Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. “Рӯзноманигорони бидуни марз” ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад

Asia-Plus

Дар 12 моҳ (1-уми декабри соли 2024 – 1-уми декабри соли 2025) дар ҷаҳон 67 рӯзноманигоре, ки ба иҷрои рисолати касбии худ машғул буданд, кушта шуданд. Тавре аз гузориши "Рӯзноманигорони бидуни марз" (RSF) зикр мешавад, қисмати хеле назарраси ҳалокшудагон қурбониёни ҷанг ё шабакаҳои ҷиноятпеша шудаанд.

Дар гузориши ин созмон, ки рӯзи 9-уми декабр дар робита ба озодии матбуот нашр гардид, гуфта мешавад, ки дар ин давра теъдоди рӯзноманигорони кушташуда дар муқоиса бо соли гузашта қариб тағйир наёфтааст.

Аз 67 рӯзноманигори ҳалокшуда 53 нафар дар муноқишаҳои мусаллаҳона ё дар ҳодисаҳои марбут ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша кушта шудаанд.

Навори Ғазза хатаноктарин минтақа боқӣ монда, дар ин ҷо 29 рӯзноманигор ҳалок шудааст. Дар идома Мексика бо 9 журналисти кушташуда, инчунин Украина, Судон ва Сурия, ки дар ин кишварҳо кори рӯзноманигорӣ бо хатари зиёд марбут аст, қарор доранд.

Бино ба маълумоти гузориш, айни замон дар 62 кишвар 503 рӯзноманигор дар маҳбасанд. Аз ҳама бештар, дар Чин (121), сипас дар Русия (48), Мянма (47), Беларус (33), Ветнам (28) ва Озарбойҷон (25) қарор доранд.

Дар Исроил 20 рӯзноманигори фаластинӣ дар ҳабс қарор доранд.

Ғайр аз ин, 135 корманди ВАО дар саросари дунё бе ному нишоншудагон дониста мешаванд. Бархе тӯли даҳсолаҳо…

Аз ҳама бештар, чунин ҳодисаҳо дар кишварҳои Ховари Миёна ва Амрикои Лотинӣ, бахусус дар Сурия ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ин ҷойҳо даҳҳо рӯзноманигорон дар давраи ҳукмронии Башор Асад бе ному нишон гардиданд.

Аня Остерхаус, мудири иҷроияи шуъбаи олмонии RSF изҳор доштааст, ки “ин теъдоди рӯзноманигорони кушташуда, даҳшат аст” ва оқибати “зӯроварии доимӣ аз ҷониби артишҳо, гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳарбиён ва шабакаҳои ҷиноятпеша” мебошад.

Ӯ таъкид доштааст, ки ҳар як марг ё ҳабси рӯзноманигор, ҳатто барои кишварҳои демократӣ огоҳӣ аст: "Касе, ки ба рӯзноманигорон дармеафтад, ҳамаи моро аз ҳуқуқи гирифтани ахбору маълумот маҳрум месозад".

Номбурда аз ҳукуматҳои ҳамаи кишварҳо даъват кардааст, ки барои ҳимояи кормандони васоити ахбори умум тадбирҳои муассир рӯйи даст гиранд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ дар ду-се соли охир наздик ба даҳ рӯзноманигору фаъоли расонаӣ, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хуршед Фозилов ва Рухшона Ҳакимова  боздошт ва зиндонӣ карда шуданд. Мақомот далели боздошту ҳабси онҳоро ба ифротгароӣ марбут медонанд, аммо худи онҳо ва наздиконашон ҳамаи иттиҳомоти мақомотро рад мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...