Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар моҳи сентябри соли 2025 дар Тоҷикистон ба 1 ҷойи кори холии пешниҳодшуда 6 корҷӯ рост меомад. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ба як ҷои кор қариб 5 нафар рост меомад. Дар ин бора  маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар медиҳад.

Афзоиши теъдоди корҷӯён дар заминаи коҳиши ҷойҳои корӣ ба вайрон шудани назарраси тавозун дар бозори меҳнат боис мегардад.

То охири моҳи сентябри соли 2025 дар ҷумҳурӣ 88,6 ҳазор корҷӯ ба қайд гирифта шуда буданд, ки 16,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Танҳо дар моҳи сентябр зиёда аз 11 ҳазор шаҳрванд барои мусоидат ба шуғл муроҷиат кардаанд, ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 24,5% афзудааст. Аз ин теъдод 7,6 ҳазор кас бо кор таъмин шудаанд, ки 15,4% зиёдтар нисбат ба соли гузашта мебошад. Қисми зиёди муроҷиаткунандагон занон будаанд.

Сарфи назар аз онҳое, ки бо ҷои кор таъмин шудаанд, пешниҳоди ҷойҳои корӣ кам мешавад. То охири моҳи сентябр корхонаву ташкилотҳо ҳамагӣ 14,6 ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод кардаанд, ки 9,2% камтар нисбат ба соли гузашта аст. Дар муқоиса бо моҳи август низ шумори ҷойҳои кории холӣ ба андозаи 1,5% коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, талабот ба ихтисосҳо нисбатан устувор боқӣ мемонад: корхонаҳо аз 7,5 ҳазор ҷойи корӣ хабар додаанд, ки 51,3%-и ҳамаи ҷойҳои кории холиро ташкил дода, аз нишондиҳандаи соли гузашта зиёд аст.

Коршиносон зикр мекунанд, ки дар кишвар нобаробарии тавозуни сохторӣ боқӣ мемонад: шумори одамоне, ки кор меҷӯянд, дар муқоиса бо талабот ба коргарон тезтар зиёд мешавад. Ин раванди бо кор таъмин карданро душвор сохта, рақобат миёни корҷӯёнро тақвият медиҳад.

 

Таъсиси ҷойҳои корӣ нисбат ба корҷӯён камтар аст

Ҳамзамон, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ҷараён дорад. Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2025 зиёд аз 219 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Дар корхонаву ташкилотҳо 53,4 ҳазор ва бо назардошти ҷойҳои кории иловагӣ ва барқароршуда – 56,7 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Зиёда аз нисфи онҳо ҷойҳои кории доимӣ ва боқимонда – муваққатӣ ё мавсимӣ мебошанд.

Ҷойҳои кори бештар дар соҳаи маорифу сохтмон ва саноати коркард, инчнуин бахши кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал таъсис дода шудаанд. Танҳо дар соҳаи маориф 12,7 ҳазор, сохтмон – зиёда аз 10,8 ҳазор, саноат- қариб 9 ҳазор ва дар бахши кишоварзӣ – беш аш 3,3 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод шудааст.

Дар ин давра шахсони воқеӣ 163 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам овардаанд. Қисмати зиёди онҳо ба ба бахши кишоварзӣ, сохтмон, савдо ва соҳаи хидматрасонӣ рост омадааст. Дар ин раванд ҷойҳои кории мавсимӣ бартарият доранд, ки зиёда аз 110 ҳазорро ташкил медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...