Шумори корхонаҳо бо сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш аст

Дар Ӯзбекистон шумори корхонаҳо бо иштироки сармояи Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст: нимаи соли 2025 шумори онҳо ба 357 адад расидааст. Дар ин бора Агентии миллии омори Ӯзбекистон хабар медиҳад. Бино ба маълумоти манбаъҳои боз, ҷараёни афзоиши корхонаҳо  дар ин кишвар тариқи зайл аст: то 1 январи соли 2024 дар Ӯзбекистон 278 ширкат, то 1 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Ӯзбекистон шумори корхонаҳо бо иштироки сармояи Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст: нимаи соли 2025 шумори онҳо ба 357 адад расидааст. Дар ин бора Агентии миллии омори Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти манбаъҳои боз, ҷараёни афзоиши корхонаҳо  дар ин кишвар тариқи зайл аст: то 1 январи соли 2024 дар Ӯзбекистон 278 ширкат, то 1 марти соли 2025 – 329 ва то моҳи юли соли 2025 – 357 корхона бо сармояи Тоҷикистон амал мекунанд.

Гуфта мешавад, аз ин миқдор 89 ширкат корхонаҳои муштарак буда, 268 адад комилан аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бештар дар соҳаи саноат, энергетика, логистика ва нақлиёт, инчунин бахши кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ назаррас аст.

Дар навбати худ, дар Тоҷикистон беш аз 70 корхона бо иштироки сармояи Ӯзбекистон амал мекунанд, ки манфиати дуҷониба аз сармоягузориҳоро таъкид месозад. Корхонаҳои истеҳсоли ришта (калоба) ва техникаи маишӣ бунёд шудаанд.

Теъдоди умумии корхонаҳо бо сармояи хориҷӣ дар Ӯзбекистон низ зиёд мешавад: моҳи ноябри соли 2025 шумори онҳо 17 ҳазору 595 ададро ташкил медод, ки қариб 2 баробар зиёдтар нисбат ба 5 соли пешина аст.

Дар радабандии кишварҳо аз рӯи ширкатҳои амалкунанда Тоҷикистон мақоми 8-умро касб мекунад.

Ба 7-гонаи кишварҳои хориҷии дорои корхонаҳо бо сармоя дар Ӯзбекистон ин давлатҳо шомиланд: Чин — 4 731, Русия — 3 177, Туркия — 2 090, Қазоқистон — 1 185, Кореяи Ҷанубӣ — 683, Афғонистон — 636 ва Амороти Муттаҳидаи Араб — 396.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.