Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар 10 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 302,9 млн доллар чӯбу тахта ворид карда шудааст, ки 11,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (272,2 млн доллар) аст. Ҳамин тариқ, воридоти масолеҳи чӯбу тахта ва маснуоти аз он ба маблағи 30,7 млн доллар зиёд шудааст. Дар ин бора Хадамоти гумруки Тоикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, Русия бузургтарин содиркунандаи масолеҳи чӯбу тахта ба Тоҷикистон боқӣ мемонад, ки тақрибан 60–65% ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳад. Қазоқистон ва Беларус низ аз ин навъи масолеҳ содир мекунанд, аммо ҳиссаи онҳо хеле камтар аст.

Ба иттилои Идораи нозироти ҷангали Русия, Тоҷикистон воридкунандаи асосии масолеҳи чӯбу тахта аз Хакасия боқӣ мемонад. 

Ба иттилои ин ниҳод, дар 11 моҳи соли 2025 аз Хакасия ба Тоҷикистон зиёда аз 22,2 ҳазор метри мукааб масолеҳи чӯбу тахтаи сӯзанбарг ворид карда шудааст, ки 92,24% аз ҳаҷми умумии чӯбу тахтаи содиргардида аз ин ҷумҳурии Русияро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда 2,39% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (23,5 ҳазор метри мукааб) мебошад.

Ҳиссаи асосии масолеҳи воридшуда чӯбу тахтаи аррашуда (23,3 ҳазор метри мукааб) мебошад, ки талаботи баланд ба ин маводро дар Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Идораи нозироти ҷангали Русия гуфтааст, ки ҳамаи ҳаҷми чӯбу тахтаи барои Тоҷикистон пешбинигардида аз ташхиси фитосанитарӣ гузашта, ба талаботи карантини кишварҳои воридкунанда ҷавобгӯ мебошад.

Мувофиқи пешгӯиҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар солҳои 2026-2028 афзоиши ҳаҷми воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон идома меёбад.

Соли 2026 ҳаҷми афзоиш ба андозаи 11,3% нисбат ба соли 2025 дар назар аст, ки маблағаш ба 302,9 млн доллар баробар аст. Дар соли 2027 ин нишондиҳанда метавонад боз ба андозаи 3,6% афзуда, ба 499 млн доллар расад. Дар соли 2028 афзоиш дар сатҳи 7,2% идома ёфта, ҳаҷми воридоти чӯбу тахта ҳудуди 507 млн долларро ташкил хоҳад дод.

Ин пешгӯӣ ба рушди сохтмон ва афзоиши рӯзафзуни талабот ба масолеҳи чӯбу тахта вобаста аст. Ҳамчунин, талабот ба масолеҳи сохтмон, талабот ба чӯбу тахтаи хушсифат ва маснуот аз онро зиёд месозад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...