Даргузашти Хайриддин Абдураҳимов, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон. Ӯ кӣ буд?

Asia-Plus

Хайриддин Абдураҳимов, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ва яке аз мансабдорони пешини калидии ҳукумат, имрӯз, 18-уми декабр, дар 69-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора як манбаъ ба “Азия-Плюс” хабар дод/.

Ба гуфти манбаъ, ҷанозаи марҳум имрӯз баъди намози аср дар маҳаллаи Сари чашмаи шаҳри Бохтар баргузор мешавад.

Хайриддин Абдураҳимов соли 1999 вазири амнияти Тоҷикистон таъйин гардид ва то соли 2006 дар ин вазифа буд. Соли 2006, пас аз тағйири сохтор, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ шуд ва соли 2008 рутбаи олии генерал-полковникро гирифт.

Тавре Радиои Озодӣ менависад, давраи раҳбари КДАМ будани ӯ, ин ниҳод чанде аз фармондеҳони ҷангҳои дохилӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла Раҳмон Сангинов, Мансур Муаккалов, Ғаффор Мизоев, Ёқуб Салимов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ё кушта ва ё ба зиндон кашонида шуданд.

“Амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳи Сӯҳроб Лангариев дар Кӯлоб ва тарафдорони Мирзо Зиёеву худи ӯ дар шарқи Тоҷикистон низ замоне иттифоқ афтод, ки ҷаноби Абдураҳимов раёсати Кумитаи амниятро бар дӯш дошт. Ҳарчанд ниҳодҳои умури дохилӣ масъули ин амалиёт дониста мешаванд, онҳо ғолибан иҷрокунандаи тарҳҳое буданд, ки Кумита омода кардааст”, – менависад ин расона.

Дар ин давра, КДАМ масъулияти амнияти дохилӣ, сарҳадҳо, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои муташаккилро ба зимма дошт. Ӯ дар пайи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе дар моҳи августи соли 2010, 2-юми сентябри ҳамон сол аз мақомаш барканор шуд.

Ӯ аз камтарин мансабдорони баландпоя буд, ки баъди аз вазифа ронда шудан, боз дубора ба курсии роҳбарӣ таъйин шуд. Он замон таҳлилгарон ва шахсони огоҳ аз вазъ гуфта буданд, ки дар пайи фирори маҳбусон як комиссияи вижа фаъолияти Абдураҳимовро таҳлил карда, дар кори ӯ камбудӣ пайдо накард ва ин боис шуд, ки ӯ дубора барои кор дар ҳукумат ҷалб шавад.

Ду сол баъд аз қазияи фирори маҳбусону ронда шуданаш аз мақоми роҳбарии КДАМ, номбурда раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар таъйин гардид ва то соли 2016 дар ин мансаб кор кард.

Баъдан, дар моҳи феврали соли 2016 сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъин шуд ва ноябри соли 2020 аз ҳамин вазифа ба нафақа баромад.

Хайриддин Абдураҳимов 29-уми августи соли 1956 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст ва хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (1981) ва Мактаби олии КГБ-и ИҶШС аст.

Аз соли 1982 дар мақомоти амнияти ИҶШС ва баъдан Тоҷикистон хидмат карда, то вазифаҳои гуногун, аз ҷумла раиси КДАМ баромад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.