Мақомоти Русия теъдоди муҳоҷирони ихроҷшударо ошкор кард

Дар ҷараёни амалиёти “Нелегал-2025” аз моҳи июн то октябри соли 2025 дар Русия мақомоти ин кишвар зиёда аз 19 ҳазор шаҳрвандони хориҷиро, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар ҳузур доштанд, ихроҷ кардаанд. Дар ин бора намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк дар шабакаи Telegram-и худ иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра зиёда аз […]

Asia-Plus

Дар ҷараёни амалиёти “Нелегал-2025” аз моҳи июн то октябри соли 2025 дар Русия мақомоти ин кишвар зиёда аз 19 ҳазор шаҳрвандони хориҷиро, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар ҳузур доштанд, ихроҷ кардаанд. Дар ин бора намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк дар шабакаи Telegram-и худ иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра зиёда аз 128 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷират ошкор шудааст. Аз ин миқдор ҳудуди 100 ҳазор ба қоидаҳои вуруд ва хуруҷ, тариқи транзит гузаштан ва будубош, боз 28 ҳазор – ба қонуншиканиҳо дар доираи фаъолияти кории шаҳрвандони хориҷӣ марбутанд.

Дар доираи амалиёт ҳудуди 4,8 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳудуди 1,5 ҳазор парвандаи марбут ба дигар таркибҳои ҷиноят – бо шумули гардиши ғапйриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ, убури ғайриқонунии сарҳад, инчунин ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ оғоз гардидааст.

Намояндаи расмии ВКД Русия гуфтааст, ғайр аз ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 673 нафари мавриди пайгарди федералӣ, 329 нафари мавриди ҷустуҷӯи байнидавлатӣ ва 37 нафари мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарордоштаро ошкор кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки дар фурудгоҳҳои бузурги Русия бори нахуст 12 нуқтаи назорати муҳоҷирон ба кор оғоз кард. Нуқтаҳо дар фурудгоҳҳои Маскав, Санкт-Петербург, Сочи, Қазон, Новосибирск, Красноярск, Екатеринбург ва дигар шаҳрҳои бузург боз шуданд.

Ҳадафи аслии кори ин нуқтаҳо ошкор кардани шаҳрвандони хориҷиест, ки қонунгузории муҳоҷиратро риоя намекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.