Миёни Тоҷикистону Амрико дар ҳаҷми $3 млрд созишнома ба имзо расидааст. Департаменти давлатии ИМА баъзе ҷузъиёти онро гуфт

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Миёни Тоҷикистон ва Амрико ба арзиши беш аз 3 миллиард доллар чанд созишнома ба имзо расидааст. Дар ин бора Департаменти давлатӣ ё худ Вазорати корҳои хориҷии Амрико хабар дода, баъзе ҷузъиёти онро ҳам гуфт.

Рӯзи 6-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар Ҳамоиши дуюми "Осиёи Марказӣ – ИМА" (С5+1) ба Амрико рафт ва бо ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп мулоқот кард.

Ба иттилои Департаменти давлатӣ, дар пайи ин дидор ширкатҳои ду кишвар ба ҳаҷми беш аз 3 миллиард доллар созишномаҳо имзо карданд.

Аз ҷумла, Ширкати ҳавопаймоии "Сомон-эйр" бо ширкати амрикоии “Boeing” барои харидории 14 ҳавопаймои пешрафтаи навъи 787 Dreamliner ва 737 MAX қарордод бастааст. Арзиши умумии ин созишнома 3,2 миллиард долларро ташкил медиҳад ва 11 ҳазору 480 ҷойи кориро дар Амрико дастгирӣ менамояд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам хабар дода, вале маблағи онро расонаӣ накардааст.

Инчунин, Тоҷикистон бо ширкати “Transparent Earth” барои ҳамкорӣ созишномае ба арзиши 32,5 миллион доллар имзо кардааст. Ин ширкат ваъда додааст, ки ба Тоҷикистон дар истифодаи дурусти захираҳои табиӣ кӯмак мекунад. “Transparent Earth” бо дастгоҳҳои моҳвораӣ имкони таҳқиқи захираҳои табиии кураи Заминро дорад ва шеваи дурусти истифода аз онҳоро ба дигар кишварҳо меомӯзонад.

Мақомдорони Тоҷикистон бо ширкати “Starlink” созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд. “Starlink” як бахши ширкати “SpaceX”-и миллиардер Илон Маск аст, ки хадамоти интернети моҳвораӣ пешниҳод мекунад.

Тоҷикистон бо ширкатҳои “Perplexity AI” ва “Zypl AI” низ созишнома имзо кардааст. Ба гуфтаи Департаменти давлатӣ, ин ширкатҳо барои аввалин бор дар ҷаҳон браузери ҳушманди сунъиро таҳия кардаанд, ки барои кори ҳукумат мутобиқ аст ва ин ширкатҳо акнун ба ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар истифодаи зеҳни сунъӣ ёрӣ мерасонанд.

Ба ширкати амрикоии “Coca-Cola”, ки чанд сол боз дар Тоҷикистон фаъолият дорад, 9 миллион доллари дигар сармоягузорӣ хоҳад шуд. Ин маблағ барои густариши фаъолияти корхонаи Душанбе истифода мегардад.

Беш аз 70 ширкат бо сармоягузории ИМА

Ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Зикр гардидааст, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 ширкат бо иштироки сармояи амрикоӣ фаъолият доранд. Бо ёдоварӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир, густариши чунин робитаҳо ба манфиати кор арзёбӣ шуд.

Таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои таҳким ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории судовар миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илму техника, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир хеле зиёд аст.

Баррасии масоили вобаста ба мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз бахшҳои муҳими суҳбат буд.

Нуфузи Амрико дар Осиёи Марказӣ

Бояд гуфт, ки Доналд Трамп рӯзи 6-уми ноябр бо раҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Кохи сафед суҳбат дошт. Трамп Осиёи Марказиро як минтақаи бисёр сарватманд номида, гуфт, ки ҳамкориҳои Амрико бо панҷ кишвари онро тақвият медиҳад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки Амрико мехоҳад нуфузашро дар Осиёи Марказӣ бештар кунад. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ кишварҳои пасошӯравӣ буда, бештар бо Русия ҳамкорӣ доранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши C5+1 – Осиёи Марказӣ + ИМА бори аввал соли 2015 дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор гашта буд. Он ба иқтисодиёт, энергетика ва амнияти кишварҳои шарик равона шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.