Дарёфт ва мусодираи 47 кг маводи нашъадор аз як гурӯҳи нашъаҷаллоб

Пулиси Душанбе аз як гурӯҳи нашъаҷаллоб дар ноҳияи Мастчоҳ 47 кг маводи нашъадори навъи “хашиш” дарёфт ва мусодира кардааст. Ба иттилои манбаъ, ҳоло се тан боздошт шуда, як нафари дигар дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад. Манбаъ мегӯяд, роҳбари ин гуруҳи нашъаҷаллоб дар хориҷи кишвар қарор доштааст. Пулиси Душанбе аз боздоштшудагон Сироҷ Ибодзода, Манучеҳр Қутбиддинов ва […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Пулиси Душанбе аз як гурӯҳи нашъаҷаллоб дар ноҳияи Мастчоҳ 47 кг маводи нашъадори навъи “хашиш” дарёфт ва мусодира кардааст. Ба иттилои манбаъ, ҳоло се тан боздошт шуда, як нафари дигар дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад. Манбаъ мегӯяд, роҳбари ин гуруҳи нашъаҷаллоб дар хориҷи кишвар қарор доштааст.

Пулиси Душанбе аз боздоштшудагон Сироҷ Ибодзода, Манучеҳр Қутбиддинов ва Расул Қозиев ном бурда гуфтааст, ду нафари аввал сокинони 29-солаи деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ва нафари сеюм сокини 37-солаи деҳаи Сабағи ноҳияи Мастчоҳ будааст.

Ба қавли манбаъ, “Расул Қозиев бо дастури Нарзиев Ҳофиз, сокини дигари ноҳияи Мастчоҳ, воситаҳои нашъадорро ба соҳибияти худ қабул ва ба ӯ расонида, мақсад доштанд ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд”.

Ҳоло Ҳофиз Назриев дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштааст.

Манбаъ навиштааст, роҳбарии ин гурӯҳи нашъаҷаллобро Хайрулло Мадиев, ки бо тахаллуси “Умедча” маъруф будааст, ба уҳда доштааст. Гуфта мешавад, ки ӯ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ раванди додугирифт, қабулу инқтиқоли воситаҳои нашъадорро назорат ва роҳнамоӣ мекардааст.

Назари боздоштшудаҳо вобаста ба ин иттиҳоми мақомот маълум нест.

Пулиси Душанбе мегӯяд, нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан” парванда боз шудааст. Ин банди қонун аз панҷ то бист сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар даҳ моҳи соли 2025 дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 1 тонна воситаҳои гуногуни нашъадор аз муомилот гирифта шуда, чандин гуруҳи нашъаҷаллоб дастгир шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран бо қарори Додгоҳи шаҳри Панҷакент се сокини ин шаҳр барои қочоқи 24 кг маводи мухаддир 15 ва 16 сол равонаи зиндон шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.