Боздошти се “пулиси қалбакӣ” бо гумони тамаъҷӯӣ ва дастдарозӣ ба номуси як духтар

Asia-Plus

Мақомот се ҷавонро бо гумони тамаъҷӯӣ ва дастдарозӣ ба номуси як духтар боздошт ва алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Онҳо худро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо васли таҷҳизоти махсус дар мошини худ, ронандагонро боздошта, аз онҳо маблағ меситониданд.

Дар ин бора барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дода, аз гумонбарон Олим Назаров, Каримӣ Муин Ҳамзазода ва Шаҳром Ятимов ном бурдааст, ки сокинони навоҳии Шоҳмансур ва Фирдавсӣ будаанд.

Ба иттилои манбаъ, Олим Назаров мошини “Toyota Camry”-ро ба иҷора гирифта, таҷҳизоти махсус, аз ҷумла “серена ва мигалка” насб карда, шабона бо ҳамдастонаш дар роҳҳои мошингарди берун аз шаҳр аз ронандагон маблағ меситонидааст.

“Роҳи Ҳисор мерафтем,  ронандагонеро, ки қоидавайронкунӣ мекарданд ё дар ҳолати мастӣ мошин идора мекарданд, боздошта, маблағ меситонидем”, – гуфтааст Карими Муин Ҳамзазода дар навори ВКД.

Ба қавли мақомот, Олим Назаров ба номуси ҷавондухтаре бо таҳдиди ба мақомот дастрас намудан, дастдарозӣ кардааст.

Ба шарҳи манбаъ, гумонбарон духтарро дар сари фармони мошин манъ карда, бо сабаби надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ аз соҳиби мошин, ки дар паҳлӯяш менишастааст, 950 сомонӣ маблағ ситонидаанд.

Дар наворе, ки мақомот сабт кардааст, Олим Назаров нақл мекунад, ки вақте мошинро ба “диагностика” меорад, ронандаро бо мошинаш раҳо карда, духтарро таҷовуз мекунанд.

Маълум нест, ки ин навор таҳти кадом шароит сабт шудааст.

Манбаъ гуфтааст, гумонбарон дар як ҳолати дигар низ аз ронандае 1000 сомонӣ ситонидаанд. Гуфта мешавад, имкон дорад ин гурӯҳ дар дигар ҳолатҳои ҷинояти тамаъкорӣ низ даст дошта бошанд.

Мақомот мегӯяд, нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Аммо мақомот дақиқ нагуфтааст, ки нисбати онҳо бо кадом модда ва бо кадом ҷурм парванда ифтитоҳ кардааст.

Қаблан низ мақомот як мардро, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз сокинон пул мегирифт, боздошт карда буд. Ӯ сокини 31-солаи шаҳри Душанбе буд, ки худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз сокинони маблағ меситонид.

Мақомот нисбати боздоштшуда бо моддаҳои 247 қисми 3 (қаллобӣ) ва 244 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ (дуздӣ) парванда боз карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...