Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро ба зиндони №1 бурдаанд. Мушкили ҷарроҳии ӯ то ҳол ҳал нашудааст

Asia-Plus

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори зиндониро, ки ахиран вазъи саломатиаш вахим шуда буд, ба зиндони низомаш сахти №1-и Душанбе интиқол додаанд. Пайвандонаш мегӯянд, ӯро дида наметавонанд ва аз вазъи саломатиаш нигаронанд.

Яке аз бародаронаш ба “Азия-Плюс” гуфт, ки чанде пеш Пирмуҳаммадзодаро ба зиндони №1-и Душанбе, ки дар канори Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ҷойгир аст, овардаанд.

Ӯ қаблан дар зиндони шаҳри Хуҷанд буд, баъдан ба зиндони Душанбе оварда, барои табобат ба бемористони зиндони Ваҳдат бурда буданд.

“Як моҳ мешавад, ки Абдусаттор дар зиндони №1 дар Душанбе аст ва ба гуфтаи кормандони ин зиндон, бародарам боқии вақти ҷазоро дар ҳамин ҷо мегузаронад. Панҷ рӯз пеш дастовез бурда будем, вале ӯро дида натавонистем”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, акнун ҳар 3 моҳ як маротиба ба Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дастовез мебаранд ва ҳар 6 моҳ як маротиба бо ӯ мулоқот мекунанд. Ӯ таъкид кард, ки вазъи саломатии бародараш “вазнин буд, бояд ҷарроҳӣ мешуд, акнун чӣ мешавад, Худо медонад”.

Мақомот ба ин даъвои наздикони рӯзноманигор расман вокуниш накардаанд ва ҳам аз вазъи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳеҷ иттилои расмӣ ироа намекунанд.

Ин рӯзноманигор дар зиндон ба беморӣ гирифтор шуда, ба гуфтаи пайвандонаш, “талхааш пӯсидаст, гурдаҳояш ҳам дарди шадид дорад”.

 

Ба гуфтаи пайвандон, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 6 моҳи охир, аз моҳи март то моҳи август, дар ҳуҷраи ҷаримавии зиндони шаҳри Хуҷанд (ШИЗО) қарор дошт. Пас аз хуруҷи бемориаш ӯро моҳи сентябр аввал ба Душанбе ва пасон ба бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат интиқол доданд.

Ҷузъиёти бемории Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва сабаби рад шудани ҷарроҳии ӯ дар берун аз зиндонро дар ин хабари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Пас аз расонаӣ шудани бемории Пирмуҳаммадзода, Кумитаи байналмилалии дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки фавран ба рӯзноманигори зиндонӣ ёрии тиббӣ расонанд. Аммо ба ин изҳорот ҳам мақомоти Тоҷикистон то ҳол вокуниш накардаанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи декабри соли 2022 бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ ба 7 сол зиндон маҳкум шуд. Аммо худаш ва наздиконаш айбномаро борҳо рад кардаанд.

Ин рӯзноманигор баъди боздошт дар номае аз боздоштгоҳ навишт, аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохта”-ро ба дӯш гирад. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон инро тасдиқ накарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар чанд соли охир дар Тоҷикистон дастикам 10 рӯзноманигор, аз ҷумла Далер Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибеки Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов, Аҳмади Иброҳим ва Рухшона Ҳакимова ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум шуда, ҳоло адои ҷазо мекунанд. Онҳоро, аз ҷумла, ба паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ айбдор кардаанд. Худи рӯзноманигорон ва хешовандонашон ин айбҳоро рад мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...