “Аз-Завра”-и Ироқ пирӯзӣ ба даст овард

Дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё-2, дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон тими “Аз-Завра”-и Ироқро шикаст дод. Набарди дастаҳо шоми 22-юми октябр, дар шаҳри Ҳисор доир шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт. Ҳарчанд, аввалин шуда дар дақиқаи 4-уми бозӣ футболбозони меҳмон ба задани гол даст ёфтанд, аммо бозигарони дастаи “Истиқлол” дар […]

Asia-Plus

Дар бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё-2, дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон тими “Аз-Завра”-и Ироқро шикаст дод.

Набарди дастаҳо шоми 22-юми октябр, дар шаҳри Ҳисор доир шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт. Ҳарчанд, аввалин шуда дар дақиқаи 4-уми бозӣ футболбозони меҳмон ба задани гол даст ёфтанд, аммо бозигарони дастаи “Истиқлол” дар дақиқаҳои 20 ва 84-ум бо голҳои задаи Амирбек Ҷӯрабоев ва Пол Комолафе натиҷаро 2 бар 1 ба фоидаи худ карданд.

Ҳамчунин, дирӯз дар бозии дигари гурӯҳи “D”-и мусобиқа, ки “Истиқлол” ҳам шомили он аст, дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар сафар тими “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:1 ноком кард.

Ҳамакнун, пас аз 3 даври рақобатҳо “Ан-Наср” бо доштани 9 имтиёз дар гурӯҳи “D” садрнишин аст. “Истиқлол” пас аз ғалабаи имрӯза, шумораи холҳояшро ба 6 адад расонида, дар зинаи дуюм қарор гирифт. Дастаи “Аз-Завра” дар ҷои 3-юм ва “Гоа” дар мақоми 4-ум қарор доранд.

Дар бозиҳои даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2, “Истиқлол” дар сафар бо “Аз-Завра” вохӯрда, “Ан-Наср” дар майдони худ бо “Гоа” дидор анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст. Аз рӯи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ 2 дастаи аввал ба марҳилаи баъдӣ роҳ меёбанд.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.