ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 18-уми ноябр барои “шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи сохтмонҳои гуногун” ба ин вилоят рафта, чанд иншоот, аз ҷумла чанд маркази саломатӣ, мактабу кӯдакистон ва корхонаҳои саноатиро ифтитоҳ намуд.
– Имрӯз, соати 17:30 дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов нахустнамоиши “Достони Пирсар” баргузор мешавад. Ин намоиш бо коргардонии Нозим Меликов, ки аз маъруфтарин коргардонҳои кишвар аст, бар пояи Достони “Зол ва Рудоба”-и “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таҳия шудааст.
Қиссаи ба ҳамагон маъруфи Зол, ки дар кӯдакӣ аз падар ҷудо шуда, дар оғӯши Симурғ бузург мешавад, дар таҳияи коргардон бори дигар пеши назари бинанда бо рангҳои тоза ҷило хоҳад дод.
– Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.
– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.
Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1992 – Дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати 12-ум), ки дар Қасри Арбоби Хуҷанд ҷараён мегирифт, Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд. Ба ҷонибдории ӯ 186 вакил овоз доданд.
Соли 2002 – Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Помир Энержӣ” санаде имзо шуд, ки мувофиқи он, ширкат идора ва истифодаи низоми энергетикии ВМКБ-ро ба зимма гирифт.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1942 – Зодрӯзи Фирӯз Баҳор, оҳангсози касбии тоҷик.
Фирӯз Баҳор оҳангсози номии тоҷик ва тавлидгари садҳо асари созиву овозӣ аст. Ӯ аз овони ҷавонӣ роҳи санъати ҳирфаии мусиқиро пеш гирифта, дар ду маркази бузурги мусиқӣ – Институти давлатии мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳои Маскав ва Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафӣ таҳсил кардааст.
Ӯ солҳо дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон дарс дода, муддати зиёде котиби Раёсати Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон буд ва дар рушди мусиқӣ дар синамо нақши назаррас гузошт.
Фирӯз Баҳор созандаи осори зиёди гуногунжанр буда, аз балет, симфония ва кантата то достони симфонӣ, консерт, мусиқӣ барои театр ва филм эҷод кардааст. Асарҳои мондагори ӯ, аз ҷумла балети “Дувалронии нозанин”, симфонияҳои “Бузург” (ба ёди Ибни Сино), “Достон” ва “Мароқанд”, мавқеи ӯро ҳамчун оҳангсози навовар мустаҳкам намудаанд.
Аз соли 1996 Фирӯз Баҳор дар шаҳри Берлин зиндагӣ мекунад ва то имрӯз дар саҳнаҳои Олмон фаъолият дорад. Аз рӯйи осори ӯ даҳҳо консерт дар шаҳрҳои Берлин, Ҳамбург, Бремен, Коттбус ва дигар марказҳои фарҳангии Аврупо баргузор шудаанд.
Ӯ солиёни дароз ба ҳайси раиси Ҷамъияти Олмон – Тоҷикистон фаъолият карда, барои тарғиби мусиқии тоҷикӣ дар хориҷ хизматҳои шоёне анҷом додааст.
Соли 1946 – Мавлуди Қудратуллоҳ Яҳёев, оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Қудратулло Яҳёев яке аз чеҳраҳои шинохта ва таъсиргузори санъати мусиқии тоҷик буда, ҳанӯз дар синни 14-солагӣ нахустин асари худро дар озмуни шаҳрии ҳунармандони ҷавон иҷро кардааст.
Марҳилаи таҳсили касбии ӯ аз Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе оғоз ёфта, баъдан дар Институти давлатии мусиқӣ-педагогии Гнесинҳо таҳсил кардааст. Ӯ дар чандин муассисаҳои бонуфуз – Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ва баъдтар дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба тарбияи кадрҳои мусиқӣ саҳм гузоштааст.
Ҳамчунин Яҳёев сармуҳаррири сарредаксияи мусиқии радио, роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанг буд.
Эҷодиёти симфонии Қудратулло Яҳёев рангоранг ва пурмуҳтаво аст. “Тоҷикистони ман” ва “Зарбҳои кӯҳҳо”, достонҳои симфонии “Суруди ҳофиз” ва “Хотираи Талбак Лолаев” аз намунаҳои барҷастаи эҷоди ӯ ба шумор мераванд.
Барои кӯдакон низ осори зиёд эҷод кардааст, ки китобҳои мусиқии “Кабӯтарак”, “Обаки ширин”, “Булбулакон сароед” ва чанд маҷмӯаи тарбиявӣ дастранҷи ӯ мебошанд.
Соли 1951 – Зодрӯзи Сабоҳат Қосимова, ҳунарпеша ва коргардони саршиноси театри тоҷик.
Сабоҳат Қосимова аз сутунҳои театру кинои тоҷик буд ва баъди марги ҳамсараш Театри Аҳорунро зинда нигаҳ медошт. Ӯ чанд соли охир роҳбари бадеии Театри Аҳорунро ба зимма дошт.
Номбурда солҳо дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ва аз 1990 дар Театри Аҳорун ҳунарпеша буд. Ӯ ҳамчунин дар зиёда аз 100 намоишу спектаклҳои телевизионӣ нақш бозидааст.
