Ҷузъиёти кушта ва захмӣ шудани ду ноболиғ дар пайи ҷанҷоли гурӯҳи наврасон дар Душанбе

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Чанд рӯз пеш, дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон Алӣ Раҷабов, хонандаи синфи 10-и мактаби рақами 78-и Душанбе кушта шуд. Ин наврас писари ягонаи хонавода буда, бо даъвати як дӯсташ дар муноқиша ҳамроҳ шудааст. Дар пайи ин ҳодиса як ноболиғ низ захмӣ шуд ва ҳоло дар беморхона қарор дорад. 

Хабарнигори “Азия-Плюс” дирӯз, 13-уми ноябр, ба ҷойи ҳодиса ва мактабҳое, ки ноболиғи кушташуда ва навраси дар куштор гумонбар дар он таҳсил мекарданд рафт ва бо масъулину омӯзгорон ва ҳамсояҳои онҳо сӯҳбат  кард.

Мақомот рӯзи 12-уми ноябр хабари кушта шудани як ноболиғ ва захмӣ шудани як тани дигар дар пайи ҷанҷоли наврасон дар рӯзи 9-уми ноябрро шарҳ доданд. Ба иттилои мақомот, муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар задааст.

 

“Бо даъвати дӯсташ дар муноқиша ширкат карду кушта шуд”

Алӣ Раҷабов, ноболиғи кушташуда муҳассили синфи 10-и мактаби рақами 78-и ноҳияи Фирдавсӣ буд. Яке аз муаллимони ин мактаб, бо шарти ифшо нашудани номаш, ҳодисаро аз забони шоҳидону волидайни наврас нақл кард.

“Як дӯсташ, ки ҳамроҳ дар варзишгоҳ машқ мекардаанд ба ӯ занг зада, хостааст то ба назди онҳо равад. Ӯ меравад ва гапашон мегурезаду бархе фирор мекунанд, ба Алӣ ва ҳамон дӯсташ, ки фарёд кардааст, кордча мезананд. Дирӯз ба аёдати наврасе, ки захмӣ шуда буд рафтем, саломатиаш беҳтар аст”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ин муаллим, “қаблан бар зидди ин хонанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ боз шудааст”.

“Алӣ бачаи бетарбия набуд, аммо каме шӯхтабиату ҷӯрабоз ва гаправ буд. Аълохон ҳам набуд, вале ҳамеша дар дарсҳо ширкат мекард. Пештар низ ҷанҷол карда буд ва бар зиддаш протокол боз шуда, парвандааш дар суд буд”,- гуфт номбурда. 

Ба гуфтаи номбурда, баъди ин ҳодиса аз ҳукумати ноҳия ва бархе мақомоти интизомиву тафтишотӣ дар ин муассиса санҷишу корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд. Замоне ки мо дар  ин мактаб қарор доштем, омодагиҳо барои вохӯрии кормандони додситонии ноҳияи Фирдавсӣ бо таълимгирандагони муассиса идома дошт.

 

Писари ягонаи хонавода буд

Ба гуфтаи ҳамсояҳо, Алӣ Раҷабов, писари ягонаи хонавода буда, одобу бархурдаш хуб будааст. Падараш сохтмончӣ буда, модараш низ кор мекардааст. Мо натавонистем, ки бо волидайни наврас ҳамсӯҳбат шавем, чун онҳо дар манзили худ қарор надоштанд. Ҳамсояҳои ин хонавода мегӯянд, ки ҷанозаи Алиро дар хонаи бибиаш, ки дар дигар маҳалла ҷойгир аст хонда, ӯро рӯзи 10-уми ноябр ба хок супурдаанд. 

“Мо дар хона будем, аммо аз ҳисоби он ки шаб буду ҳама ба кори худ овора буданд, садое нашунидем. Вақте аллакай милисаҳо омаданду ҷанозаи ӯро бурданд аз воқеа огоҳ шудем. Ҳолати модарашро дидем, ки бо овози баланд мегирист. Дирӯз ба инҷо падараш омада хеле гирист ва фарёд мезад, ки чаро ягон кас писарашро халос накардаст”,-нақл карданд сокиноне, ки дар наздикии ҷойи ҳодиса зиндагӣ мекунанд.

