Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 ноябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин бо як сафари кории дурӯза ба Тоҷикистон меояд. Ӯ бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин аввалин муколамаи стратегии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чинро доир мекунанд. Ин сафар дар доираи силсиласафари Ван И ба се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сурат мегирад.

– Дар пойтахти кишвар мусобиқаи Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасон идома дорад ва рӯзи 23-уми ноябр ҷамъбаст хоҳад шуд. Дар он 330 варзишгар аз 4 кишвар – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд. Дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро 190 ҷудокор (179 писар ва 11 духтар) муаррифӣ мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили шеъру суруд ба муносибати 75-солагии Нуқраи Суннатниё, шоири шинохтаи тоҷик баргузор мешавад.

– Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.

– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2017 – Дар маҷмааи тиҷоратии “Созидание” зери номи мустақили “Puzzle” аввалин коворкинг дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Он фазои кори омода ва чандир аст, ки соҳибкорони хурду миёна ва созмонҳои навтаъсис метавонанд дар як муҳит кор ва таҷриба мубодила кунанд.

Соли 2018 – Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷиро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ду тан аз муттаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1926 – Мавлуди Камолиддин Аҳмадов, зоотехник-селексионер, доктори илмҳои кишоварзӣ.

Соли 1952 – Мавлуди Наҷмиддин Шоҳинбод, рӯзноманигор ва шоири тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Наҷмиддин Шоҳинбод

Наҷмиддин Шоҳинбод рӯзноманигор, адабиётшинос ва ҳаҷвнигори тоҷик буда, дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил ва дар рӯзномаи “Бадахшони Советӣ” фаъолияташро оғоз намудааст.

Солҳои 1980-1987 ҳамчун тарҷумон дар Созмони ҷавонони Афғонистон фаъолият карда, соли 1989 рӯзномаи “Фарҳанги Бадахшон”-ро таъсис додааст. Ӯ ҳамзамон сармуҳаррири нашриёти “Помир” дар шаҳри Хоруғ буд. Дар солҳои минбаъда мухбири рӯзномаи “Садои мардум” дар вилояти Суғд ва солҳои 2000–2009 муовини сармуҳаррири ҳафтавори “Суғд” буд. Аз соли 2009 сардабири ҳафтавораҳои “Алюмини Тоҷикистон” ва “Башардӯсти Тоҷикистон” мебошад.

Шоҳинбод дар жанрҳои гуногуни журналистӣ ва адабӣ эҷод мекунад, аммо бештар бо ҳаҷву мутояба шуҳрат ёфтааст. “Болҳои заррини Абдувалӣ”, “Зиндадил”, “Зафармандони дашти зафар” аз китобҳои публитсистии ӯ мебошанд. .

Соли 1965 – Зодрӯзи Бозоралӣ Одиназода, вакили Маҷлиси миллии Тоҷикистон, собиқ муовини вазири маориф ва раиси пешини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бозоралӣ Одиназода

Бозоралӣ Одиназода дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва аспирантураи Институти пӯлод ва хӯлаҳои шаҳри Маскав таҳсил карда, фаъолияти худро дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғоз кардааст.

Ӯ дар сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ-таҳсилотӣ таҷрибаи зиёд  дорад. Дар вазифаҳои гуногун – аз намояндаи Кумитаи саноати Тоҷикистон дар Русия то мудири кафедра ва муовини ректор дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 2013 то 2018 ӯ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон буд.

Солҳои 2018-2023 Одиназода раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буд ва аз 28-уми марти соли 2020 узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуд.

Соли 2020 – Сафар Айюбзодаи Маҳзун, шоир ва рӯзноманигори тоҷик дар 64-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сафар Айюбзода

Сафар Айюбзодаи Маҳзун факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи А. Рӯдакии Кӯлобро соли 1977 хатм карда, дар ибтидори фаъолияташ дар мактабҳои миёнаи Кӯлобу Вахш омӯзгорӣ кардааст. Баъдан фаъолияти ӯ бештар ба журналистика пайваст:

Сафар Айюбзода солҳои 1993-1997 дар Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ҳамчун роҳбари бахши адабӣ ва ҳунарпеша фаъолият намудааст. Минбаъд мухбири рӯзномаи “Садои мардум” ва аз соли 2001 сардабири маҷаллаи Вазорати молия – “Молия ва ҳисобдорӣ” буд.

