Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд

Asia-Plus

Хусравхон Раҳимов, муштзани 23-солаи тоҷик аввалин медали нуқра аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар таърихи муштзании Тоҷикистонро ба даст овард. Ӯ дар вазни 57 кг баромад карда, то расидан ба даври ниҳоӣ 4 рақибашро шикаст дод ва аввалин намояндаи Тоҷикистон дар таърих шуд, ки ба финали ин мусобиқа роҳ ёфт.

Аммо дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки даро рӯзи охири мусобиқа, 13 -уми декабр баргузор шуд, Хусравхон Раҳимов бо қарори доварон (0:5) аз Оразбек Асилқулови қазоқистонӣ мағлуб гашт ва медали нуқра ба даст овард.

Ин варзишгари тоҷик, ҳамчунин, 150 ҳазор доллар ба даст овард, ки 50%-и онро худи ӯ гирифта, 25%-и пул ба мураббияш ва 25%-и дигар ба Федератсияи муштзании кишвар тақдим мегардад.

Ҳамчунин, дар ин мусобиқот, ки аз 2 то 13-уми декабр дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, Акмал Убайдов, як муштзани тоҷик дигари тоҷик медали биринҷӣ ба даст овард.

Ӯ дар вазни 60 кг аввалин медали Тоҷикистонро дар ин мусобиқот пас аз шикасти 4 ҳарифи худ ба даст овард. Аммо ӯ дар марҳилаи баъдӣ аз Всеволод Шумкови рус шикаст хӯрда ба финал роҳ наёфт ва соҳиби мақоми сеюму нишони биринҷӣ шуд.

Ҳамин тариқ, аз 13 варзишгаре, ки имсол Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии муштзании ҷаҳон намояндагӣ мекарданд, ду тан- Хусравхон Раҳимов бо медали нуқра ва  Акмал Убайдов бо нишони биринҷӣ бармегарданд. Намояндагони дигари Тоҷикистон дар давраҳои мухталиф аз ҳарифони худ шикаст хӯрданд ва соҳиби медал нагаштанд.

Қаблан дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон аз Тоҷикистон Абдусалом Ҳасанов (вазни то 57 кг) соли 2003 дар Тайланд, Шералӣ Достиев (то 48 кг) соли 2005 дар Чин, Анвар Юнусов (56 кг) соли 2011 дар Озарбойҷон, Мавзуна Чориева (60 кг) соли 2012 дар Чин ва Баҳодур Усмонов (63,5 кг) соли 2023 дар Ӯзбекистон  барандагони медалҳои биринҷӣ шуда буданд.

Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд. Аммо маблағи ҳар як ҷоизадор се тақсим мешавад: 50%-и пул ба варзишгар, 25% ба мураббии ӯ ва 25% ба Федератсияи муштзании кишвараш тақдим мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...