Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба ҳамсояҳояш зудтар рушд мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) дар гузориши ахири худ гуфтааст, ки дар Тоҷикистон “рушди муассир” ба назар расида, соли 2025 рушди устувори иқтисодӣ дар сатҳи 7,5% пешгӯӣ мешавад. Ба гуфтаи коршиносони ин ниҳоди байналмилалӣ, ин яке аз баландтарини суръати рушд миёни кишварҳои минтақа буда, гувоҳи он аст, ки "иқтисоди Тоҷикистон барои минбаъд мустаҳкам шудан имконоти назаррас дорад".

Мутахассисони ин ниҳод, гуфтаанд, ки суръати баланди рушди иқтисоди Тоҷикистон ба омилҳои беруна, аз қабили баланд шудани содироти қувваи корӣ ва воридоти маблағ аз интиқолҳо, инчунин ислоҳоти дохилӣ вобаста аст, ки ба навсозии зерсохтор ва беҳбуди муҳити корӣ равона шудаанд. Вале барои устувор будани рушд ва гузаштани он ба тағйироти сифатӣ, муаллифони гузориш таваҷҷуҳ ба гуногунсамт кардани иқтисод ва беҳуди зерсохтори иҷтимоиро тавсия медиҳанд.

Аз лиҳози баробарии қобилияти харидорӣ, Тоҷикистон бо натиҷаи 6,1 ҳазор доллари байналмилалӣ, ки се баробар пасттар аз Қазоқистон аст (44,8 ҳазор доллар) аз кишварҳои ҳамсоя қафо мемонад. Ин зарурати талошҳои минбаъдаро дар самти баланд бардоштани талаботи истеъмолӣ ва беҳбуди меъёрҳои ҳаёт таъкид месозад.

Доллари байналмилалӣ (ё ки доллар аз рӯи баробарии қобилияти харидорӣ) – воҳиди шартиест, ки барои муқоисаи сатҳи зиндагӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бо назардошти фарқиятҳо дар нархи молу маҳсулот дар кишварҳои гуногун истифода мешавад.

Дар кишварҳои дорои нархи нисбатан паст ба молу хидматгузорӣ ММД-и номиналӣ бо доллари ИМА метавонад некӯаҳволии воқеии иқтисодиро ба таври назаррас паст нишон диҳад. Барои назардошти ин, доллари баробарии қобилияи харидорӣ ба бозҳисоби нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба тавре, ки онҳо бояд нархҳои дохилиро ба инобат гиранд, имкон медиҳад.

Масалан, агар дар Тоҷикитсон нарху хидмтагузорӣ нисбат ба гунаи мисол дар ИМА арзонтар бошанд, пас аз лиҳози баробарии қобилияи харидорӣ иқтисоди Тоҷикистон метавонад ба таври назаррас “пуриқтидортар” бошад, нисбат ба он, ки ин ММД-и номиналӣ бо долларро нишон диҳад.

 

Чолишҳои асосӣ ва имкониятҳо барои Тоҷикистон

Таҳлилгарони ХБА зикр мекунанд, ки Тоҷикистон ба мисли бисёр кишварҳои минтақа ба якчанд таҳдидҳо дар роҳи рушди иқтисодӣ дучор аст. Онҳо мегӯянд, ки сарфи назар аз суръати баланди рушд, сатҳи пасти даромад ва вобастагӣ ба омилҳои беруна (аз ҷумла интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирон) имконият барои татбиқи рушди дарозмуҳлати иқтисодиро метавонанд маҳдуд кунанд.

Барои ин тақвияти сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ, рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ, инчунин баргузории ислоҳот дар муҳити тиҷорат тавсия дода мешавад.

Гуфта мешавад, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, рушди бозори дохилӣ ва беҳбуди зерсохтор аз самтҳои муҳим барои таъмини рушди бештар баробар ва фарогир (инклюзивӣ) маҳсуб меёбанд.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки Қазоқистон дар Осиёи Марказӣ мавқеи пешсаф дошта, мақоми кишвари бузургтар ва дар ҳоли рушд қарордоштаро аз лиҳози иқтисодӣ касб мекунад.

Бино ба маълумоти ХБА, соли 2025 рушди иқтисоди Қазоқистон 5,9%-ро ташкил хоҳад дод, ки аз нишондиҳандаи миёна дар ҷаҳон зиёдтар аст. 

Дар ҳамин ҳол, афзоиши фаъолмандии иқтисодӣ дар кишварҳое чун Ӯзбекистон (6,8%) ва Қирғизистон (8,0%) ба мушоҳида мерасад, ки тибқи арзёбии ХБА, низ ба таҳкими мавқеи минтақа дар миқёси ҷаҳон мусоидат мекунад.

ХБ гуфтааст, ки то охири соли 2025 рушди устувори иқтисоди ҷаҳон дар сатҳи 3,3% пешгӯӣ мешавад. 

 

Ҷараёни глобалӣ: Осиё дар ҳоли рушд буда, Аврупо суст мешавад

Дар сатҳи глобалӣ пешгӯиҳо барои кишварҳои рушдкунандаи Осиё мусбат боқӣ мемонанд. Чин ва Ҳиндустон – ду бозингари бузургтарини иқтисодии минтақа ба рушди устувор идома медиҳанд, ки мутаносибан дар сатҳи 4,8% ва 6,5% пешгӯӣ мешавад.

Дар Осиёи Марказӣ дар бароари Қазоқистон дар Тоҷикистон низ сатҳи баланди рушд боқӣ мемонад. Ин тамоюли бештар рушди фаъолона дар минтақаро таъкид месозад. Дар иқтисоди Иттиҳоди Аврупо бошад, аз ҷумла Олмон поинравии назарраси рушд пешгӯӣ мешавад, ки дар муқоиса бо Осиё рушди минтақаро камфаъолтар мегардонад.

Пешгӯии ХБА барои Тоҷикистон дар дурнамои кӯтоҳмулат мусбат боқӣ мемонанд, ки ба сатҳи баланди рушд марбут аст. Аммо барои ин рушди устувор, ба тағйироти сохторӣ дар дохили кишвар, беҳбуди сифати ҳаёт ва гуногунсамт кардани иқтисод таваҷҷуҳ зоҳир намудан лозим аст.

Ба Тоҷикистон на танҳо нигаҳдории суръати баланди рушд, балки ҷорисозии равишҳои бештар фарогир (инклюзивӣ) ва дарозмуҳлат зарур мебошад, то ки ҳарчи бештар имконоти иқтисодӣ самаранок истифода шуда, фарқият бо ҳамсоякишварҳо дар минтақа коҳиш дода шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.