Ба нақли онҳо, ҳодисаро яке аз ҳамсоягон дида ба мақомоти пулис хабар дода, ёрии таъҷилиро фарёд кардааст. Мутаасифона мо ин шахсро дар хонааш пайдо накардем, то аз ӯ ҷузъиётро пурсон шавем. 

Гурӯҳи ноболиғон дар наздикии хонаҳои истиқоматӣ ва як кӯдакистон, ки ҳамагӣ 200 метр аз манзили Алӣ Раҷабов дуртар аст, муноқиша кардаанд. Ҳудуди муайяни ҷойи ҳодисаро мақомот зимни санҷишу тафтишот аломатгузорӣ кардаанд. Ба гуфтаи сокинон, баъди анҷоми санҷиши мақомот, ин маконро поксозӣ кардаанд. 

 

Гумонбар кист?

Неъматҷон Раҳматшозода гумонбари ин куштор муҳассили мактаби рақами 76-и ноҳияи Сино мебошад. Ӯ дар синфи 10 таҳсил мекардааст ва аз ин амали ӯ роҳбарияти ин мактаб дар ҳайрат мондаанд.

“Писари хуб буд, мо аз кори ӯ ҳайрон шудем. Баҳсу мунозираи онҳо тариқи телефон дар Инстаграм сар шудааст. Ин ҳодиса дар рӯзи истироҳатӣ ва шабона рух додааст, бояд падару модарон масъулияти бештар ҳис кунанд”, – иброз дошт Моҳира Сафарова, директори ин муассиса. 

Роҳбари синфи Неъматҷон низ мегӯяд, ки ӯ хонандаи “хубу боодоб буда дарсро бо баҳои миёна мехондааст”. 

Ноболиғ Ш. Шарифов, ки дар пайи ин муноқиша захмӣ шуда, дар беморхона бистарӣ шудааст, низ қаблан дар ин муассиса таҳсил мекардааст. Ӯ ҳоло муҳассили Коллеҷи информатика ва техникаи компютерӣ будааст. 

 

“Дар насибу тақдир чунин будааст”

Раҳматшо Раҳматшозода, падари Неъматҷон дар сӯҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки баъди ин ҳодиса писарашро аз наздик надидааст ва сӯҳбат накардааст. Ӯ мегӯяд, ки ба чунин кирдор даст задани фарзандашро пешбинӣ намекард. 

“Мактабро бо баҳои панҷ мехонд, дарсҳои иловагӣ низ мехонд, дар оянда додситон шуданӣ буд. Аммо дар насибу тақдир чунин будааст. Рӯзи ҳодиса дар хона буд, гуфт ҷӯрааш ба поён омадааст, ба наздаш мераваду зуд бармегардад. Ҳама – аз директор то роҳбари синфаш – дар ҳайратанд, ки наход ӯ ба чунин кирдор даст занад. Вай бачаи хароби нимҷон аст”,-гуфт падари Неъматҷон. 

Мақомот дар пайи ин ҳодиса Неъматҷон Раҳматшозодаро боздошт ва алайҳаш бо иттиҳоми одамкушӣ (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Бар асоси иттиҳоме, ки алайҳи ӯ эълон шудааст, ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мешавад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар изҳороти худ гуфт, ки нисбати дигар ширкатдорони ин муноқиша ва сабабу омилҳои сар задани он тафтишот идома дорад. Вале маълум нест, ки чанд нафар дар робита ба ин қазия боздошт шудаанд. Дар ду аксе, ки пулиси Душанбе нашр кард, 15 нафар ноболиғ дида мешавад.

Ба гуфтаи роҳбарияти мактаби рақами 76, ки дар пайи ин муноқиша “се хонандаи дигари ин муассиса боздошт ва баъди эъломи бегуноҳӣ озод шудаанд” гуфт, ки гурӯҳи ноболиғон аз чанд мактаби пойтахт будаанд. 

Дар пайи ин ҳодиса, мақомот дар беш аз 15 мактаби ноҳияи Фирдавсӣ, ки ҳодиса дар ин ноҳия рух дода буд, бо волидайни хонандагон суҳбат гузаронидаанд. 

Бояд гуфт, навори ин ҳодиса нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, ки баҳси зиёди корбаронро ба вуҷуд овард. Бархе корбарон дар шарҳҳо навиштанд, ки тарбияи наврасон коста шуда падару модарон дар иҷрои масъулият саҳлангорӣ мекунанд. Иддае низ аз истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯйи наврасон нигаронӣ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.