Нақшҳои Адиба дар “Интихоби домод”, Ҳабиба дар “Алломаи Адҳам ва дигарон”, Мадлена дар “Тӯдаи риёкорон”, Зулайхо дар “Юсуфи гумгашта…”, Карделия дар “Шоҳ Лир”, Ширинкор дар “Шоҳ Фаридун” аз беҳтарин нақшҳои ҳунарпеш дониста мешаванд.
Сабоҳат Қосимова ҳамсари Фаррухи Қосимов, ҳунарпеша ва коргардони шинохтаи тоҷик мебошад. Хоҳари ӯ Муқаддас Набиева ҳам аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик буд, ки дар ҷавонӣ ба таври мармуз аз олам даргузашт.
Сабоҳат Қосимова 24-уми майи соли 2023 дар синни 71 аз олам чашм баст.
Соли 2001 – Болта Ортиқов, нависандаи тоҷик дар 77-солагӣ даргузашт.
Болта Ортиқов яке аз чеҳраҳои адабиёти кӯдакон дар Тоҷикистон аст. Ӯ пас аз хатми факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Самарқанд муддате дар мактабҳои ноҳияи Кофарниҳон дарс дода, сипас ба фаъолияти журналистӣ рӯ овардааст. Вай дар нашрияҳои “Пионери Тоҷикистон” ва “Маориф ва маданият” кор карда, дар ташаккули матбуоти кӯдакон саҳм гузоштааст.
Эҷодиёти Ортиқов аз ибтидо ба насли наврас бахшида шуда, аз соли 1953 мунтазам ба табъ мерасид. Маҷмӯаҳои ӯ аз “Овози ҷавонон” то “Ҳандалак” ва қиссаҳои маъруфе чун “Таътил”, “Полвон”, “Гули садбарг”, “Бачаҳои Лолазор” ва “Дастони Самарқанд” ба завқи кӯдакон созгор нигошта шудаанд. Солҳои охир дар Самарқанд зиндагӣ карда, то рӯзҳои охири умр ба эҷод машғул буд.
Соли 2008 – Хайрулло Абдуллоев, оҳангсози тоҷик дар синни 78 аз олам чашм баст.
Хайрулло Амонов яке аз оҳангсозони кишвар буда, солҳо дар Театри мусиқӣ-драмавии Кӯлоб, омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, Сарредаксияи барномаҳои мусиқии студияи телевизиони тоҷик ва Вазорати фарҳанг фаъолият бурд ва муддате роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд.
Эҷодиёти ӯ обуранги хоси миллӣ дошта, аз анъанаҳои мусиқии халқии тоҷикӣ ва фолклор баҳра бардоштааст. Ӯ достонҳои вокалӣ-симфонии “Нолаи Таҳмина”, “Ахтари инқилоб” буда, барои намоишномаҳои “Карим Девона”, “Қишлоқи тиллоӣ”, “Рустам ва Суҳроб”, “Дохунда” оҳанг эҷод кардааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии мардон таҷлил мегардад. Он яке аз ҷашнҳои нави ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, ки мақсад аз баргузории он таъкид кардани нақши созандаи мардон дар ҷомеа ва оила мебошад. Ин рӯз барои баррасии мушкилот, солимии равониву ҷисмонӣ ва масъулияти иҷтимоии мардон аҳамияти махсус дорад.
Ин ҷашн бори аввал соли 1999 дар Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго баргузор шуд. Имрӯз Рӯзи байналмилалии мардон дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамасола 19-уми ноябр Рӯзи соҳибкории занон таҷлил мешавад. Ин рӯз мақоми зан дар тиҷорат, фаъолияти соҳибкории онҳо ва ҳифзи ҳуқуқу имкониятҳои баробарро таъкид мекунад.
Ҷашн бори аввал соли 2014 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуда, баъдан Созмони Милали Муттаҳид ин рӯзро дастгирӣ намуд.
19-уми ноябри соли 1819 дар пойтахти Испания – Мадрид яке аз машҳуртарин осорхонаҳои ҷаҳон, Осорхонаи Прадо ба истифода дода шуд. Барои осорхона бинои махсуси муҳташаме сохта шуд, ки имрӯз низ ҳамчун намунаи меъмории давр шинохта мешавад.
Осорхона дорои садҳо шоҳасарҳои рассомӣ буда, имрӯз яке аз рамзҳои фарҳангии Испания ба ҳисоб меравад. Асарҳои он на танҳо дар дохили кишвар, балки дар намоишгоҳҳои кишварҳои гуногун низ ба маъраз гузошта мешаванд. Ин осорхона дар пешбурди фарҳанги ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад.
19-уми ноябр ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии ҳоҷатхона аст. Он соли 2001 дар конфронси байналмилалӣ дар Сингапур таъсис ёфтааст. Сингапур ба таври рамзӣ ҳамчун макони баргузории конфронс интихоб шуд, зеро бо покизагии беҳамтои ҳоҷатхонаҳои худ дар ҷаҳон машҳур аст.
Тибқи омор, 2,5 миллиард нафар дар ҷаҳон ба ҳоҷатхонаҳои стандартӣ ва шароити дурусти санитарӣ дастрасӣ надоранд.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 4+9º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 13+18º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 10+15º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, рӯзона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 18-20º сард, рӯзона -3+2º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6º гарм, рӯзона 18+20º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6º гарм, рӯзона 15+17º гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5º гарм, рӯзона 20+22º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4º хунук, рӯзона 9+11º гарм мешавад.


