Ҷамъбасти олимпиадаи байналмилалии “KhIMIO-2025”. Ҷоми Хайёмро гуруҳи хонандагон аз Тоҷикистону Қирғизистон соҳиб шуданд

Маросими ҷамъбастии олимпиадаи байналмилалии фаннӣ ба номи Хайём – “KhIMIO–2025”, рӯзи 9-уми ноябр баргузор шуд. Миёни хонандагони  синфҳои 9-11 Тоҷикистон ва байни хонандагони синфҳои 7-8 Қирғизистон Шоҳҷоиза – Ҷоми Хайёмро ба даст оварданд. Ба ин дастаҳо китоби “Рубоиёти Хайём”, сертификат ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 доллар тақдим гардидааст. Дар ин хусус масъули баргузории озмуни мазкур […]

Asia-Plus

Маросими ҷамъбастии олимпиадаи байналмилалии фаннӣ ба номи Хайём – “KhIMIO–2025”, рӯзи 9-уми ноябр баргузор шуд. Миёни хонандагони  синфҳои 9-11 Тоҷикистон ва байни хонандагони синфҳои 7-8 Қирғизистон Шоҳҷоиза – Ҷоми Хайёмро ба даст оварданд.

Ба ин дастаҳо китоби “Рубоиёти Хайём”, сертификат ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1000 доллар тақдим гардидааст. Дар ин хусус масъули баргузории озмуни мазкур ба “Азия-Плюс”  хабар дод.

Ин озмун аз рӯи фанҳои математика ва информатика доир шуд ва дар он 96 хонанда аз 8 кишвари дунё ширкат кардаанд.

Ба иттилои манбаъ дар озмун 40 хонанда аз панҷ минтақаи кишвар – шаҳри Душанбе, ВМКБ, Суғд, Хатлон, ва шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар ширкат кардаанд. Дар умум миёни 96 хонанда 39 нафари онҳо ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд.

Натиҷаи бадастовардаи кишварҳо ба таври зайл аст:

Тоҷикистон – 8 ҷой,

Қирғизистон – 10 ҷой,

Қазоқистон – 8 ҷой,

Ӯзбекистон – 7 ҷой,

Белорус – 4 ҷой,

Туркманистон – 2 ҷой,

Арманистон – ягон ҷой,

Шоҳигарии Камбоҷа – ягон ҷой.

Ғолибон бо диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудаанд.

Олимпиадаи байналмилалии фаннӣ ба номи Хайём – “KhIMIO–2025” аз 5 то 9 ноябр дар шаҳри Душанбе бо ширкати хонандагон аз 8 кишвари дунё баргузор шуд. Ҳадафи озмун арҷгузорӣ ба мероси илмии Умари Хайём гуфта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.