Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд

Ван И, вазири корҳои хориҷӣ ва узви бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин дар назар аcт 21-уми ноябр бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ин сафар дар доираи силсиласафари Ван И ба се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сурат мегирад. […]

Нодира Собирзод, махсус барои Asia Plus

Ван И, вазири корҳои хориҷӣ ва узви бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин дар назар аcт 21-уми ноябр бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ин сафар дар доираи силсиласафари Ван И ба се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сурат мегирад. Ба навиштаи ВКХ-и Чин Ван И бо даъвати вазирони корҳои хориҷии се кишвари Осиёи Марказӣ ба минтақа сафар мекунад.

Мао Нин, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин дар дар суҳбат бо хабаргузории давлатии Синхуа гуфтааст, “вазирон оид ба равобити дуҷониба, ҳамчунин масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор хоҳанд кард”.

“Чин муътақид аст, ки ин сафар натиҷаи ҳамоиши дуввуми Чин ва Осиёи Марказӣ буда, тафоҳумҳои муштараки раиси ҷумҳур Си Ҷинпин ва се раиси ҷумҳурро комилан амалӣ хоҳад кард”, – гуфтааст ӯ.

Ӯ таъкид кардааст, ки сафари вазири корҳои хориҷии ин кишвар ҳамкориҳои Чинро бо се кишвар Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” амиқтар хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки ташаббуси ҷаҳонии Чин – “Як камарбанд, як роҳ” аз ҷониби Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин соли 2013 пешниҳод шуда, ҳадафи он ҳамгироии байниминтақавӣ, рушди тиҷорат ва савдо мебошад. Дар доираи ин ташаббус беш аз 150 кишвар ва 30 созмони байналмилалӣ қарордодҳои ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.