Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи милитсияи тоҷик бинои як шуъбаи нави ВКД ва се бинои истиқоматӣ барои кормандони пулисро ба истифода дод

Имрӯз, 10-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар Душанбе бинои нави шуъбаи 1 ВКД дар ноҳияи Сино, маркази инноватсионии ВКД-ро ифтитоҳ карда, биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро ба таври фосилавӣ ба истифода дод.  Ба иттилои расмӣ, бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе […]

Имрӯз, 10-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар Душанбе бинои нави шуъбаи 1 ВКД дар ноҳияи Сино, маркази инноватсионии ВКД-ро ифтитоҳ карда, биноҳои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро ба таври фосилавӣ ба истифода дод. 

Ба иттилои расмӣ, бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дорои 64 ҳуҷраи корӣ мебошад. 

“Дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои алоқа ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Барои кормандон китобхонаи замонавӣ низ фаъолият мекунад”, – навиштааст манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо кормандони пулиси мулоқот карда, таъкид кардааст, ки онҳо “бояд ҳамеша ҳушёру зирак”  ва “барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои ногаҳонӣ омода бошанд”.

Ҳамчунин, ба шуъбаи ВКД 1 дар ноҳияи Сино чанд адад нақлиёти нави хидматӣ супорида шудааст.

Дар идома бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ маркази инноватсионии ВКД бо маҷмуи бинову иншооти хидматӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар маркази мазкур  мутахассисон пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ бо истифода аз хатти нави технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти махсус, ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин (дрон) ва маҷмуи бесарнишини истихбороти ҳавоиро омода месозанд.  

Гуфта мешавад, дар ин мавзеъ барои ташкили фаъолияти хидматии кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбӣ бинои дуошёна сохта шудааст, ки он аз хобгоҳ, ҳуҷраҳои кориву беҳдоштӣ, ҳуҷраи нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои нави истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва шаҳри Хуҷанд ва ду бинои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Вахши вилояти Хатлонро ба ифтифода додааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар 3 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба 240 корманди мақомоти корҳои дохилӣ манзили зист дода шудааст. 

Бинои нави истиқоматӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе дар 5 ошёна бунёд гардида дорои 32 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ будааст. Бинои дигари истиқоматӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур бунёд шуда, аз 18 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.  Дар ин бино 128 корманди шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо хонаи истиқоматӣ таъмин мегарданд. 

Иншооти сеюм дар кӯчаи Ҳаким Карими шаҳри Хуҷанд сохта шудааст, ки аз 10 ошёна ва 80 хонаи истиқоматӣ иборат будааст. Корҳои сохтмонии ин биноҳоро кормандону мутахассисони Раёсати сохтмони ВКД анҷом додаанд.

Биноҳои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Вахши ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ду ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисӣ, хобгоҳ барои ҳайати шахсӣ, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.