Ба модари Қобилҷон хона доданд. Пайвандонаш гуфтанд, барои ҷамъоварии кумак суратҳисобе амал намекунад

Ба Нилуфар Сафоева (қаблан насаби ӯ Алиева зикр шуда буд), модари Қобилҷон Алиев, навраси даҳсолаи тоҷик, ки дар мактабе дар канораи Маскав аз сӯйи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия кушта шуд, аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон хона тақдим шудааст. Дар ин бора яке аз пайвандони Қобилҷон Алиев ба хабарнигорони “Азия-Плюс”, ки имрӯз ба хонаи навраси […]

Нозанини Исматшоҳ, Идибеки Саид, Asia-Plus

Ба Нилуфар Сафоева (қаблан насаби ӯ Алиева зикр шуда буд), модари Қобилҷон Алиев, навраси даҳсолаи тоҷик, ки дар мактабе дар канораи Маскав аз сӯйи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия кушта шуд, аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон хона тақдим шудааст.

Дар ин бора яке аз пайвандони Қобилҷон Алиев ба хабарнигорони “Азия-Плюс”, ки имрӯз ба хонаи навраси кушташуда рафта буданд, хабар дод. Аммо ӯ аз ироаи ҷузъиёти тақдими хона худдорӣ кард. Ба “Азия-Плюс” ин хабарро манобеи дигар тасдиқ ё рад накарданд.

Шерзод Ализода, яке аз пайвандони Қобилҷон Алиев гуфт, ки “хонаро аз номи ҳукумати кишвар тақдим карданд”, аммо бештар аз он иттилоъ надод ва нагуфт, ки он аз номи кӣ дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки субҳи имрӯз чанде аз мақомдорони сатҳи болои кишвар ба назди хонаводаи Қобилҷон Алиев рафта, ҳамдардӣ баён кардаанд. Аммо ӯ ҳам дақиқ нагуфт, ки мушаххас кадоме аз мақомдорон рафтааст.

Талоши мо барои дақиқ кардани он ки хонаро ҳукумати кишвар ё шаҳрдории пойтахт додааст, бенатиҷа анҷомид.

Ҳамчунин, Шерзод Ализода гуфт, ки “ба ҷамъоварии маблағ ниёз надоранд ва ҳоло ҳеҷ суратҳисобе барои ҷамъоварии маблағ аз номи онҳо боз нашудааст”.

“Аз ҳамаи онҳое, ки кумак карданд ва мехоҳанд кумак кунанд, сипосгузорем. Дар баробари ин, мехоҳем ҷомеа огоҳ бошад, ки ҳоло ба кумак ниёз надорем ва суратҳисоби бонкие, ки ба номи модари Қобилҷон боз шуда буд, баста аст. Аз ин лиҳоз, хоҳиш мекунем ба ҳеҷ суратҳисоби бонкӣ пул нафиристанд”, – гуфтанд пайвандони Қобилҷон Алиев.

Бояд гуфт, ки пайвандони Қобилҷон Алиев сахт мотамзада буданд ва аз суҳбати бештар бо хабарнигорон худдорӣ карданд.

Хонае, ки пайкари Қобилҷонро аз он берун оварда, ба хок супориданд, кушода ва то ҳол серодам аст. На танҳо аз ноҳияи Шаҳринав, балки аз манотиқи дигари кишвар ҳам сокинон барои ибрози ҳамдардӣ меомаданд.

Ёдовар мешавем, ки Қобилҷон Алиев 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав бар пояи “нафрати миллӣ” кушта шуд. Ҷасади ӯ рӯзи 18-уми декабр ба Тоҷикистон оварда шуда, ҳамон рӯз дар зодгоҳаш деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав ба хок супорида шуд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин куштор як шаҳрванди 15-сола ва шаҳрванди Русияро боздошт карда, нисбат ба ӯ бо иттиҳоми куштор ва сӯиқасд ба куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парванда боз карда, бо қарори додгоҳ, барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Мақомоти Тоҷикистон ин кушторро маҳкум карда, ба мақомоти Русия “нота” ва барои таҳқиқи беғаразонаву саривақтии ҷиноят дархосту мактуб ирсол карданд.

Ин бори аввал нест, ки як кӯдаки тоҷик дар Русия бар пояи бадбинии нажодӣ ва аз сӯйи миллатгароён кушта мешавад. Дар 22 соли ахир ҳадди ақал 6 куштори бераҳмонаи кӯдакони тоҷик дар Русия расонаӣ шуданд.

Коршиноси бахши муҳоҷират мегӯяд, ки ин кушторҳои бераҳмона аз сӯйи миллатгароёну тундгароён натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.