Консулҳои Тоҷикистон дар чор музофоти Русия ва як шаҳри Қазоқистон нав шуданд. Онҳо кистанд?

Имрӯз дафтари матбуоти расиҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки “бо розигии президент консулҳои генералии кишвар дар як қатор вилоятҳо ва шаҳрҳои Русия аз ҳисоби кадрҳои дорои таҷрибаву собиқаи корӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъин гардиданд”. Аммо номи навтаъиншудагон дар он зикр намешуд. Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” номи консулҳои навтаъинро гуфтанд. Ҳамин тавр, ба […]

Asia-Plus

Имрӯз дафтари матбуоти расиҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки “бо розигии президент консулҳои генералии кишвар дар як қатор вилоятҳо ва шаҳрҳои Русия аз ҳисоби кадрҳои дорои таҷрибаву собиқаи корӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъин гардиданд”. Аммо номи навтаъиншудагон дар он зикр намешуд. Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” номи консулҳои навтаъинро гуфтанд.

Ҳамин тавр, ба иттилои ин ниҳод, Хуршед Гулов консули Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петергбурги Русия таъин шудааст. Ӯ писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва саноати кишвар аст. Хуршед Гулов қаблан ёвари вазири корҳои хориҷӣ буд.

Зарина Исмоилзода консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Наҷмиддин Имомзодаро иваз кард. Исмоилзода пеш аз ин, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ буд.

Гуфта мешавад, ки дар таърихи дипломатияи тоҷик бори аввал як зан ба вазифаи консули генералӣ таъин шуд.

Зарина Исмоилзода хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро буда,  дорои дараҷаи доктори илмҳои сиёсӣ мебошад ва фаъолияти худро дар Вазорати корҳои хориҷӣ соли 2002 оғоз кардааст.

Холназар Ғоиб дар шаҳри Екатеринбурги Русия консули генералӣ таъин шудааст.

Дар шаҳри Уфаи ин кишвар бошад Фаридун Файзуллозода консули генералии Тоҷикистон шуд. Қаблан ин вазифаро Раҳимов Темур ба ӯҳда дошт. Файзуллозода қаблан дар вазифаи сардори шуъбаи таъмини ҳуқуқии Сарраёсати консулии ВКХ кор мекард.

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон Муродзода Фирӯз консули генералии Тоҷикистон шуд.

Бояд гуфт, имрӯз бо фармони раисҷумҳур Завқизода Завқӣ, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз мансаб озод ва ба ҷои ӯ Абдураҳмонзода Абдураҳмон, ки то ин дам муовини шаҳрдори Душанбе буд, вазири нави рушди иқтисод ва савдои кишвар таъин гардид.

Инчунин сафирони Тоҷикистон дар Амрико, Фаронса, Италия ва Австрия низ таъин шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.