“Ба Шумо кӣ ҳақ дод, ки ҳуқуқҳои маро поймол кунед? Ман шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравиам ва ҳақ дорам ба дилхоҳ қуллаи кишварҳои шӯравӣ бароям”. Ин эътирози Маҳмурод Ашӯров, нахустин куҳнавард – фотеҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ (Коммунизми пешин) аз Тоҷикистон ба роҳбари Федератсияи кӯҳнавардони Иттиҳоди шӯравӣ буд, ки кӯҳнавардиро барояш маҳдуд кард.
Маҳмурод Ашӯров писари ягонаи Қиммат Ашӯрова, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ аст, ки сарфи назар аз мухолифати модараш, дили ӯро ёфтаву ба кӯҳнавардӣ машғул шудааст. Ӯ аввалин тоҷик аст, ки соли 1971 қуллаи Исмоили Сомониро фатҳ кардааст. Аммо касби аслии ӯ табибӣ ва имдодрасонӣ аст. Чӣ гуна як табиб ва имдодрасон кӯҳнавард шуд ва баландтарин қуллаи кишварашро фатҳ кард?
Дар рӯзи кӯнавардӣ, ки ҳар сол 16-уми декабр таҷлил мешавад, “Азия-Плюс” бо Маҳмурод Ашӯров суҳбат кард ва аз саргузашташ пурсид.
Фатҳи қулла
“Соли 1971 Академияи илмҳои Тоҷикистон бори аввал дар пойгоҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ озмоишгоҳи биологӣ таъсис дод. Барои интиқол ва ҷобаҷокунии таҷҳизот ба кӯҳнавардони ботаҷриба ниёз пайдо шуд. Се духтур – кӯҳнавард – Белкин, Машков ва маро ҷалб карданд”, – гуфт Ашӯров.
Гурӯҳи кӯҳнавардон, ки Ашӯров ҳам шомили он буд, таҷҳизотро дар баландии 4 ҳазор метр ва баъдан 6 ҳазор метр, дар пойгоҳ гузоштанд. То расидан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки 7495 метр аст, қариб 3,5 ҳазор метр монда буд. Ва онҳо аҳд карданд, ки имконро аз даст надиҳанд ва барои фатҳи ин қулла раванд. Баъди душвориҳои зиёд, ниҳоят онро фатҳ карданд.
Ашӯров мегӯяд, кӯҳнавардон одате доранд, ки баъди фатҳи қуллае дар он аз худ нишона мегузоранд.
“Ман ба қулла баромадам. Гуруснагиро чунон ҳис мекунам, ки ҳоло чизе ба хотирам намеояд”, – ин ҷумлае буд, ки Ашӯров бо қалам дар коғазе навиштаву дар зарфе гузоштааст. Ва барои исботи фатҳи қулла кардани худ, чанд нишонии гузоштаи кӯҳнавардони дигарро бо худ овардааст.
Ашӯров мегӯяд, баъдҳо аз устодаш фаҳмидааст, ки ӯ аввалин тоҷики фотеҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ будааст.
“Вақте Владимир Шатаев, муовини раиси Федератсияи кӯҳнавардони Иттиҳоди Шӯравӣ, фаҳмид, ки ман – кӯҳнаварди дараҷаи 3 ба қуллаи мушкилбаро баромадам, барошуфт ва шаҳодатномаи ба ин қулла баромадани маро бекор кард. Ба ман барои фатҳи қуллаҳои бештар аз 6 ҳазор метр маҳдудият гузошт”, – ба ёд меорад Ашӯров.
Бозии тақдир
Соли 1972 экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардон барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ташкил шуд ва дар ҳайати он Шатаев ҳам буд. Ӯ ва се ҳамроҳаш дар баландии 6 ҳазору 200 метр ба садама дучор шуданд.
“Ва бозии тақдирро бинед, ки ман бо устодам Машков ба наҷоти онҳо рафтем. Агар даҳ дақиқа дер мерафтем, Шатаев аз сармо ҷон медод. Тавонистем онҳоро наҷот диҳем”, – мегӯяд Ашӯров.