Сафар Айюбзода беш аз ҳама бо ашъори ошиқонааш маъруф аст. Китобҳои ӯ, аз ҷумла “Эй ишқ, наҷотам деҳ”, “Сурайёнома”, “Саду як дарди ишқ”, “Гулбазм”, “Муноҷот”, “Давлати ишқ” ин мавзуъро бозтоб медиҳанд.

Инчунин дар риштаи публисистӣ ва драматургӣ китобҳои “Шарораи шавқ”, “Ранҷи ишқ ширин аст” ва “Дунёи Мирзоватан”-ро навиштааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

21-уми ноябр Рӯзи умумиҷаҳонии телевизион таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 1996 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Ҳадафи он таъкиди нақши афзояндаи телевизион дар таҳким ва ташаккули афкори ҷомеа, инчунин саҳми воситаи ахбори омма дар равандҳои қабули қарорҳои сатҳи байналхалқӣ мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

СММ телевизионро яке аз муҳимтарин таҷҳизоти иттилоотӣ ва сиёсӣ арзёбӣ мекунад, ки тавассути он ҷомеа аз рӯйдодҳои ҷаҳон, масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, низоъҳо ва мушкилоти сулҳу амният огоҳ мегардад.

21-уми ноябр ҳамчунин Рӯзи умумиҷаҳонии салом аст. Он соли 1973, дар авҷи Ҷанги Сард, бо ташаббуси ду бародари амрикоӣ – Майкл ва Брайен Маккомак таъсис ёфт. Онҳо бо ирсоли номаҳои пур аз паёмҳои дӯстона ба кишварҳои мухталиф талош карданд нишон диҳанд, ки дипломатия ва муоширати осоишта метавонад аз мубодилаи табассум ва салом оғоз гардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз ин рӯз дар беш аз 180 кишвар таҷлил мешавад. Ҳадафи ҷашн ташвиқи муколамаи сулҳомез, густариши фарҳанги дӯстона ва бедор намудани ҳисси ҳамбастагии байни инсонҳо мебошад.

21-уми ноябри соли 1916 киштии бузурги “Бриттаник” – ҳамто ва киштии ҳамсабки “Титаник” дар баҳри Эгей бар асари бархӯрдан ба минаи немисҳо ғарқ гардид. “Бриттаник” он замон дар ҷанги ҷаҳонии якум барои интиқол ва наҷоти маҷрӯҳон истифода мешуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Киштӣ дар давоми 55 дақиқа комилан ба баҳр фурӯ рафт. Аз 1066 сарбозу ҳайати киштӣ, 30 нафар ҷони худро аз даст доданд.

21-уми ноябр авалин маротиба инсон бо ҳавопаймои пуфшаванда (балони ҳавоӣ) парвоз кардааст. Пилатр де Розйе ва Маркиз Арландуи фаронсавӣ нахустин бор дар таърихи башарият парвози идорашаванда бо балони ҳавоиро анҷом доданд. Ин рӯйдод оғози давраи нави таҳаввулоти нақлиёти ҳавоӣ ба шумор меравад ва бори аввал исбот кард, ки инсон метавонад аз қувваи ҳаво барои парвоз истифода барад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Парвоз аз Париж оғоз шуда, чанд километр идома ёфт ва барои ҳамзамонҳо воқеаи инқилобӣ ба шумор мерафт. Он роҳро барои ихтирооти минбаъдаи ҳавопаймо, дирижабл ва авиатсияи муосир ҳамвор кард.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 7+12º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 12+17º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 11+16º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18º сард, рӯзона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 20+22º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 20+22º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 10+12º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...