Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Asia-Plus

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард, 10 шабонарӯз ҳабс шудааст. Дар ин бора додгоҳи вилояти Фарғона хабар додааст. Муштариёни ӯ аз Тоҷикистон ҳам буданд.

Ин табиби 54-сола дар Ӯзбекистон барои бе иҷозатнома ба фаъолияти тиббӣ машғул гардидан ба ҳабс гирифта шудааст. Ӯ рӯзи 17-уми декабр бозошт ва ба ҳабс гирифта шуд.

Баҳси дуохониаву "ҷинбарорӣ" ва ё ба истилоҳи дигар ба “табобати халқӣ” машғул шудани ин табиб ҳанӯз аз соли гузашта пурбаҳс гардида буд. Дар наворҳое, ки худаш аз раванди "табобат" нашр кардааст, дида мешавад, ки муштариёни ӯ аксаран занҳо буда, Иқбол Солиев аксран онҳоро бо ламс ва молиш ба гуфтаи худаш "табобат" мекунад.

Аз ҷумла, дар як навор, ки зоҳиран муштариёнаш аз Тоҷикистонанд, дида мешавад, ки ӯ аз зан нахуст дардашро мепурсад ва баъд бо роҳи ламс кардан  аз ӯ мепурсад, ки “худро сабук ҳис мекунад ё не”. Зан посух медиҳад, ки “сабук ва нағз шудааст”.

Дар наворҳои дигаре низ мушоҳида мешавад, ки сокинони кишвар ба назди ин “табиб” мераванд ва ӯ тариқи ламс онҳо “даво” мебахшад. Муштариёни ӯ бошад, худро сокини шаҳри Душанбеи Тоҷикистон мегӯяд.

Дар ин маводи “Азия-Плюс” дар бораи истифода аз хадамоти фолбинҳои кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Иқбол Солиев аз сӯи сокинони кишвар дар пайи шадид шудани муҷозот дар дохили кишвар маълумоти бештар гиред:  Баъди шадид шудани муҷозот, сокинони кишвар ба хидмати фолбину ҷодугарони ҳамсоякишварҳо рӯ овардаанд.

Таваҷҷуҳ ба "фолбин"-у "ҷодугар"-ҳои кишварҳои ҳамсоя замоне бештар шуд, ки дар Тоҷикистон “шикор”-и онҳо оғоз гардид ва ҳамин тариқ, на танҳо худи фолбинҳо, ҳамчунин онҳое, ки ба назди сеҳрдонҳо мерафтанд, муҷозот таъин гардид.

Ахиран, Маҷлиси миллӣ, палати болоии парлумон тарҳи ин қонунро қабул кард, ки минбаъд нисбати онҳое, ки ба назди фолбину ҷодугар рафта, аз хидмати онҳо истифода мекунанд, аз 3750 то 4500 сомонӣ татбиқ мешавад. Ҳамакнун баъди имзои раисҷумҳур ва нашр дар расонаҳо ба ҳукми амал медарояд.

Бояд гуфт, як сол охир мақомоти Тоҷикистон мубориза бо фолбину ҷодугарро пурзур кардаанд. Танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ  мақомот беш аз 495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро ошкор кардаанд.

Соли гузашта ҷазо барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ сахттар шуд. Парлумони кишвар ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид кард ва андозаи ҷарима аз 80 то 100 нишондиҳанда ва ҳабси маъмурӣ аз 10 то 15 шабонарӯз таъин гардид. Пештар ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳандаро ташкил мекард.

Ҳамчунин, бар асоси тағйироте, ки ба моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ворид гардид, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ (агар чунин кирдор давоми сол баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад) аз 1,500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз як то ду соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.