Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и пойгоҳҳои заминавии алоқаи мобилӣ пардохти ҳатмӣ ҷорӣ мешавад ва онро бояд ширкатҳои мобилӣ диҳанд. Қарори дахлдорро дар ин хусус ҳукумати ҷумҳурӣ қабул кардааст.

Мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон №476 аз 8-уми сентябри соли 2025 (Меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат ҷиҳати истифодаи захираҳои табиӣ ё захираҳои дигари мавҷуда) ва Замимаи 2 ба он, ҳам барои мавриди истифода қарордошта ва ҳам барои насби пойгоҳҳои заминавӣ, операторон бояд маблағи 40 нишондиҳандаи барои ҳисоб пардохт кунанд.

Маблағи зикршуда бо назардошти 75 сомонӣ будани 1 нишондиҳанда барои ҳисоб 3 ҳазор сомонӣ барои ҳар кадоме аз пойгоҳҳо ва нишондиҳандаи 78 сомонӣ дар соли 2026 – 3 ҳазору 120 сомониро ташкил медиҳад.

Чӣ гуна метавон ба рушд даст ёфт, агар пул ба боҷу андоз сарф шавад?

Операторони мобилӣ аз шарҳи расмии қарори мазкур худдорӣ мекунанд, лекин ба шарти ифшо нашудани ному насаб мегӯянд, ки ин тибқи ин қарор ҳамакнун онҳо маҷбуранд миллионҳо сомонӣ пардохт кунанд, ки ин ба рушди алоқаи мобилӣ таъсир мерасонад.

“Агар оператор аллакай дар шабакаи худ аз 2 ҳазор пойгоҳҳои заминавӣ истифода барад, пас танҳо барои нобудсозии онҳо бояд ҳадди ақалл 6 млн сомонӣ маблағ пардохт кунад. Иловатан, агар ширкат дар давоми сол насби 1 ҳазор пойгоҳҳои нави заминавиро дар нақша дошта бошад пас маблағи мазкур 3 млн сомониро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ маблағи нобудсозӣ барои як ширкат ба 9 млн сомонӣ дар як сол баробар мешавад" , – гуфт як масъули яке аз ширкатҳои мобилии кишвар бо шарти ифшо нашудани номаш.

Ӯ зикр кард, ки барои соҳае, ки ҳар як пойгоҳи заминавӣ хидматрасонии доимӣ, таъмиру навсозӣ ва таъминот бо барқро талаб мекунад, чунин сарборӣ хеле шадид эҳсос мешавад.

 

Ба гуфтаи мутахассис, ин ба вазифаҳои бузургмиқёси ширкатҳои телекоммуникатсионӣ оид ба тавсеъаи минтақаи фарогирии алоқаи мобилӣ дар саросари кишвар, ҷорисозии меъёри 5G ва беҳтар кардани сифати алоқа ва интернети мобилӣ мухолиф аст.

“Ин лоиҳаҳо сармоягузориҳои бузургро тақозо мекунанд: сохтмони пояҳои нав, таъмиру навсозии зерсохтори мавҷуда, хариди таҷҳизот, пардохти маблағи кори мутахассисон. Дар ҳамин ҳол, боло бурдани таърифаҳо (тарифҳо)-ро бар операторон манъ карда, баръакс, поин бурдани онҳоро талаб мекунанд.

Агар таърифаҳо бетағйир боқӣ монанду хароҷот ҳамасола зиёд шавад, бахусус дар қисмати пардохтҳои ҳатмӣ, саволи мантиқӣ ба миён меояд: Чӣ гуна метавон зерсохтори телекоммуникатсионро рушд дод, 5G-ро ҷорӣ кард ва фарогириро васеъ намуд, агар қисмати назарраси даромад ба пардохти боҷу хироҷи ҳатмӣ ва андозҳо сарф шавад”, – савол мегузорад мутахассис.

Сарбории беҳад зиёд

Коршиносони мустақил низ барои шарҳи ошкорои масъалаи мазкур омода набуда, зикр мекунанд, ки пардохти яквақта барои пойгоҳҳои заминавии мавҷуда барои операторони мобилӣ сарбории хеле зиёд мешавад.

“Умедворем, ки ҳадди ақалл пардохти ҳамаи маблағро барои пойгоҳҳои заминавии мавҷудаи оператор талаб намекунанд, вагарна ин сарбории беҳад зиёд мешавад, ки рушди соҳаро бозмедорад. Дар маҷмуъ, навгонӣ метавонад ба суст шудани ҷараёни навсозии шабакаҳо, коҳиши сармоягузорӣ ба технологияҳои нав, маҳдуд шудани рушд дар минтақаҳои дурдаст, ки дар онҳо насби пойгоҳи заминавӣ аз лиҳози иқтисоди зиёновар ва барои сифати хидматрасонӣ хавфҳо вуҷуд доранд, оварда расонад”, – мегӯяд коршинос.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки вазифаҳои давлатӣ дар самти рақамисозӣ ва беҳтар намудани сифати алоқа стратегӣ ва аз лиҳози иҷтимоӣ муҳиманд, лекин барои амалисозии муваффақонаи онҳо, бояд сарбории воқеӣ ба операторони алоқа ба назар гирифта шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...