Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 6 медал ба даст овард

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 дар шаҳри Эр-Рияди Арабистони Саудӣ 6 медал ба даст оварданд. Аз ҷумла, дирӯз, 9-уми ноябр ҷудокорони тоҷик дар вазнҳои вазнин медалҳои навбатиро гирифтанд. Дар вазни 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷиро ба даст овард. Дар вазни +100 кг Темур Раҳимов дар финал аз ҳарифи ӯзбекистониаш мағлуб шуда, медали нуқраро […]

Asia-Plus

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 дар шаҳри Эр-Рияди Арабистони Саудӣ 6 медал ба даст оварданд.

Аз ҷумла, дирӯз, 9-уми ноябр ҷудокорони тоҷик дар вазнҳои вазнин медалҳои навбатиро гирифтанд. Дар вазни 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷиро ба даст овард. Дар вазни +100 кг Темур Раҳимов дар финал аз ҳарифи ӯзбекистониаш мағлуб шуда, медали нуқраро гирифт.

Пештар аз ин дар намуди кураш, Шоҳида Қаландарова (70 кг) ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (81 кг) медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Дар ҷудо Мадина Қурбонзода дар вазни 52 кг медали нуқраро гирифт. Абӯбакр Шеров дар вазни 73 кг медали биринҷиро ба даст овард.

 

Дар бораи Бозиҳо

Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз 7 то 21-уми ноябр дар Риёз баргузор мешаванд. Ҳамагӣ аз Тоҷикистон ба ин мусобиқа 134 нафар шомил шуданд, аз онҳо 69 нафар варзишгаранд, боқимонда мураббиён ва кормандони кумитаҳо, федератсияҳо ва дигар намояндагиҳо мебошанд.

Варзишгарони тоҷик дар 12 намуди варзиш иштирок карданд, аз ҷумла ҷудо, таэквон-до, кураш, вазнабардорӣ, камонандозӣ, тенниси рӯимизӣ, бокс, куштӣ ва намудҳои паралимпӣ.

Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ зери ҳимояти ISSA (Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ) баргузор мешаванд ва варзишгарони 57 кишварро муттаҳид месозанд.

Барнома 13 намуди олимпӣ, 4 намуди ғайриолимпӣ, 3 намуди паралимпӣ ва 1 намуди варзиши миллиро дар бар мегирад.

Ин бори дуюм аст, ки Арабистони Саудӣ мизбони ин мусобиқот мешавад. 20 сол қабл, соли 2005 дар Макка, Мадина ва Ҷидда Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.