Баъди ин Шатаев аз Ашӯров узр мепурсад ва шаҳодатномаи фатҳи қуллаи Исмоили Сомонии ӯро бармегардонад.
Ҷасорат ва муҳаббат – асоси кӯҳнавардист
Ашӯров мегӯяд, кӯҳнавардон барои фатҳи қуллаҳо рӯҳан ва ҷисман обутоб меёбанд, зеро кӯҳнавардӣ басо пурмашаққат аст.
“Барои кӯҳнавард ҷасорат ва муҳаббат муҳим аст. Мешавад, ки то фатҳи қулла чизе ба чашм наметобад, аз гуруснагӣ дар пой қувва намемонад, аммо барои расидан ба мақсад бояд нерӯ пайдо кард”, – мегӯяд ӯ.
Ӯ аз фатҳи қуллаи “Озодӣ” дар соли 1974 ёд оварда, таъкид мекунад, ки вақте дар он ҷо буд, бори нахуст заминҷунбиро эҳсос кард ва дид, ки чӣ гуна дар баландии беш аз 7 ҳазор метр “замин мисли гаҳвора меҷунбид”.
“Мактаби кӯҳнавардӣ надорем”
Ба гуфтаи Маҳмурод Ашӯров, ӯ соли 1999 дар экспедитсияи ивази номи қуллаи “Коммунизм” ба “Исмоили Сомонӣ” иштирок карда, узви гурӯҳеро, ки бемор шуда буд, табобат кард ва аз баландии 6 ҳазор метр поён овард. Барои ин кор ӯ бо медали “Шафқат” қадрдонӣ шуд.
Маҳмурод Ашӯров то соли 2017, яъне то 70-солагӣ кӯҳнавардӣ кард. Ӯ дар 51 соли кӯҳнавардӣ зиёда аз сад маротиба қуллаҳои гуногунро фатҳ кард.
“Ҳоло низ хоҳиши зиёд дорам, ки кӯҳнавардӣ кунам. Агар имкон даст медод, мехостам қуллаи “Ғалаба” дар Қирғизистонро фатҳ кунам”, – мегӯяд ӯ.
Аммо ӯ таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон “кӯҳнавардӣ рушд наёфтаст”. Адами мактаби махсуси кӯҳнавардиро садди аслии рушд накардани кӯҳнавардӣ дар кишвар медонад. Ва аз бетаваҷҷуҳии мақомоти дахлдор ба рушди кӯҳнавардӣ нигарон аст.
“Назирбибӣ, ту куҷоӣ?”
Маҳмурод Ашӯров то ҳол духтареро ҷустуҷӯ мекунад, ки зимистони соли 1969 дар минтақаи Сағирдашт ҳангоми садамаи тайёраи АН-2 наҷот дода буд. Тайёра аз Тавилдара ба Бадахшон парвоз дошт.
“Мо чанд нафар барои ёфтани тайёрае, ки ҳатто бо чархбол пайдо карда натавонистанд, вазифадор шудем. Тайёраро ёфтем. Аз тарафи дари он садое омад: “амак, амак”. Дарҳол дохили тайёра даромадаму духтараки 7-соларо бо камзӯлчаи кабудаш зинда пайдо кардам. Ба болопӯшам печонидам. Пурсидам, ки номат чӣ аст, гуфт, “Назирбибӣ”, – мегӯяд кӯҳнавард.
Ба гуфтаи Ашӯров, баъди ин ҳодиса дигар он духтаракро надид. Ҳар нафаре, ки аз сӯйи Бадахшон меояд, ӯ аз Назирбибӣ пурсуҷӯ мекунад. Нафаре гуфтааст, ки ин духтар сокини Дарвоз аст ва ҳоло соҳиби чанд набера мебошад.
“Бисёр мехостам боре ӯро бинам. Мехостам донам, ки чӣ зиндагие дорад, аз чиҳо меандешад ва то куҷо хушбахт аст. Агар ки ӯ хушбахту розӣ аз зиндагӣ аст, ман хушҳол хоҳам буд”, – мегӯяд Ашӯров.


