“Аз меъёр зиёд? Ҷавоб деҳ!”. Муҳоҷирон дар Русия боз аз як ҳуқуқи худ маҳрум шуданд

Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки тартиби бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо муҳоҷиронро барои корфармои рус содда ва имкониятҳоро бештар мекунад. Ин қонун дар пойгоҳи расмии иттилооти – ҳуқуқии Русия нашр шудааст.

Тағйирот рӯзи 11-уми ноябр аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ (палатаи поёнии парлумони Русия) қабул ва 12-уми ноябр аз ҷониби Шӯрои Федератсия (балатаи болоии парлумони Русия) тасдиқ шуд.

Ин ташаббусро дар Думаи давлатӣ вакилони ҷиноҳи “Одамони нав” (Новые люди) пешниҳод кардаанд, ки ба эътиқоди онҳо, ин ҳавфи ба додгоҳ кашида шудани корфармо аз сӯйи корманди барканоршударо кам мекунад.

Тибқи тартиби нав, корфармо ҳақ дорад шартномаи меҳнатиро бо муҳоҷир бекор кунад, агар теъдоди муҳоҷирон аз меъёри ҷои кори минтақавӣ зиёд бошад. Ин тағйир ба моддаи 327.6-и Кодекси меҳнати Русия ворид шуд ва аз 1-уми марти соли 2026 эътибор пайдо мекунад.

Ба субъектҳои Русия аз соли 2014 ҳуқуқ дода шудааст, ки ҳар сол барои ҷалби коргарони хориҷӣ меъёр муқаррар кунанд. Корхонаҳо муваззафанд, ки теъдоди муҳоҷиронро кам кунанд, дар акси ҳол онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Барои шахсони ҳуқуқӣ аз 800 ҳазор то 1 миллион рубл ҷарима ва ё ба таври маъмурӣ боздоштани фаъолияташон то ду ҳафта пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, Русия бо қабули қонунҳову муқаррар кардани қоидаҳои зиёд талош дорад фаъолияти муҳоҷиронро дар қаламрави худ танзим кунад. Ин талоши танзими муҳоҷират ва фаъолияти онҳо барои муҳоҷирон мушкилоту монеаҳои зиёдро барои фаъолияти озод пеш овардааст. Аз ҷумла, мақомоти Русия арзиши иҷозаи корро қариб ҳар сол боло мебаранд, фаъолияти муҳоҷиронро дар баъзе соҳаҳо манъ ва ё бо баҳонаи ҷурмҳои кӯчак онҳоро боздошту ихроҷ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафт, вориди шаҳри Тошканд шуд ва дар фурудгоҳи ин шаҳр ӯро Шавкат...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.