Дар Тоҷикистон портали Хидматрасониҳои давлатӣ роҳандозӣ шуд. Он чӣ гуна кор мекунад?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди президенти Тоҷикистон эълон кард, ки портали Хидматрасониҳои давлатӣ дар реҷаи санҷишӣ ба кор оғоз кард.

Таҳиягарон мегӯянд, ҷорисозии портал бояд ба коҳиши муҳлати коркарди дархостҳо, баланд бардоштани шаффофияти расмиёт мусоидат карда, шаҳрвандонро бо дастрасии шабонарӯзӣ ба як қатор хадамоти давлатӣ бидуни ташриф ба корхонаву ташкилот ва муассиса таъмин созад.

Дар эълон гуфта мешавад, шаҳрвандон пас аз тасдиқи шахсият, метавонанд озодона ва бидуни маҳдудият аз хидматрасониҳои портал истифода баранд.

Реҷаи санҷишӣ – қисман ба кор даровардани портал дар шароити воқеӣ мебошад. Он амал мекунад, лекин ҳоло пурра не. Таҳиягар кори онро дар амал пайгирӣ мекунад. Система дар ҷараёни гузаштан аз марҳилаи санҷиши амалӣ қарор дошта, корбурди он давоми сол тадриҷан васеъ мешавад.

Портал бар асоси амри президенти ҶТ “Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ” аз 10-уми июли соли 2025 таҳия шудааст.

Бар асоси санади мазкур, ба хидматрасонҳо супориш дода шудааст, ки то 1-уми декабр нақшаи амал оид ба рақамисозии хидматрасониҳои давлатиро барои ҳар як соли тақвимӣ таҳия карда, ҷиҳати то ҳадди ниҳоӣ беҳтар кардани он ва комилан пешниҳод кардани тариқи портали ягона то соли 2030 тадбирҳо андешанд.

Ҳуҷҷатҳое, ки дар натиҷаи анҷом додани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли коғазӣ гирифта мешаванд, марҳила ба марҳила то соли 2030 ихтисор карда шуда, ҳуҷҷатҳои электроние, ки тариқи портали ягона таҳия мешаванд, бо ҳуҷҷати ҳомили коғазӣ, ки бо имзои дастӣ имзо шудааст, эътибори ҳуқуқии баробар доранд.

Хидматрасонҳо уҳдадор мешаванд, ки бо назардошти гузариш ба низоми рақамии хидматрасониҳои давлатӣ ва хидматрасониҳои минбаъдаи нигоҳдории чунин низомҳо, арзиши аслии хидматрасониҳои давлатиро тибқи тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон бозбинӣ карда, ҷиҳати такмили санадҳои дахлдор чораҳо андешанд.

Портал чӣ гуна кор мекунад?

Акнун хидматрасониҳои давлатӣ ба шакли рақамӣ гузашта, истифода аз онҳо осонтару зудтар ва шаффофтар мешавад.

Портали ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ ҷиҳати анҷоми расмиёти қисмате аз муроҷиатҳо ба сохтори давлатӣ дар шакли электронӣ бидуни шахсан рафтан ба ин корхонаву ташкилот ё муассиса имкон медиҳад. Система бо механизми содда ва фаҳмо сохта шудааст.

Бақайдгирӣ ва ворид шудан ба портал тариқи имзои электронӣ ё почтаи электронӣ сурат мегирад. Ин ба шинохт ё тасдиқи шахсияти корбар ва ҳифзи маълумоти ӯ имкон медиҳад. Тарзҳои иловагии бақайдгирӣ метавонанд дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди платформа ҷорӣ шаванд.

Пас аз воридшавӣ корбар ба номгӯйи хидматрасониҳо дастрасӣ пайдо мекунад. Дар марҳилаи аввал портал ҳудуди 20 хидматрасонии онлайнро пешниҳод карда, самтҳоеро чун нақлиёт, ҳуҷҷат ва маълумотомаҳо, амволи ғайриманқул, тиҷорат, бахши кишоварзӣ ва дигар категорияҳо дар бар мегирад. Давра ба давра зиёд кардани шумори хидматрасониҳои электронӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ариза тариқи электронӣ дода мешавад: корбар шакли онлайниро пур карда, ба он ҳуҷҷатҳои заруриро замима мекунад. Пас аз ирсол система ба таври худкор муроҷиатро ба сохтори дахлдори давлатӣ бозмефиристад.

Барои як қатор хидматрасониҳо гирифтани натиҷа дар шакли электронӣ пешбинӣ шудааст: масалан огоҳинома, маълумотнома ё тасдиқ тариқи ҳуҷраи шахсӣ. Агар тибқи қонун барои хидматрасонӣ нусхаи аслии коғазӣ талаб карда шавад, пас шаҳрванд метавонад онро аз ҳамон сохтор дастрас кунад.

Дар барномаи давлатӣ пурра гузаштан ба шакли бидуни коғаз то соли 2030 пешбинӣ шудааст.

Дар портал имкони пардохти онлайни хидматрасониҳои давлатӣ зикр шудааст. Ин корбурд давра ба давра бо мурури пайваст шудани мақомоти давлатӣ ва ҳамгироӣ бо низомҳои пардохт ҷорӣ хоҳад шуд.

Дарёфти маълумоти иловагӣ тавассути рақамҳои зерин имконазир аст:

Телефон: +992 37 221-02-59

Почтаи электронӣ: [email protected]

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Аз 1-уми апрел дар Русия Telegram масдуд мешавад. Муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон дар тамос бошанд?

Русия назорат аз болои шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар умум, интернетро рӯз аз рӯз пурзӯр мекунад ва ин барои муҳоҷирон, аз ҷумла онҳое, ки аз...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...

Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?

Аз лиҳози вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон, Эрон миёни 20 кишвари аввал мақоми 8-умро касб кард.

Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз

Бо дархости Тоҷикистон ва дигар кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашн...

Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст

Муҳаммадбоқир Зулқадр аз фармондеҳони аршади собиқи Сипоҳи посдорони Эрон...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...